Бар асоси қарори дахлдори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар минтақаи саноатии ноҳияи Булунғур маҷмааи бузурги дорусозӣ, ки ба истеҳсоли дастгоҳҳои муосири тиббӣ, инчунин истеҳсоли албумин, иммуноглобулин ва дигар доруҳо аз плазмаи хун тахассус дорад, аз ҷониби корхонаи хусусии дар шакли ҶММ-и «Янги Осиё халқаро биофарматсевтика» сохта мешавад.
Дар ин лоиҳа, ки дар масоҳати 20 гектар амалӣ хоҳад шуд, 150 миллион доллар сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Хитой ҷалб ва дар натиҷа, 1500 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Имрӯзҳо тақрибан 75 дарсади корҳои асосии сохтмонии коргоҳи истеҳсолӣ анҷом ёфта, бинои ёрирасон ва нуқтаи идоракунӣ пурра ба анҷом расидааст. Айни замон, дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳа корҳои сохтмони иншооти иловагии инфрасохторӣ идома доранд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки ба роҳ мондани истеҳсолот дар корхона дар семоҳаи аввали соли 2027 ба кор андохта шавад.
