Ovozi.uz

Тӯҳфаи иттиҳодияи журналистон ба китобхонаҳо

Дар Маркази ахбор-­китобхонаи вилояти Самарқанд муаррифии китобҳое, ки бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон зери рукнҳои «Бачаҳои китобхон» ва «Нобиғаҳои ҷаҳон» чоп шудаанд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ рӯзноманигорон, шоирону нависандагони Самарқанд, роҳбарони марказҳои ахбор-­китобхонаҳои вилоят, намояндагони ташкилотҳои дахлдор ва хонандагони ҷавон ширкат доштанд.
— Мо дар озмуни фармоишҳои давлатии иҷтимоӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои аҳамияти иҷтимоидошта, ки аз ҷониби Фонди ҷамъиятии дастгирии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон шудааст, ғолиб омадем ва соҳиби гранти давлатӣ шудем, — гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Холмурод Салимов. — Аз ҳисоби ҳамон маблағҳо тасмим гирифтем, ки беҳтарин намунаҳои адабиёти ӯзбек ва ҷаҳонро, ки барои кӯдакону наврасон пешбинӣ шудаанд, чоп кунем, инчунин форматҳои аудиоии онҳоро тайёр ва ба муассисаҳои ахбор-­китобхонаи кишварамон беғараз тақдим намеом. Пас аз тасдиқи номгӯи адабиётҳое, ки дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудаанд, бо мувофиқа бо Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ таҳти унвони «Бачаҳои китобхон» бо номҳои «Шалола», «Бачаи харбузаи сафед», «Ҳаммоми паррон», «Ангуштарини ҷодугар», «Аз дасти кӯдакӣ дошта», дар силсилаи «Нобиғаҳои ҷаҳон» «Стив Ҷобс — марде, ки ба компутер ҳаёт бахшидааст», «Муҳаммад Алӣ — муштзани бузургтарини ҳамаи давру замонҳо», «Леонардо да Винчи — соҳиби ақли аз замони худ пешрафта», «Мотсарт — нобиғаи мусиқӣ», «Алберт Эйнштейн — нобиғаи серқирра» аз чоп баромад. Ҳар яке аз ин китобҳо бо теъдоди 1000 нусха нашр шуда, ба марказҳои ахбор-­китобхонаи тамоми минтақаҳои кишварамон ройгон пешниҳод карда мешаванд.
Дар маросими муаррифӣ ба ҳар як маркази ахбор-­китобхона ва китобхонаҳои мактабҳои тахассусии вилояти Самарқанд 20 ададӣ, ҳамагӣ 720 адад китоб туҳфа карда шуд.
— Дида мешавад, ки китобҳо бо назардошти синну сол, рӯҳия ва шавқу завқи кӯдакону наврасон интихоб шудаанд, — гуфт мудири маркази ахбор-­китобхонаи вилояти Самарқанд Зебинисо Шодиева. — Дар баробари ин, ба ороиш ва сифати онҳо эътибори хоса дода, рангҳои равшан истифода бурда шудаанд, ки ҳамаи инҳо таваҷҷӯҳи кӯдаконро ба ин китобҳо зиёд мегардонад. Мо ин ташаббуси наҷиби иттиҳодияро дастгирӣ карда, дар силсилаи оянда китобҳоро дар бораи донишмандони бузургамон интизор мешавем.
Дар доираи чорабинӣ китоб-­албоми «Самарқанд сайқали рӯи замин аст», ки аз ҷониби ҳокимияти вилояти Самарқанд чоп гардидааст, ба марказҳои ахбор-­китобхонаҳо тақдим карда шуд.

УзА