Дастаи “Манчестер Юнайтед” расман эълон кард, ки Майкл Кэррик ба ҳайси сармураббии асосии даста таъйин гардид. Пеш аз ин мутахассиси англис иҷрокунандаи вазифаи сармураббиро иҷро мекард.
“Девҳои сурх” хабар доданд, ки Кэррик дастаро дар мавсими оянда низ роҳбарӣ хоҳад кард. Бино ба маълумоти расонаҳо, ҷонибҳо шартномаи нав ба имзо расонидаанд, ки то соли 2028 амал мекунад.
Майкл Кэррик рӯзи 13-уми январ пас аз барканории Рубен Аморим роҳбарии дастаро ба уҳда гирифта буд. Қарордоди аввалини ӯ ҳамчун сармураббӣ то тобистони соли 2026 пешбинӣ шуда буд.
Таҳти роҳбарии мутахассиси 44-сола “Манчестер Юнайтед” дар 15 бозии Премйер-лигаи Англия 10 пирӯзӣ ба даст оварда, инчунин роҳхати Лигаи чемпионҳои Аврупоро барои мавсими оянда соҳиб шуд.
Кэррик, ки солҳои зиёд ҳамчун бозигар дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” ҳунарнамоӣ кардааст, акнун имконият пайдо намуд, то фаъолияти мураббигии худро низ дар ин клуб идома диҳад. Мухлисон умед доранд, ки ӯ метавонад дастаро ба давраи нави муваффақиятҳо расонад.
