Имрӯз дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба ифтитоҳи фаъолияти «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»-и назди рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» чорабинӣ баргузор гардид.
Дар он сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров, муҳаррири калони телерадиоканали вилоят Шерзод Юлдошев, рӯзноманигори варзида Тошқул Азимзода ва шунавандагони мактаби мазкур ширкат варзиданд.
Нахуст Б. Раҳмонов шунавандагони мактабро табрик гуфта, ба онҳо муваффақият орзу намуд.
Зикр гардид, ки мактаб барои ҷавонони ба соҳаи журналистика шавқу рағбат дошта имконияти хуби донишомӯзӣ ва таҷрибаандӯзӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ мебошад.
— Журналист бояд ҳамчун оина бошад ва камбудиҳову муаммоҳои ҷомеаро нишон дода тавонад, — таъкид кард Б. Раҳмонов. — Дар замоне, ки шабакаҳои интернетӣ босуръат рушд мекунанд ва ахбор дар як лаҳза паҳн мешавад, масъулияти журналист боз ҳам бештар мегардад. Касе, ки метарсад, бигзор ба ин соҳа ворид нашавад, аммо вақте ба он ворид шуд, бояд натарсад!
— Кушода шудани мактаби маҳорат барои иштирокдорони он оғози як роҳи нав, роҳи омӯзиш, ҷустуҷӯ ва такмили маҳорат мебошад, — таъкид кард А. Ҳайдаров дар идома. — Ин имконият ба ҷавонон ёрӣ мерасонад, ки дониши худро бештар карда, бо таҷрибаи устодон шинос шаванд ва барои ояндаи касбии худ қадамҳои устувор гузоранд. Зеро, журналистика танҳо навиштани хабару мақола нест. Журналистика масъулият дар назди ҷомеа, ҷустуҷӯи ҳақиқат ва ҳимояи адолат аст.
Дар идома Тошқул Азимзода, ки солҳои зиёд дар соҳаи журналистика фаъолият намудааст, аз таҷрибаи ғании касбии худ ба ҷавонон маслиҳатҳо дод ва таъкид кард, ки журналист бояд ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад. Зеро ҷаҳонбинии васеъ ба журналист имкон медиҳад, ки дар вазъиятҳои гуногун роҳи дурустро пайдо карда, тавонад. Сипас, роҷеъ ба сиру асрор, машаққату душвориҳо ва шарафу ифтихори касби рӯзноманигорӣ суханронӣ намуд.
— Дарси аввали мактаби журналистони ҷавони назди таҳририяти «Овози Самарқанд» барои ман бо таассуротҳои бой гузашт, — гуфт шунавандаи мактаб Фарзона Тӯрақулова. — Хусусан, дидор ва мулоқот бо устодони бузурги соҳаи журналистика барои ман хотирмон шуд. Онҳо се ҷиҳати асоситарини соҳаи журналистикаро, ки аз ҳақиқатҷӯӣ, эҷодкорӣ ва ҷасорат иборатанд, шарҳ додаанд ва аҳамияти омӯхтани забони адабиро алоҳида таъкид карданд. Мо ба хулосае омадем, ки журналист бояд дониши хуб, нутқи равон ва масъулияти баланд дошта бошад.
Гулзода ЁДГОРОВА, шунавандаи «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»
