Ҷамъомади 59-уми солонаи Шӯрои мудирони Бонки Рушди Осиё (БРО) аз 3 то 6-уми майи соли ҷорӣ дар Самарқанд баргузор мешавад.
Интизор меравад, ки дар он беш аз се ҳазор иштирокдор, аз ҷумла роҳбарияти бонк, масъулони муассисаҳои бонкӣ ва молиявии кишварҳои ҳамкор, инчунин ҳайатҳои бонуфуз иштирок менамоянд.
Имрӯзҳо барои баргузор намудани ин анҷумани бонуфуз дар Маркази байналмилалии сайёҳии «Silk Road Samarkand» ва дигар мавзеъҳои шаҳр омодагиҳои ҷиддӣ идома доранд. Дар ин робита, штаби махсус таъсис дода шудааст ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда ҳар рӯз назорат карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар самти пешниҳоди хидматрасонии нақлиётӣ ба иштирокдорони форум корҳои муайян анҷом дода шудаанд.
Мувофиқи маълумоти Садорати нақлиёти вилояти Самарқанд, нақшаи хидматрасонӣ таҳия ва дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан штабҳои хурд таъсис дода шудаанд. Барои ба меҳмонхонаҳо бурдани меҳмононе, ки аз ин дарвозаҳо истиқбол карда мешаванд, воситаҳои нақлиётӣ вобаста карда шудаанд. Аз 28‑уми апрел ба ин объектҳо дутоӣ автобуси барқӣ ҷудо карда шудааст.
Иштирокдорони чорабинӣ дар 50 меҳмонхона ҷойгир карда мешаванд ва барои вобаста кардани ин меҳмонхонаҳо 8 маркази нақлиётӣ таъсис дода шудааст. Барои истиқболи меҳмонони воломақом ва расонидани онҳо ба маконҳои таъиншуда, нақлиёти дорои шароитҳои мусоид вобаста гардидааст.
Дар рӯзҳои ҷамъомади мудирон, барои ташкили нақлиёт ва логистика дар қаламрави Маркази байналмилалии сайёҳии «Silk Road Samarqand», хатсайри автобусҳои муташаккил таъсис дода мешавад. Автобусҳои барқӣ дар ин хатсайр аз соати 7:30 то 22:00 бо фосилаи 15 дақиқа ҳаракат мекунанд. Ғайр аз ин, барои расонидани иштирокдорон ба ёдгориҳои таърихӣ, ҷойҳои ҷолиб, меҳмонхона ва тарабхонаҳои Самарқанд, ба маркази байналмилалии сайёҳӣ автобусҳои барқӣ бо фосилаи 30 дақиқа таъсис дода мешаванд.
Қайд кардан зарур аст, ки Бонки рушди Осиё яке аз бузургтарин ҳамкорони молиявии Ӯзбекистон аст ва бонк дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 5,4 миллиард доллар ҷудо кардааст. Дар соли 2025 портфели лоиҳаҳои бонк, ки бо Ӯзбекистон вобаста мебошанд, тақрибан 60 ададро ташкил медиҳад ва арзиши умумии онҳо 9,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Стратегияи ҳамкории бонк бо кишварамон барои солҳои 2024–2028 ба дастгирии «иқтисоди сабз» ва рушди инклюзивӣ нигаронида шудааст, ки дар он энергетика (энергияи барқароршаванда, шабакаҳои барқ), таъминоти об ва хидматрасонии коммуналӣ, нақлиёт ва логистика, таълим ва инфрасохтори иҷтимоӣ, бахши хусусӣ ва низоми молиявӣ, экология ва иқтисоди «сабз» ҳамчун самтҳои асосӣ ба шумор мераванд.
ӮзА
Дар Самарқанд Ҷамъомади Бонки Рушди Осиё гузаронида мешавад
