Ovozi.uz

Сарқонуни мо барои рушди барқарори вилоятамон ва таъмини фаровонии аҳолӣ хизмат мекунад

Ба қабули Сарқонун, ки имрӯзу ояндаи кишвар ва халқи моро муайян менамояд, ба ҳуқуқ, манфиатҳо ва озодиамон кафолат медиҳад, 32 сол пур шуд.
Ба Сарқонунамон, ки соли гузашта дар баррасии умумихалқӣ ба меъёр оварда, дар таҳрири нав қабул карда шуд, модда ва қоидаҳои нав илова шуда, тағйиротҳои муҳим дохил гардиданд.
Бо ин Сарқонуни мо дар зинаи ҳозираи рушди миллии давлатдориамон самтҳои устувори боз ҳам ривоҷдиҳии ҷомеа ва давлатро муайян намуда, асосҳои сиёсӣ-­ҳуқуқии амалӣ кардани мақсадҳои стратегии Ӯзбекистони Навро фароҳам овард. Бар асоси ин ҳуҷҷат дар Ӯзбекистон муҳити нави иҷтимоӣ-­сиёсӣ ташаккул ёфт, давлат ба зиммаи худ бисёр маҷбуриятҳои иҷтимоӣ-­иқтисодиро гирифт, механизмҳои тамоман нави ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон роҳандозӣ гардида, модели нави ташкили ҳокимияти давлатӣ бунёд шуд.
Дар ин маврид бояд қайд кард, ки бар асоси фармони Президентамон комиссияи давлатӣ ва 5‑то шӯрои коршиносӣ роҷеъ ба амалӣ кардани Сарқонун ташкил гардид. Аз ҷониби Палатаҳои Олий Маҷлис барои фаҳмондани моҳияти Сарқонун барномаи маҷмӯии иборат аз 38 бандро қабул намуда, Олий Маҷлис барномаи ба Сарқонун мутобиқсозии наздик ба 100 қонунҳоро тасдиқ кард.
Худи ҳаминҳо исбот мекунанд, ки нав шудани ҳуҷҷати асосӣ ва ба он дохил кардани тағйирот аз расмиятпарастӣ холӣ, зарурати ҳаётӣ аст. Аз ҳама асосиаш навгониҳое, ки дар Сарқонуни мо акси худро ёфтаанд, саъюу ҳаракатҳои амалӣ роҷеъ ба ҳаёт татбиқ намудани онҳо барои пур кардани ҳисоботҳо, ба маърӯзаҳо додани зинат не, айнан бо мақсади ба ҳаёти ҳар шаҳрванд ворид кардани файз, ободӣ ва сифат амалӣ мегардад, ки ҳамдиёрони мо онро дар ҳаёти худ эҳсос мекунанд.
Ин Сарқонуни ман аст
Бояд таъкид намуд, ки пас аз қабул гардидани Сарқонун дар соли 1992 қариб ҳамаи 15‑то тағйирот ва иловаҳои ба он воридгардида, асосан ба сохтмони давлат ва ҷомеа, аз ҷумла, фаъолияти Президент, парламент, ҳукумат, сохтори интихобот ва ғайра тааллуқ доштанд.
Соли гузашта Конситутсияамонро ба таври оддӣ тағйир дода нашуд: аз зиёиён то инсонҳои оддӣ фикри худро баён намуданд, пешниҳод доданд. Таҳрири нави Сарқонуни Ӯзбекистони Навамон бо пешниҳоди тамоми намояндагони халқамон хеле «пур» шуда, таҳия гардид.
Дар асл, барои акс ёфтани манфиатҳои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ва ҷомеа дар таҳрири нави Сарқонун ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон онро бо боварии комил «Ин Сарқонуни ман аст» гуфта метавонад.
Чунки беш аз нисфи меъёрҳое, ки ба Сарқонуни нав дохил шудаанд, ба пурзӯр намудани кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва мустаҳкам намудани механизмҳои он нигаронида шуда, беш аз 45 дарсади тағйиротҳо масъалаҳои иҷтимоӣ-­иқтисодиро ба тартиб меандозанд.
Дар Сарқонун бори аввал муайян гардид, ки ҳар як инсон ҳуқуқи озодона ба камол расонидани шахси худро дорад ва ба ӯҳдаи ҳеҷ кас бидуни розигии ӯ гузоштани маҷбурияти ғайриқонуниро надорад.
Дар он муайян гардид, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро танҳо мувофиқи қонун ва бо мақсади ҳифзи сохтори конститутсиявӣ, тансиҳатӣ ва маънавияти халқ, ҳуқуқ ва озодии шахсони дигар, таъмини бехатарӣ ва тартиби ҷамоатӣ ба дараҷаи зарурӣ маҳдуд кардан мумкин аст.
(Давомаш дар саҳ. 2).
(Аввалаш дар саҳ. 1).
Дар Конститутсия сиёсат ба тамоюли адолати иҷтимоӣ ва тифоқӣ, нишонаҳои давлати иҷтимоӣ, ки барои муяссар шудан ба дараҷа ва сифати зиндагии муносиби шаҳрвандон, расонидани ёрӣ ба мӯҳтоҷон нигаронида шудаанд, ифодаи худро ёфтаанд.
Меъёрҳои дастгирии тоифаи ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷи аҳолӣ, дар ҷомеа бартараф намудани нобаробарии иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ, меъёрҳои пурзӯр намудани масъулияти иҷтимоии давлат дар назди шаҳрвандон барои аз эътибор дур намондани ҳеҷ кас нигаронида, мустаҳкам карда шудаанд.
Ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки бо меҳнати муносиб машғул шавад
Солҳои охир дар диёрамон ба рушди капитали инсон эътибори алоҳида дода мешавад. Мисол, додани кредитҳои имтиёзнок, кӯмаки бевоситаи молиявӣ роҳандозӣ шудааст. Шаҳрвандони бекор аз рӯи касбу ҳунарҳои гуногун таълим мегиранд, ки барои ин мономарказҳо ташкил карда шуданд. Ба корҳое, ки малакаи баланд, маълумоти олӣ талаб карда намешавад, бо мақсади ривоҷдиҳии таҷрибаи аҳолӣ дар ҷойҳо курсҳои таълимӣ кушода мешаванд.
Барои исботи ин гуфтаҳо баъзе мисолҳоро меорам: тӯли 9 моҳи соли равон, дар вилоят беш аз 12 ҳазор бекорон касбу ҳунар омӯхтаанд. Якҷоя бо самти муҳоҷирати меҳнатӣ, касбу ҳунарро аз худ кардани наздик ба 20 ҳазор нафар одам маълум мешавад.
Дар ин даври қайдшуда, беш аз 22 ҳазор нафар шаҳрвандон ба тавсияи ёрдамчиёни ҳоким ба касбу ҳунар ва соҳибкорӣ омӯзонида шудаанд.
Дар моддаи 42‑юми Сарқонун муайян карда шуд, ки «Ҳар як кас ҳуқуқи меҳнати муносиб, навъи касбу фаъолиятро интихоб карданро дорад». Амалиёти зикргардида магар ифодаи ҳаётии ҳамин модда нест?
Хулосаро худи ҳар як инсон бояд барорад. Вале, вақте сухан дар бораи ҳуқуқи меҳнатӣ меравад, бояд қайд кард, ки дар таҳрири нави Сарқонун ҳамчун «Миқдори камтарини пардохти ҳаққи меҳнат дар ҳоли ба ҳисоб гирифтани зарурати таъмини дараҷаи муносиби зиндагии инсон муайян карда шавад» мустаҳкам гардидааст.
Чунки ин меъёри мазкур ба талабҳои Декларатсияи байналмилалии ҳуқуқҳои инсон, Пакти байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ, Конвенсияи соли 1928 роҷеъ ба таҳияи тартибу таомулҳои муайян намудани миқдори камтарини пардохти музди меҳнат ва Конвенсияи соли 1970 дар бораи муайян кардани миқдори камтарини пардохти музди меҳнат мувофиқ ва ҳамоҳанг гардид.
Ба зиммаи ҳокимияти иҷро вазифа гузошта шуд
Дар моддаи 43‑юми Конститутсияи навқабулгардида «Давлат чораҳои таъмини шуғли шаҳрвандон, аз бекорӣ ҳимоя кардани онҳо, инчунин ихтисори камбизоатиро меандешад…» гуфта шудааст.
Пештар дар Қонуни асосӣ ин гуна норма, агар таъбир ҷоиз бошад, вазифаи ба зиммаи ҳокимияти иҷро гузошташуда набуд. Ин маънои онро дорад, ки акнун бояд ба марраҳои нав ба нав ҳаракат кард. Ин масъала ҳафтаи гузашта дар тақдимоти лоиҳаҳои оид ба рушди вилояти Самарқанд, ки дар ҳузури роҳбари кишварамон баргузор гардид, низ алоҳида қайд карда шуд. Дар вилоятамон бо аҳолӣ ва соҳибкорон вохӯриҳо гузаронида, имконияти амалӣ намудани 120 лоиҳаи 4,1 миллиард долларина муайян гардид. Хусусан, соли оянда дар вилоят дар доираи барномаҳои минтақавӣ ба ҳисоби аз худ намудани сармояҳои камаш 1 миллиарду 850 миллион долларина, истеҳсоли иловагии маҳсулоти 1,2 триллион сӯмина ҳисоб-­китоб карда шудааст. Асоситар аз ҳама, ба воситаи ин барпо кардани 20 ҳазор ҷои корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Масалан, дар минтақаи «Чимбойобод»-и ноҳияи Пастдарғам дар 234 гектар замине, ки дар захираи ҳокимият меистад, минтақаи саноатии махсус ташкил намудан мумкин аст. Соҳибкорон омодаанд, ки ба он ҷо 500 миллион доллар сармоя ворид намуда, лоиҳаҳои фарматсевтика, кимиё, электротехника, материалҳои сохтмонӣ ва хӯрокворӣ оғоз намоянд.
Ё 25 гектар замини сангзори атрофи дарёи Зарафшонро ба минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» ҳамроҳ кунанд, ба лоиҳаҳои 30 миллион долларина ҷой мешавад.
Барои ба активҳои иқтисодӣ табдил додани заминҳои чарогоҳ ва лалмии вилоят дар 350 гектар замини лалмии ноҳияи Самарқанд минтақаи сайёҳӣ-­фароғатӣ ташкил карда, ҳазор соҳибкорро ҷойгир намудан мумкин аст. Дар натиҷаи ин нақша 3,5 ҳазор ҷои кории холӣ офарида хоҳад шуд.
Хоку ҳавои Булунғур ба меваву сабзавотпарварӣ мутобиқ аст. Ҳисоб карда шудааст, ки агар 6 ҳазор гектар заминҳои ғаллапарварии камҳосил ба парвариши меваву сабзавот ихтисосонида шавад, аз ҳар гектар 10 ҳазор доллар даромад гирифтан мумкин аст. Дар натиҷа, нисфи маҳсулотҳо ба экспорт бароварда шуда, 52 миллион доллар фоидаи экспорт таъмин мегардад ва 45 ҳазор одам соҳиби кор мешавад.
Хулоса, ислоҳоте, ки ба ризоияти халқамон нигаронида шудаанд, акнун мазмуну маънои нав касб менамоянд.
Паноҳгоҳ не, Ватани хурд…
Дар бисёр мамлакатҳо масъалаи вобаста ба ҳуқуқи мулк ва хонаву ҷойи инсон дар ҳуҷҷати асосӣ акс наёфтааст. Дар диёри мо дар ин бора асоси ҳуқуқии устувор офарида шудааст. Аниқтараш, дар моддаи 47‑уми Конститутсия ҳалли масъалаи мазкурро нишон додаанд. Ҳеч кас бе қарори суд ва бар зидди қонун шаҳрвандонро аз хонаву ҷой маҳрум карда наметавонад. Дар ҳолатҳои зарурӣ арзиш ва зарари хонаву ҷойи соҳиби мулк тибқи тартиби ба назар гирифташуда пешакӣ ва бо арзиши баробар баргардонда мешавад.
Тибқи нормаи дар моддаи мазкур муайян гардида, дар бораи хонаву ҷойҳое, ки дар Самарқанд бунёд мегарданд, таваққуф карданӣ нестам. Чунки дар ин бора маълумот ва ахбори кофӣ паҳн мегардад. Вале як чизро таъкид бояд кард, оилаи дилхоҳ умед мекунад, ки «тангтар бошад ҳам, паноҳгоҳам бошад».
Ҳар сол садҳо не, ҳазорҳо оилаҳо соҳиби паноҳгоҳ не, соҳиби Ватани хурд мешаванд, ки ин магар имкони фароҳам овардаи Конститутсия нест?!
Яъне, ҳарфи асоси ҳамин — Ҳар кас ҳуқуқи соҳиби хонаву ҷой шуданро дорад.
Дар ин бора бисёр андеша рондан мумкин аст. Мағзи суханро бошад, мутахассисони хориҷӣ гуфтаанд: «Дар Ӯзбекистон бо қонуни асосӣ таъмин гардидани ҳуқуқи вобаста ба хонаву ҷой ба бисёр давлатҳо намуна мешавад».
Ҳар кас ҳуқуқи мулкдор шуданро дорад
Инсон табиатан ҳамин гуна офарида шудааст — мулкдор шавад, кайфияташ, ҳаракаташ, умуман, муносибаташ ба ҳаёт дигар хел мешавад. Аз ин рӯ, дар моддаи 41‑и Конститутсияи мо муайян гардидааст, ки «Ҳар як шахс ҳуқуқи мулкдор шуданро дорад.
Махфӣ нигоҳ доштани амалиётҳои бонкӣ, амонатҳо ва ҳисобварақҳо, инчунин, ҳуқуқи мерос бо қонун кафолат дода мешавад».
Умуман, дар кишвари мо сохтори кафолатҳои ҳуқуқии бовариноке офарида шудааст, ки дахлнопазирии мулки мулкдори хусусиро, ки бо роҳи қонунӣ ба даст овардааст, таъмин менамояд.
Бино ба иловае, ки ба қонун «Дар бораи кафолатҳои озодиҳои фаъолияти соҳибкорӣ» дохил карда шудааст, муайян гардидааст, ки субъектҳои соҳибкорӣ барои ба роҳ мондани ҳар гуна фаъолияти мувофиқи қонунгузорӣ ва интихоби самтҳои фаъолияти худ ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Дар натиҷаи саъю ҳаракатҳои мо хоҳиши бо соҳибкорӣ шуғл варзидани аҳолӣ афзуда, сол то сол теъдоди субъектҳои соҳибкорӣ зиёд мешаванд, ки ин низ яке аз бурдҳои Конститутсияи мо мебошад.
Дар ин маврид агар ба баъзе рақамҳо таваққуф нанамоем, аз рӯи адолат нахоҳад шуд. Чунки ба фикри ман, сухану андешаҳои баёнгардида далелҳои дақиқро тақозо менамоянд.
Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли равон дар доираи «барномаи ба тиҷорат ҷалб намудани 2 миллион аҳолӣ» 156 ҳазор аҳолӣ ба соҳибкорӣ ҷалб карда шудаанд. Дар ин, барои худро бо кор таъмин кардан шуғли 126,6 ҳазор, дар ташкилотҳои навтаъсис 11,9 ҳазор, дар субъектҳои нави соҳибкорӣ 4,7 ҳазор ва дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шуғли 12,9 ҳазор аҳолӣ таъмин гардидааст.
Барои ба ин нишондиҳандаҳо ноил гардидан активҳои 54 давлат ба музояда бароварда шуда, 59 объект ба 69,2 миллиард сӯм фурӯхта шудааст. Дар ин давр 2,8 ҳазор объектҳои хизмат ва сервис ба кор шурӯъ карда, 83,4 ҳазор ҷои кор офарида шудааст.
Саволе ба миён меояд, ки натиҷа-чӣ?
Ҳаҷми маҳсулоти минтақавии умумии нимсолаи вилоят 36,9 триллион сӯм (2,9 миллиард доллар)-ро ташкил карда, суръати афзоиш нисбати ҳамин даври соли гузашта 106,1 дарсад шудааст.
Интизор меравад, ки дар даври минбаъдаи сол ҳаҷми маҳсулоти минтақавии умумӣ 87,4 триллион сӯмро, суръати афзоиш 105,6 дарсадро ташкил медиҳад.
Умуман, дар натиҷаҳое, ки соҳиб мешавем, ҳаёти орому осудаамон, рушди иқтисодӣ ва фаровони халқамон, тамоюлҳои инсонпарваронаи дар Конститутсияамон муайян гардида, ҳамчун асоси ҳуқуқӣ хидмат менамоянд.

Адиз БОБОЕВ,
иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд.