Ovozi.uz

Дар бораи номгузорӣ ва иваз кардани номи баъзе мавзеъҳои аҳолинишини вилояти Самарқанд

Сессияи наваду чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилоят бар асоси моддаҳои 4 ва 9‑уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12‑уми октябри соли 2011 «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ», хулосаҳои мумайизӣ (экспертизавӣ)-и Агентии кадастри тобеи Вазорати иқтисодиёт ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 6‑уми октябр (таҳти рақами 03/08–760) ва 25‑уми октябри соли 2023 (таҳти рақами 03/08–1220) ва баённомаи комиссияи вилоятӣ роҷеъ ба масъалаҳои номгузорӣ ва гузоштани номи нав ба объектҳои ҷуғрофиро ба инобат гирифта ҚАРОР МЕКУНАД:

  1. Зеринҳо:
    — номи мавзеи аҳолинишини ноҳияи Оқдарё мувофиқи иловаи 1‑ум тағйир дода шавад.
    — номҳои мавзеъҳои аҳолинишини ноҳияи Пайариқро мувофиқи иловаи 2‑юм тасдиқ кунанд.
  2. Сарсадорати ихтисори камбағалӣ ва шуғли вилоят (Т.Маҳмудов), Садорати омори вилоят (Ш.Абдиев), Садорати вилоятии Палатаҳои кадастри давлатӣ (М.Қувондиқов), ҳокимиятҳои ноҳияҳои Оқдарё (Ш.Қудратов) ва Пайариқ (И.Ҷабборов) аз рӯи тартиби муайяншуда дар ҳисобҳои оморӣ инъикоси номҳои мавзеъҳои дар банди якуми қарор нишондода ва дар ҳуҷҷатҳои коргузорӣ дохил кардани тағйиротро таъмин кунанд.
  3. Садорати корҳои дохилии вилоят (Р.Маматов), ҳокимиятҳои ноҳияҳои Оқдарё (Ш.Қудратов) ва Пайариқ (И.Ҷабборов) корҳои ташкилиро барои ба рӯйихат гирифтани аҳолӣ дар ин мавзеъҳои аҳолинишин ва роҷеъ ба иҷрои корҳои бо дигар кардани нишонаҳои дахлдори роҳҳо вобастаро амалӣ намоянд.
  4. Садорати вилоятии Палатаи кадастри давлатӣ (М.Қувондиқов) ҳокимиятҳои ноҳияҳои Оқдарё (Ш.Қудратов) ва Пайариқ (И.Ҷабборов) дар ҳамкорӣ ба таври муайяншуда бар асоси талаботи замонавӣ дар мавзеъҳои аҳолинишин, ки ном гирифтанд, гузоштани пешлавҳаи нишонаҳои нишондодро таъмин кунанд.
  5. Роҳбари хизмати ахбор — котиби матбуоти ҳокимияти вилоят (М.Мирзоев), ҶММ «Маркази ривоҷдиҳии технологияҳои ахбор — коммуникатсияҳо»-и тобеи ҳокимияти вилоят (Н.Норбеков) чопи қарори мазкурро дар рӯзномаҳои «Зарафшон», «Самаркандский вестник» ва «Овози Самарқанд», инчунин ҷойгир кардани онро дар базаи миллии маълумотҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон — Lex.uz ва веб-сайти расмии ҳокимияти вилоят таъмин намоянд.
  6. Ба муносибати қабули қарори мазкур банди 1‑уми иловаи 1‑уми қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 13‑уми июни соли 2022 таҳти рақами VI‑65–121–7–0-Қ/22 аз эътибор соқит карда шавад.
  7. Мушовири ҳокими вилоят роҷеъ ба масъалаҳои зиёд кардани самаранокии корҳои маънавӣ — маърифатӣ, таъмини риоя ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ доир ба забони давлатӣ (Ш.Темуров) чораҳои дар муддати 10 рӯз ба базаи реестрҳои давлатӣ дохил кардани номҳои мавзеъҳои аҳолинишини мазкурро биандешад.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимиии Шӯрои намояндагони халқи вилоят роҷеъ ба масъалаҳои таъмини қонунмандӣ ва мубориза бар зидди ришват (Ш.Ҷӯрақулов) ва мушовири ҳокими вилоят роҷеъ ба масъалаҳои зиёд кардани самаранокии корҳои маънавӣ-­маърифатӣ, таъмини риоя ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ доир ба забони давлатӣ (Ш.Темиров) вогузошта шавад.

Раиси Шӯро Э. Турдимов
26‑уми декабри соли 2023
VI‑94–124–7–0-К/23
.