Аз 1-уми октябр барои баъзе гурӯҳҳои шаҳрвандон ҳангоми истифодаи нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автобусҳои байнишаҳрӣ чиптаҳои бепул ё бо 50 дарсад тахфиф пешниҳод карда мешаванд.
Ин тартиб дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 13 августи соли 2026, №440, ҷорӣ шудааст.
Аз имтиёз иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги солҳои 1941–1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садамаи Чернобил истифода мебаранд.
Ба онҳо дар як соли тақвимӣ як маротиба барои рафтуомад дар ҳудуди Ӯзбекистон ва кишварҳои узви ИДМ чиптаи имтиёзнок дода мешавад. Барои гирифтани чипта пешниҳоди корти ID ё шиносномаи биометрӣ ба шӯъбаҳои ваколатдори «Uzbekistan Airways» ё «Роҳи оҳани Ӯзбекистон» кофист. Мансубияти шаҳрванд ба гурӯҳи имтиёзнок тавассути низоми иттилоотии «Низоми ягонаи миллии ҳифзи иҷтимоӣ» санҷида мешавад.
Дар нақлиёти ҳавоӣ чипта аз рӯйи тарифи «эконом», дар қатораҳо бошад, барои ҷойи «эконом», пласкарт ё купе дода мешавад.
Хароҷоти марбут ба ин имтиёзҳо аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ пардохт карда мешаванд.
