Ovozi.uz

Бас баҳору тирамаҳ бигзашт… 

Имрӯз зодрӯзи шоир ва нависандаи маъруф, рӯзноманигори хидматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусаид Кӯчимов аст.

Абдусаид Кӯчимов 15-уми майи соли 1951 дар маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Пас аз хатми мактаби миёна солҳои 1968-1972 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Низомии Тошканд таҳсил кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро соли 1972 дар рӯзномаи «Тонг юлдузи» («Ленин учқуни») ба сифати ходими адабӣ оғоз намуда, минбаъд дар маҷаллаи «Шарқ юлдузи», солҳои 1987-1991 сармуҳаррири рӯзномаи зикршуда, баъдан муовини раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, мудири шуъбаи маданият, расонаҳои ахбори оммавӣ ва сайёҳии Девони Вазирон, солҳои 1996-1997 роҳбари Маркази ахбори Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, солҳои 1997-2005 раиси Ширкати телевизион ва радиои Ӯзбекистон, сипас сармуҳаррири рӯзномаи «Хабар» кор кардааст. Ӯ аз соли 2017 то имрӯз сардиректори Оҷонсии миллии ахбори миллии Ӯзбекистон аст. Мақола ва шеърҳои нахустинаш ҳанӯз дар рӯзномаи ноҳиявии Ургут, баъдан «Ленин учқуни» чоп шудаанд. Аъзои Иттифоқи нависандагон ва журналистони Ӯзбекистон А. Кӯчимов муаллифи баёзу маҷмуаҳои «Бачаҳои кашшоф» (1978), «Ӯзбекистони ман» (1979), «Ситораи ман» (1984), «Ҳалқа» (1987), «Ду баҳор» (1990), «Қиёфа» (1996), «Баҳор» (2014), «Бунафша» (2017), «Мунтахабот» (2021), «Сафар ба дил» (2023) ва ғайра мебошад. Дар асоси қиссаи «Кӯҳҳои баланд»-и адиб филми бадеӣ офарида шудааст.

Хидматҳои Абдусаид Кӯчимов дар соҳаи журналистика ва адабиёт қадр шудаанд. Ӯ барандаи мукофоти байналхалқии ЮНЕСКО, сазовори ҷоизаи ба номи Ғафур Ғулом, ордени «Меҳнат шуҳрати», унвонҳои Журналисти шоистаи Ӯзбекистон, Мураббии шоистаи ҷавонони Ӯзбекистон мебошад.

А.Кӯчимов се карат депутати Шӯрои Олӣ интихоб шудааст. Ҳоло узви Сенати Олий Маҷлис аст.

Ҳайати таҳрири рӯзнома журналист, нависанда, шоир ва ходими давлатӣ Абдусаид Кӯчимовро бо синни мубораки 75 самимона муборакбод менамояд.