Ovozi.uz

Меҳнати дӯзандагӣ ва боварии мардум

Имрӯз рӯзи байналмилалии занони деҳот

Соати чори субҳ. Аксари сокинони деҳаи Сазағани ноҳияи Нуробод ҳоло бедор нашудаанд, аммо рӯзи Моҳира Бобомуродова аллакай оғоз шудааст. Ӯ дасту рӯ шуста, ба молхона меравад. Говҳоро медӯшад, ҷойи чорворо тоза мекунад ва ба ҳайвонҳо ему хошок медиҳад. Барои хӯроки нисфирӯзии онҳо алаф медаравад. Сипас, наҳории фарзандонашро омода карда, шири дӯшидаашро меҷӯшонад ва ҷурғот мехобонад.
Моҳира фарзандонашро ба мактабу кӯдакистон гусел карда, корҳои дигари рӯзгорро низ анҷом медиҳад. Бо вуҷуди ин ҳама, барои дӯзандагӣ низ вақт меёбад.

Орзуе, ки дигар шуд
М. Бобомуродова соли 1983 дар деҳаи Сазағани ноҳияи Нуробод ба дунё омадааст. Орзу дошт пас аз хатми мактаб мисли модаркалонаш соҳиби маълумоти олӣ гардад ва ба кӯдакони деҳа дарс диҳад. Аммо вазъи оилавӣ имкон надод, ки ба шаҳр равад. Наздиконаш ба ӯ маслиҳат доданд, ки дӯзандагиро омӯзад. Аммо Моҳира ба ин ҳунар шавқ надошт. Дар деҳа низ имкони омӯзиши он набуд. Аз ин сабаб, Моҳира ҳамроҳи бародараш ба шаҳри Самарқанд рафта, назди дӯзандаи ҳунарманд Тамараойтӣ шогирд шуд.
Рӯзҳои аввал осон набуданд. Зеро, ба ӯ кор бо сӯзану ришта он қадар ҳам хуш намеомад. Бо вуҷуди ин, ӯ асрори дӯзандагиро омӯхт, буридани матоъ, дӯхтани чок ва омода кардани либосро аз худ кард. Аввалин куртае, ки дӯхт, ҳамагӣ 800 сӯм арзиш дошт.
Шояд он вақт ин маблағ ночиз менамуд, аммо имрӯз ҳамон курта барои Моҳира рамзи оғози роҳи касбиаш аст. Роҳе, ки аз як қадами хурд оғоз шуда, бо омӯзишу таҷриба ба фаъолияти мустақилона расид.
Зиндагӣ баъзан орзуҳоро ба шакли дигар амалӣ мекардааст. Моҳира муаллима нашуд, аммо баъдтар худаш ба духтарони ҷавон дӯзандагӣ омӯзонд. Донишу таҷрибаеро, ки бо заҳмат ба даст овард, танҳо барои худ нигоҳ надошт.

Дастгирии ҳамсар ва оғози фаъолияти мустақилона
Ӯ пас аз чанд соли омӯзиш бо ҳамдеҳааш Зафар Турсунмуродов оила барпо кард. Солҳои аввали зиндагии оилавӣ бо корҳои рӯзгор ва нигоҳубини хушдоману падаршӯ мегузаштанд. Бо вуҷуди ин, хоҳиши такмил додани ҳунараш ӯро тарк кард.
Ӯ ба ҳамсараш гуфт, ки мехоҳад дӯзандагиро боз ҳам беҳтар омӯзад ва дар деҳаи худ ба ин кор машғул шавад. Дӯзандагон кам буданд ва сокинон барои иҷрои баъзе фармоишҳо маҷбур мешуданд ба ҷойҳои дигар муроҷиат кунанд.
Зафар нияти ҳамсарашро дастгирӣ карда, ӯро ба шаҳри Самарқанд, ба маркази ҳунаромӯзии «Машҳура» бурд. Моҳира дар он ҷо намудҳои гуногуни дӯзандагиро омӯхта, малакаашро такмил дод.
Мошини дарздӯзие, ки ҳамсараш ба ӯ туҳфа кард, барояш танҳо воситаи кор набуд. Ин туҳфа қадами муҳим ба сӯи мустақилияти иқтисодӣ гардид. Моҳира ҳамин тавр, фаъолияти дӯзандагии худро оғоз кард.
Оҳиста-­оҳиста мизоҷ пайдо намуд, таҷриба андӯхт ва ба духтарони ҷавон низ ҳунар омӯзонданро оғоз кард. Баъдтар дар маркази ноҳия хидматрасонии дӯзандагӣ кушод. Аз соли 2019 инҷониб бошад, дар хонаи истиқоматиаш ателеи дӯзандагӣ дорад.
Имрӯз Моҳира либосҳои занона ва арӯсӣ, парда, рӯйпӯши курсии мошин, чойшаб ва дигар лавозимоти заруриро медӯзад. Ҳамчунин, фармоишҳои кӯдакистон ва беморхонаҳоро иҷро мекунад. Аз соли 2023 узви Иттиҳодияи «Ҳунарманд»­-и ноҳия мебошад.
Барои ӯ ҳар фармоиш танҳо манбаи даромад нест. Он натиҷаи таҷриба, меҳнат ва боварии муштариён аст.

Ду духтар ва як дастоварди муҳим
Муваффақияти фарзандон барои ҳар модар ифтихор аст. Моҳира низ аз он шод аст, ки духтаронаш роҳи илмро интихоб кардаанд.
Яке аз онҳо ба ҳуқуқши­носӣ шавқ дошта, дар Донишкадаи ҳуқуқшиносии Тошканд таҳсил мекунад. Духтари дигараш соҳаи журналистикаро интихоб карда, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон аст. Ҳар ду духтар дӯзандагиро низ омӯхтаанд.
Барои модаре, ки замоне бинобар вазъи оилавӣ натавонист ба донишгоҳ дохил шавад, таҳсили фарзандон яке аз ширинтарин дастовардҳои зиндагӣ аст.
— Солҳои мактабхониам шароити деҳаамон хеле вазнин буд, — гуфт Моҳира. — Ҳангоми ба шаҳри Самарқанд рафтанам, имконияту шароити бештари шаҳрро дида, орзу мекардам, ки дар деҳаи мо низ чунин имкониятҳо фароҳам оварда шаванд. Бо вуҷуди он, ҳеҷ ният накардаам, ки деҳаро тарк намуда, дар шаҳр зиндагӣ намоям. Деҳаамро хеле дӯст медорам. Обу ҳаво ва муҳити деҳа ба ман хеле маъқул аст. Хурсандиовар аст, ки солҳои охир деҳаи Сазаған хеле обод гардидааст. Кӯчаҳо мумфарш шуданд, фаъолияти нуқтаҳои савдо ва салонҳои зебоӣ ба роҳ монда шудааст. Хуллас, деҳа батамом симои нав гирифт. Ният дорам, ки дар оянда сехи дӯзандагӣ кушоям ва занону духтарони деҳаамонро бо ҷойи кор таъмин созам, то ки ягон нафар зани деҳот беҳунар намонад.
Қиссаи Моҳира Бобомуродова саргузашти танҳо як дӯзанда нест. Ин қиссаи занест, ки бо вуҷуди маҳдуд будани имкониятҳо, роҳи худро пайдо кард, ҳунарашро такмил дод ва имрӯз онро ба дигарон низ меомӯзонад.
Ӯ ҳам модар аст, ҳам соҳибҳунар ва ҳам зане, ки барои амалӣ кардани орзуҳои нав талош мекунад. Ӯ ба гузашта бо шукр нигариста, сӯи оянда бо умед қадам мемонад.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА