Воқеан ҳам Ӯзбекистон сарзамини сарсабзу меҳмоннавоз ва табиаташ зебову нотакрор буда, бо иқлими мусоид, боду ҳаво, манзараҳои дилфиреб, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффою шифобахш, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои ғании мардумӣ макони беҳтарини сайру саёҳат ба шумор меравад. Ҳамасола баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, дар доираи беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохилию хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт, аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон баҳри сарсабзию ободонии кишвар пайваста тадбирҳои назаррас амалӣ карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтҳои асосии гулгулшукуфӣ табдил додани Ӯзбекистони Нав ба «макони сабз» ва рушди бахши сайёҳӣ дар кишвар мебошад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷаҳони имрӯза дар ҳолати баду ногувори экологӣ қарор дорад. Масалан, дар асоси таҳқиқоти масъалаи мазкур маълум гардид, ки ҳамасола 2,24 млрд. тонна партови сахти коммуналӣ истеҳсол карда шуда, 55 дарсади он дар иншооти назоратшаванда партофта мешавад.
Ҳар сол тақрибан 931 миллион тонна хӯрокворӣ исроф ва то 14 миллион тонна партови пластикӣ ба экосистемаҳои обӣ ворид мегардад. Тақрибан 80 миллион тонна партови пластикӣ ба муҳити зист партофта мешаванд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳодисаҳои иқтисодӣ дар ҷаҳони имрӯза ба якдигар дар як занҷир пайваст буда, кандашавии он боиси мушкилоти дигар дар самтҳои дигари ҳаёти башарият мегардад.
Мусаллам аст, ки кишварамон қисми ҷудонашавандаи ҷаҳони имрӯза буда, дар масъалаҳои беҳдошти табиат ва ҳифзи муҳити экологӣ кӯшиш карда, баҳри бартараф намудани оқибатҳои фоҷиаовари он талош меварзад. Ин талошҳо ба манфиати инкишофу тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ буда, дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва системаи иқлим ба манфиати наслҳои имрӯза ва оянда мебошанд. Бояд эътироф намуд, ки тағйирёбии иқлим дар рӯйи Замин ва оқибатҳои манфии он боиси ташвиши умумии башарият гардидааст.
Пеш аз ҳама, саволе ба миён меояд, ки зери мафҳуми «макони сабз» чӣ фаҳмида мешаваду кадом иқдомот амалӣ мегарданд?
«Макони сабз» минтақае, ки дар он иқлими муътадил, боду ҳавои мусоид, табиати сабзпӯш мавҷуд буда, сокинонаш дар оғӯши табиати сабзи иборат аз ҷангалзору гулзор ва дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан зиндагонӣ мекунанд. Дар ин маврид зисту зиндагонии мардум беҳтар гардида, сатҳи иҷтимоию иқтисодии онҳо ба таври назаррас баланд мешавад. Ин раванд имкон медиҳад, ки табиат ба мисли инсоният инкишоф ёфта, оқибатҳои фоҷиаовари он аз байн раванд.
Ӯзбекистони Нав бо зарфиятҳои худ метавонад тамоми минтақаҳои кишварро сабзу хуррам гардонида, дараҷаи зиндагонии аҳолияшро беҳтар гардонад. Аз ин лиҳоз, кишварамон вазифа гузоштааст, ки барои беҳбудии саломатии сокинонаш муҳити зисти мусоидро фароҳам созад. Ҳадафи асосии табдил додани мамлакат ба «макони сабз» ва минтақаи аз ҷиҳати экологӣ тоза кам кардани партовҳои гази гармхонавӣ (гулхонаӣ), гузариш ба «иқтисодиёти сабз», таъмини устувории табиӣ тавассути васеъ намудани майдони ҷангалзор ва ҳамчунин, афзоиш додани майдони боғу токзор мебошанд. Мувофиқи ин нақша, канори роҳҳои кишварамон сабзкорӣ ва дарахтзор мегардад. Ин ҳадаф васеъ гардонидани майдонҳои сабз ва ҳудуди табиии махсус ҳифзшаванда ва амнияти экологии аҳолиро таъмин намояд.
Ҳоло дар тамоми минтақаҳои кишвар барои табдил додани Ӯзбекистони Нав ба «макони сабз» чорабиниҳои зерин амалӣ мегарданд:
— васеъ намудани майдонҳои сабзгардонии ҳамаи минтақаҳои мамлакат, ҷангалзор, боғу токзор, майдонҳои сабз ва ноил шудан ба истифодаи мақсадноки онҳо;
— ташкил ва васеъ намудани майдони ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда;
— таъсиси фазои аз ҷиҳати экологӣ тоза барои беҳтар намудани саломатии аҳолӣ;
— барқарор намудани минтақаҳои вайроншуда бо истифода аз кабудизоркунӣ;
— рушди «иқтисоди сабз»;
— танзими кабудизоркунии маҳалҳои аҳолинишин, ки бо роҳҳои нақлиётӣ, кӯчаҳо ё хатҳои махсуси сабз ҷудо шудаанд;
— кабудизоркунии сарҳад бо обанборҳои табиӣ, ҷангалзор, инчунин, дар шафати роҳҳои нақлиётӣ;
— таъмини нигаҳдории навъҳои нодири наботот, ки ба минтақаҳо хосанд ва ба таври сунъӣ андешидани тадбирҳои зиёд кардани навъҳои онҳо;
— татбиқи нақшаи идоракунӣ доир ба кабудизоркунӣ ва баланд бардоштани донишу таҷрибаи корӣ, барқарор намудани системаи вайроншудаи табиии экологӣ, ташкили системаи экологии таъмини амнияти экологии кишвар;
— баланд бардоштани таваҷҷуҳи истифодабарандагони табиат бо ҳифз ва нигоҳдории майдонҳои сабз дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарии рушди мутаносиби табиат;
— беҳтар кардани рушду инкишофи системаи экологӣ бо роҳи андешидани тадбирҳои илмию амалии барқарор намудани майдонҳои сабз бо роҳи шинондани дарахту буттаю гул ва ғайра.
Мақсад аз чунин корҳои амалӣ дар он аст, ки новобаста аз таъсири кам расонидан ба иқлими сайёра, мебояд таъсири мусбат якчанд баробар зиёдтар бошад. Ҳамчунин, афзоиш додани дарахтон ва сарсабзкунии минтақа самаранокии иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсиро дорост, чунки мубаддал гардидан ба «макони сабз» бо экосистемаи худ чунин манфиатҳоро ба бор меорад:
— Ҳамеша тозаю озода гардидани боду ҳавои фазои кишварамон дар фаслҳои дилхоҳи сол. Боиси тазаккур аст, ки дар давоми як рӯз як гектар ҷангал аз ҳаво 120–280 кг гази карбон мегирад, ки дар сурати набудани ин гектар гази карбон дар атмосфера мемонад ва таъсири гармшавиро зиёд мекунад. Бунёди Ҷаҳонии Табиат қайд кардааст, ки буридани ҷангалҳо дар ҳаҷми 10 дарсад сабаби умумии гармшавии глобалиро ташкил дода метавонад. Илова бар ин, нобудшавии ҷангал барои навъҳои гуногуни наботот ва ҳайвонот маънои аз даст додани манзили онҳоро дорад.
— Афзудани дарахтон ва сарсабзнамоӣ имкон медиҳад, ки заминҳо аз эрозия ва шусташавӣ нигоҳ дошта шаванд. Инчунин, дарахтон ва буттазорҳо заминро аз ҳодисаҳои эрозияи шамолу об эмин нигоҳ дошта, боиси аз байн нарафтани заминҳои ҳосилхез мегарданд. Дарахтон ба гардиши об мусоидат мекунанд, агар дар он ҷое, ки дарахтон кам гарданд, борон дар он минтақа хеле кам меборад. Як дарахт ҳар рӯз он қадар об хориҷ мекунад, ки таъсири хунуксозӣ дар натиҷаи ин раванд ба таъсири ду кондитсионери маъмулӣ дар давоми рӯз баробар аст.
— Макони мусоид барои сайёҳон. Дар «макони сабз» ҷаҳонгардон сайругашт ва ҳамчунин, саломатии худро барқарор менамоянд. Кишвари мо низ яке аз чунин кишварҳое ба шумор меравад, ки дар ин минтақа сайёҳон метавонанд манзараҳо ва табиати биҳиштосои моро тамошо карда, инчунин, саломатиашонро барқарор намоянд.
Хулосаи калом, Ӯзбекистони Навро лозим аст, ки баҳри боз ҳам беҳтар гардидани рушди экология ва «иқтисодиёти сабз» пайваста сармояҳои хориҷиро барои амалӣ гардонидани «лоиҳаҳои сабз» ҷалб намояд.
«МАКОНИ САБЗ» — БАРОИ ОЯНДАИ ФАРОВОНИ КИШВАР
