Ovozi.uz

Дар атрофи партовгоҳҳо минтақаҳои сабз ташкил карда мешаванд

Дар атрофи партовгоҳҳои марказии вилояти Самарқанд минтақаҳои сабз ташкил карда мешаванд. Дар ин бора Сарсадорати экологияи вилоят хабар додааст.

Тибқи маълумот, дар вилоят 11 партовгоҳи марказӣ мавҷуд буда, дар атрофи онҳо ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида мешаванд.

Ин корҳо бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ободонии минтақаҳо анҷом дода мешаванд. Барои обёрӣ ва нигоҳубини ниҳолҳо низ кормандони масъул вобаста карда мешаванд.

Аз ҷумла, дар атрофи партовгоҳи марказии ноҳияи Пайариқ низ корҳои ободонӣ идома доранд. Дар ин ҷо заминҳо шудгор шуда, барои шинонидани ниҳолҳо омода карда шудаанд.

Чорабинии мазкур барои беҳтар намудани муҳити зист дар атрофи партовгоҳҳо ва васеъ намудани ҳудудҳои сабз нигаронида шудааст.