Шӯъбаи тафтишотии Садорати хидмати бехатарии давлатии вилояти Самарқанд дар доираи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дар доираи парвандаи ҷиноӣ, ки нисбат ба Н.С., соли таваллудаш 1990 ва дигарон боз гардидааст, чорабиниҳои зудамал гузаронид. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Самарқанди Н.С., маълум гардид, ки дар хонаи ӯ 593,76 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 1 адад таппончаи пневматикӣ мавҷуд аст ва онҳо ҳамчун далели ашёвӣ бо тартиби проссессуалӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Ғайр аз ин, О.Э., ки соли таваллудаш 1997 буда, дар Самарқанд зиндагӣ мекунад, 54 дона доруи психотропии «Зардекс» ва «Тебантин»-ро ҳангоми ба як шаҳрванди маҳаллӣ ба маблағи 6 миллион сӯм фурӯхтанаш дастгир карда шуд. Нисбати О.Э бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
