Ovozi.uz

Фоидаҳои панир (сыр)

Панир – маҳсулоти ширӣ буда, дорои сафеда, калсий ва витаминҳои зиёд аст. Агар ба меъёр истеъмол шавад, барои саломатӣ фоида дорад, вале аз ҳад зиёд хӯрданаш метавонад зарар расонад.

* Устухон ва дандонҳоро мустаҳкам мекунад – чунки калсий ва фосфор дорад; * Манбаи хуби сафеда аст – барои мушакҳо муфид аст; * Дорои витаминҳои В12, А ва Д; * Шикамро сер нигоҳ медорад; * Баъзе намудояш барои фаъолияти рӯдаҳо фоида доранд.

Зарарҳои панир: * Намак бисёр дошта бошад – барои фишори хун хуб нест; * Намудҳои равғанинаш холестеринро зиёд мекунад; * Калорияаш баланд аст – метавонад сабаби фарбеҳӣ шавад; * Барои одамони ҳассос ба лактоза метавонад дамиши шикам ё нороҳатӣ оварад; * Панири кӯҳна ё нодуруст нигоҳдошташуда хавфи заҳролудшавӣ дорад.

Дар як рӯз тахминан 30-50 грамм истеъмол кардан кифоя аст.