Ovozi.uz

Дар Чин бори аввал дар ҷаҳон роботҳои одамнамо ба музоядаи тиҷоратӣ гузошта мешаванд

Ширкати бузурги тиҷорати электронии Чини JD.com эълон кард, ки дар доираи ҷашнвораи солонаи харид бо номи «618» аввалин музоядаи (ауксиони) роботҳои одамнаморо дар ҷаҳон баргузор мекунад.

Коршиносони соҳавӣ бар ин боваранд, ки ин шакли фурӯш таваҷҷуҳи ширкатҳои калони технологӣ, донишкадаҳои илмӣ ва коллексионерҳоро, ки мехоҳанд ба насли нави мошинҳои ҳушманд дастрасии барвақт пайдо кунанд, ҷалб хоҳад кард.

Дар доираи нақшаи панҷсолаи худ, ширкати мазкур ҳадаф гузоштааст, ки 3 миллион робот, 1 миллион нақлиёти худгардон ва 100 ҳазор дронро ба кор андозад. Ба ин платформаи робототехникии «JD JoyInside» аллакай гигантҳои соҳа, ба монанди Unitree Robotics ва Noetix Robotics ҳамроҳ шудаанд.

Намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои иттилоотии Чин, Пан Хелин изҳор дошт, ки ин музояда як канали нави тиҷоратиро барои истеҳсолкунандагон эҷод карда, ба мардум кӯмак мекунад, ки ба роботҳо на ҳамчун консепсияи футуристӣ, балки чун абзори амалии рӯзгор нигоҳ кунанд.

Ҳамзамон, мақомоти Чин ният доранд, ки ин роботҳоро дар корхонаҳои саноатӣ низ ба таври васеъ ҷорӣ кунанд. Масалан, шаҳри Шанхай нақша дорад, ки то охири соли 2030 ҳудуди 100 ҳазор роботи одамнаморо дар фабрикаҳо мустақар созад. Ин иқдомҳо бахше аз барномаи стратегии «AI Plus» мебошанд, ки барои дигаргунсозии истеҳсолоти саноатӣ ва сохтани иқтисодиёти нави ҳушманд нигаронида шудаанд.