Ovozi.uz

Корҳои сохтмонӣ ва ободонии минтақаи пушти роҳи оҳан баррасӣ шуданд

Дар доираи Барномаи таъмир дар Минтақаи пушти роҳи оҳани шаҳри Самарқанд корҳои бузурги сохтмонӣ ва ободонӣ идома доранд. Мувофиқи барнома, дар ин минтақа ба ҷои тақрибан 3 ҳазор хонаи кӯҳна, барои 100 ҳазор нафар хонаҳои бисёрошёнаи замонавӣ, объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ва ҳама иншооти зарурии инфрасохторӣ сохта мешаванд.

Корҳое, ки дар ин минтақа анҷом дода мешаванд, дар муаррифии бо иштироки ҳокими вилоят Адиз Бобоев баргузоршуда муфассал баррасӣ шуданд. Дар он роҳбарони ташкилотҳои сохтмонӣ, меъморон ва тарроҳон иштирок карданд, ки ба беҳтар кардани лоиҳаҳои ташаккули симои муосири минтақа, фароҳам овардани шароити бароҳат барои аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Дар муаррифӣ пешниҳодҳо оид ба банақшагирии шабакаҳои муҳандисӣ ва коммуникатсионӣ, таъмини сифат ва бехатарии корҳои сохтмонӣ, вобаста ба ҷойгиршавии биноҳо пешниҳод карда шуданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки беҳтар кардани намуди меъмории минтақа ва ба назар гирифтани ниёзҳо ва талаботи аҳолӣ дар сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёна муҳим аст.

Дар охири муҳокима ба масъулин барои суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дастурҳои дахлдор дода шуданд.