Соли 1992 дар охири Даҳсолаи маъюбон Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи худ 3‑юми декабрро Рӯзи байналмилалии маъюбон эълон кард. Ҳадафи таъсиси ин рӯз пешбурди ҳуқуқҳои маъюбон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин, ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муаммоҳои инвалидон аст.
Маъюбӣ ин ҳолати тиббӣ ё ба таври ҷиддӣ вайроншудаи фаъолияти ҷисмонии одам мебошад, ки қобилиятҳои шахсро дар доираи меъёрҳои стандартӣ барои гурӯҳҳои алоҳида ба таври назаррас маҳдуд мекунад. Ин истилоҳ аксар вақт барои ишора ба функсияҳои инфиродии бадан, аз ҷумла маълулиятҳои ҷисмонӣ, нуқсонҳои ҳассосият, айбҳои маърифатӣ, норасоиҳои зеҳнӣ, бемориҳои рӯҳӣ ва намудҳои гуногуни бемориҳои давомдор истифода мешавад.
Моҳи декабри соли 2006 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи ҳуқуқи маъюбонро қабул намуд ва он аз 3‑юми майи соли 2008 эътибор пайдо кард.
Дар ҷаҳон зиёда аз 1 миллиард нафар одамоне, ки ягон намуди маъюбӣ доранд, ҳаёт ба сар мебаранд. Ин тақрибан 15 дарсади аҳолии рӯи ҷаҳонро ташкил мекунад. Зиёда аз 100 миллион нафар кӯдакон нуқсонҳои ҷисмонӣ ва ақливу рӯҳӣ доранд. Ин кӯдакон бо монеаҳои ҷисмонӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва рафторӣ дучор меоянд, ки онҳоро аз иштироки пурра, муассир ва баробар дар ҷомеа истисно мекунанд.
Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи байналмилалии маъюбон — 3‑юми декабр бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти маъюбон, ҳифзи шаъну шараф, ҳуқуқ ва некӯаҳволии онҳо ва таъмини иштироки фаъолонаи маъюбон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ нигаронида шудааст.
Одамони ногироидошта дар ҷамъияти мо ба тамоми ҳуқуқу манфиатҳо соҳибанд. Ин баробарҳуқуқиву соҳибихтиёрии онҳо дар Сарқонуни мамлакатамон ва ҳуҷҷатҳои меъёрии байналмилалӣ сабт ёфтаанд.
Шӯъбаи вилоятии Ҷамъияти ногироҳои Ӯзбекистон дар Самарқанд ҳам, дар бобати эҳтиром ба шаъну шараф ва мустақилияти хоси шахсони ногироидошта; поймол накардани нуқсонҳои ҷисмонӣ; ҷалби пурра ва самаранок ба ҷомеа; эҳтиром ба хислатҳои маъюбон ва қабули онҳо ҳамчун ҷузъи гуногунии инсоният ва қисми башарият; баробарии имконияту дастрасӣ; баробарии ҳуқуқи зану мард; эҳтиром ба қобилиятҳои инкишофёбандаи кӯдакони маълулиятдошта, нигоҳ доштани шахсияти онҳо ва монанди инҳо корҳи зиёде дар амал татбиқ мекунад.
Мо дар арафаи Рӯзи байналмилалии маъюбон бо раиси шӯъбаи вилоятии Ҷамъияти ногироҳои Ӯзбекистон Дилмурод ПАРДАЕВ вохӯрдем:
— Ҷамъияти мо ҳуқуқи ногироёнро ҳимоя карда, барои бо кор таъмин гаштани онҳо, ба сар бурдани ҳаёти хушу хуррам ва ғайра кӯмак мекунад, — гуфт дар оғози сӯҳбат Дилмурод Аҳтамқулович. — Ташкилоти ғайридавлативу ғайритиҷоратии мо бо ташкилотҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ кор мекунад. Ба ин мақсад бо Мономаркази касбомӯзии «Марҳамат, ба кор» шартнома баста, дар доираи он барои хонондан, касбомӯзӣ ва ба кор ҷойгир кардани шахсони ногироидошта як қатор корҳо дар амал татбиқ гардиданд. Бо Садорати вазъиятҳои фавқулодда ҳам шартнома имзо намудем. Онҳо барои аъзои ҷамъияти мо машғулоти амалӣ ташкил карданд. Ин машғулот аҳамияти калон дошт ва шахсони ногироидошта бисёр чизҳоро фаҳмиданд. Акнун дар вазъиятҳои фавқулоддаи табииву техногенӣ чӣ хел рафтор ва амал кардани худро медонанд. Бо садорати адлия ҳам ҳамкорӣ дорем ва онҳо дар бобати ҳимияи ҳуқуқи шахсони ногироидошта саҳм мегузоранд. Чунин шартномаҳо бо Ҳизби халқӣ-демократӣ ва ғайра низ ба имзо расиданд, ки рӯз аз рӯз ҳамкориҳои мутақобилан фоиданоки мо мустаҳкам мешаванд.
— Ин гуна корҳо, албатта бо он мақсад пеш бурда мешавад, ки маъюбон ҳам мисли дигар аъзои ҷамъият баробарҳқуқанд ва дар пешрафти ҷомеа ҳиссагузорӣ мекунанд?
— Албатта. Аъзои ҷамъияти мо дар тамоми корҳо фаъолият нишон медиҳанд. Масалан, 27‑уми октябр дар интихоботи намояндагони халқ фаъол иштирок карданд. Аъзои фаъоли ҷамъияти мо дар ноҳияи Нарпай дар қитъаи интихоботии рақами 518 муҳайё кардани шароити заруриро барои овоздиҳии маъюбон зери назорат гирифтанд. Шумораи интихобкунандагон дар ин қитъа 1553 нафар, аз он ҷумла 27 нафар шахсони ногироидошта ба қайд гирифта шуда буданд.
Дар ин ҷо пандус барои аробачаи маъюбон, утоқи доруворӣ ва кабинаҳои овоздиҳӣ барои овоздиҳии маъюбон ҳам мутобиқ гардонида шуд.
Аъзои ҷамъият дар интихобот на танҳо иштирок карданд, балки назорати ҷамъиятӣ бурданд. Ҳатто маъюби гурӯҳи дуввум Исмат Санаев депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Пахтачӣ интихоб гардид.
— Дилмурод Аҳтамқулович, имрӯзҳо ҷамъият дар атрофи худ чӣ қадар шахсони ногироидоштаро муттаҳид гардондааст? Дар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон ҳам зершӯъбаҳои ҷамъият амал мекунанд?
— Ҷамъияти мо бештар аз 46 ҳазор нафар шахсонеро, ки ногироӣ доранд, дар атрофи худ муттаҳид менамояд. Онҳо аз ҷиҳати ҷисмониву равонӣ ва ё рӯҳӣ ягон хел нуқсон доранд. Ба пешравии корҳои мо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27‑уми феврали соли 2023 «Дар бораи чораҳои иловагии беҳтар кардани такмили сохтори дастгирии шахсони ногироидошта» такони бузурге бахшид. Ба туфайли ин қарор хонишу омӯзиши шахсони ногироидошта ва ба кор даромадани онҳо ва як қатор имтиёзҳо дар амал татбиқ мешаванд.
Доир ба саволи дуввум бояд ҳаминро гӯям, ки мо ташкилоти ҷамъиятӣ ҳастем. Ҳама медонад, ки дар ин гуна ташкилотҳо аксар одамони фидоӣ кор мекунанд. То ба қарибӣ зершӯъбаҳои мо танҳо дар 9 ноҳия мавҷуд буд. Онҳо бемузду маош кор мекарданд. Мувофиқи қарори Президентамон аз соли 2022 молиягузории ин гуна ташкилотҳо дар асоси субсидия ба роҳ монда шуд. Ҳоло дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоятамон зершӯъбаҳои мо фаъолият мебаранд. Кори шӯъбаҳои шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Ургут хуб аст. Шӯъбаҳои ноҳияиҳои Иштихон ва Оқдарё грант гирифта, китобхона кушоданд. Шуғли аъзоёнро таъмин мекунанд. Ноҳияҳои Пастдарғаму Ҷомбой ҳам соҳиби грант шуданд, ки минбаъд ба пешравии корҳояшон такони тозае мебахшад.
— Барои пешравии зиндагонии ҳар кас, новобаста аз он ки ӯ солим аст ё маъюб, манбаъи даромад лозим аст. Манбаи даромад, яъне, ҷои кор, ки одам кор кунад ва аз музди меҳнати худ эҳтиёҷоти ҳаётии худро қонеъ гардонад…
— Мо барои бо кор таъмин кардани шахсони ногироидошта, кам кардани сатҳи камбизоатии онҳо ҳамеша чораҷӯиҳо мекунем. Дар назди ҷамъияти мо қариб 40 адад корхонаи хурд фаъолият мебаранд. 50 дарсад ва аз он зиёди коргарони ин корхонаҳо шахсони ногироидошта мебошанд. Дар бобати андоз, ҳисобкунии нафақапулӣ, иштирок дар тендерҳо ва ғайра ба ин гуна корхонаҳо имтиёзҳо дода шудаанд. Дар ин самт лоиҳаҳои навро дар амал татбиқ мегардонем.
— Чӣ гуна муаммоҳо барои ҳаёти баробарҳуқуқонаи шахсони маъюбидошта халал мерасонанд?
— Ин гуна масъалаҳои ҳалталаб буданд ва дар оянда ҳам мешаванд. Мо онҳоро, аз қабили инфрасохтор, роҳравҳои маъюбон, шароити ба автобус савор шудан ё фаромадан, даромадгоҳи биноҳои бисёрқабата, объектҳои иҷтимоӣ ва ғайраро пешопеш ҳал мекунем. Дар ин бобат тамоми ташкилотҳо кӯмак ҳам мерасонанд.
— Ҳоло соҳаи тиб пеш рафтааст. Бисёр касалиҳо, аз ҷумла таваллуди кӯдакон нуқсондор пешгирӣ карда мешаванд. Бо вуҷуди он, бигӯед, ки шумораи ногироён зиёд мешаванд ё кам?
— Муттаассифона зиёд мешаванд. Бар замми маъюбони модарзодӣ боз бо сабабҳои гуногун бачаҳову калонсолон маълул мегарданд. Хулоса, ин асосан аз сабаби он аст, ки шумораи аҳолии мамлакатамон сол аз сол меафзояд.
— Барои ба мактабҳои олӣ дохил шудани шахсони ногироидошта ҳам бартариҳо пешбинӣ шудаанд…
— Ҳа, аз соли 2017 барои шахсони ноигироишта 2 дарсад квота ҷудо карданд. Аз ин имтиёз ҳам самаранок истифода бурда мешавад. Барои онҳое, ки дар хориҷа таҳсил мегиранд, хазинаи «Умеди халқу кишвар» мадад мерасонад. Алҳол қариб 500 нафар ҷавонони ногироидошта дар мактабҳои олии вилоятамон таҳсил мегиранд. Минбаъд ҳуҷҷатҳои меъёрие таҳия мешаванд, ки мувофиқи он ҳар узви донишу истеъдоддоштаи ҷамъияти мо дар идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои бонуфуз ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба кор қабул карда мешаванд. Ин барои дигар шахсони ногироидошта як ангезаи хубе мегардад ва ба пешравиҳо ҳидоят менамояд.
Мусоҳиб Бахтиёр ҶУМЪАЕВ.
