Ovozi.uz

Одамон аз чӣ бештар ҳарос доранд?

Як гурӯҳи одамон ба осонӣ писандидаи мардум мешаванд, атрофиён дар амал ҳам ба онҳо таваҷҷуҳ доранд, бо майлу рағбат ба меҳмонӣ даъват ва қадр мекунанд. Вале, аксарият кӯшиш мекунанд, ки баъзеҳоро аз худ дур кунанд. Бисёр одамон наметавонанд сабаби инро фаҳманд.

Дар амал чанд чизе ҳаст, ки сабаби моро аз худ дур кардани атрофиён мешавад ва ба хушбахту аз ҳаёт мамнун шудани мо халал мерасонад. Дар зер баъзеи онҳоро меорем, ки одамон бештар ҳарос доранд.

Ноумедӣ (Рӯҳафтодагӣ)

Муносибати манфӣ (негативӣ) ба одамон, воқеаҳо, тарсу ваҳми доимӣ ва танҳо дар ранги сиёҳ дидани дунё, атрофиёнро аз ҳама беш аз чунин шахсон дур мекунад. Одамон, одатан бо чунин шахсҳо намехоҳанд мулоқот кунанд, агар онҳо, ҳатто, дар бораи чизҳое, ки барояшон нофорам аст, бисёр гап назананд ҳам. Сарфи назар аз ин, тафаккури манфӣ ҳамеша ҳис карда мешавад ва чӣ хел фикр кардани одам доимо аз авзояш маълум аст.

Рӯҳафтодаҳоро барои ҳамин аз худ дур мекунанд, ки:

— доимо кайфияташон бад аст;
— дамдузд ва кинадор мебошанд;
— бо қаҳру ғазаб сухан мегӯянд ва рафтор мекунанд;
— кайфияти ҳамсуҳбати ихтиёриро метавонанд вайрон кунанд.

Бинобар ин, одамон кӯшиш мекунанд, ки бо чунин шахсҳо мулоқот накунанд, чунки ҳеҷ кас намехоҳад нисбати худ фикри манфӣ шунавад ва дунёро дар ранги сиёҳ бинад. Онҳо бо ҳаёт ва ҳастии тира одамонро аз худ дур мекунанд. Чунки ҳар кас муаммои худро дорад ва одамон аз мулоқот хурсандӣ, озодӣ мехоҳанд, на фикрҳои манфиеро, ки бе ин ҳам дар ҳаёт амалан дар ҳама ҷой мавҷуданд. Бинобар ин, онҳое, ки дунёро дар ранги сиёҳ мебинанд, атрофиёнро аз худ дур мекунанд.

Онҳое, ки доимо ғарқи муаммо ва нохушиҳо ҳастанд

Одатан, симои чунин одамон нишон медиҳад, ки онҳо аз чӣ нороҳатанд, метарсанд, зиёда аз ин ҳеҷ хабари хуш ва пурмеҳреро гуфта наметавонанд. Мулоқот барои онҳо шавқовар нест ва чунин одамон барои донистани чизи барояшон муҳим робита мекунанд, на барои гуфтани суханони гуворое.

Бинобар ин, бо чунин шахсон мулоқот кардан нофорам буда, атрофиён аз онҳо худро дур мегиранд, агарчӣ эшон худро дар доираи одоб нигоҳ медоранд. Онҳо ҳамеша банди фикри худ мебошанд, ба ҳеҷ кас майлу рағбат надоранд, одамон ба онҳо танҳо барои мақсадҳои шахсӣ лозиманд.

Касе, ки хабари нохушро аввалин шуда мегӯяд

Ҳар як кас ҳангоми суҳбат мехоҳад сухани хуш, гуворо ё ки барои худ муфидеро шунавад. Вақте ки ягон чизи нофорам ё ки манфиро мешунавад, кӯшиш мекунад аз назди чунин одамон ҳарчӣ зудтар дур равад.

Одатан, онҳо худро «мо ҳақиқатро мегӯем, вале он ба ҳеҷ кас намефорад» гуфта, сафед мекунанд. Вале дар асл гап тамоман дар чизи дигар аст.

Оддӣ карда гӯем, худи шахсиятҳои рӯҳафтода ва манфӣ, бахил ва бадандеш ба дигарон некиро раво намебинанд, бинобар ин, ба онҳо гуфтани суханони нохуш ва манфӣ маъқул аст. Аз ҳамин сабаб, аз онҳо рӯ мегардонанд.

Таназзул (афтодаҳолӣ)

Ин чиз аз нигоҳи аввал намоён мешавад, агарчӣ одам мехоҳад онро пинҳон дорад. Чунин рафтор ҳамсуҳбатро аз шумо дур мекунад. Ва фарқе надорад, ки таназзул дар чӣ намоён мешавад. Он ҳанӯз пеш аз оғози мулоқот одамонро аз шумо дур мекунад. Беш аз ҳама ба одамон чунин намудҳои афтодаҳолӣ ва камқувватӣ писанд нестанд:

— майзадагӣ;
— бесомонӣ;
— чиркинӣ;
— норозигии аз ҳад зиёд аз худ;
— ноумедӣ;
— афсурдаҳолӣ;
— писар ва духтарҳои нозпарварди модароне, ки ба ҷои онҳо ҳама қарорҳоро қабул мекунанд;
— шахсиятҳои маъруф;
— онҳое, ки ҳеҷ як корро ба охир расонда наметавонанд.

Теодор ДРАЙЗЕР, нависандаи амрикоӣ

Аз русӣ тарҷимаи Тошқул АЗИМОВ