Решаҳои таърихии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов (ДДС) ба давраи Темуриён рафта мерасад. Дар замони ҳукмронии Темуриён, ки тарғибгари илм, маърифат ва маънавият буданд, дар Самарқанд ва умуман дар қаламрави Мовароуннаҳр барои рушду нумӯи илм ва маориф заминаи пурраи воқеӣ гузошта шуд.
Солҳои 1941–1944 Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон бо Донишгоҳи давлатии Тошканд муваққатан муттаҳид карда шуд.
Аз 24-уми марти соли 1944 донишгоҳ фаъолияти мустақили худро дубора дар шаҳри Самарқанд оғоз намуд.
Аз соли 1960 то ба имрӯз Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон бо номи Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият мекунад.
Дар чанд соли охир Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба як намунаи барҷаста дар татбиқи ислоҳотҳои соҳаи маориф ва илм табдил ёфтааст. Бо ташкили институтҳои нав, сохтмони биноҳои муосир ва ворид шудан ба раддабандии ҷаҳонӣ, донишгоҳ имрӯз мавқеи худро на танҳо дар миқёси миллӣ, балки байналмилалӣ низ таҳким бахшидааст.
Панҷ институти нав — қадаме ба сӯи ҷаҳони илм
Танҳо дар чор соли охир дар назди донишгоҳ панҷ институти нав таъсис ёфтанд.
Инҳо Институти биокимиё, Институти физикаи муҳандисӣ, Институти агробиотехнологияҳо ва амнияти озуқаворӣ, Институти идоракунии захираҳои инсонӣ ва рушди маҳалла, Институти ядро ва технологияҳои нав, ҳамчунин Институти забонҳо ва фарҳангҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.
Ташкили институтҳои соҳавӣ имконият медиҳад, ки на танҳо равияҳои нави илмӣ рушд ёбанд, балки донишҷӯён низ аз аввал бо муҳити илмии замонавӣ рӯ ба рӯ гарданд.
Иншооти замонавӣ — сармоягузорӣ ба оянда
Донишгоҳ солҳои охир на танҳо институтҳои навро таъсис додааст, балки бо сохтмони инфрасохтори муосир низ сармоягузорӣ ба илму таълимро афзоиш дод. Соли 2022 дар ҳавлӣ (боғ)-и Бинои асосии он толори маърузаҳо бо 1450 ҷой, дар Институти биокимиё лабораторияи виварий, шӯъбаи кимиё бо 700 ҷой, лабораторияи гербарий, толори маърӯзаҳои дорои 400 ҷой, биноҳои ошхона барои 150 ҷой бунёд ёфтанд. Донишҷӯён қаблан дар бинои кӯҳнаи шуъбаи кимиё таҳсил мекарданд, ки дар он таҷҳизоти муосир кам буд. Имрӯз онҳо бо таҷҳизоти нав кор мекунанд ва имконияти гузаронидани таҷрибаҳои амалӣ хеле беҳтар шудааст.
Соли 2023 дар Институти физикаи муҳандисӣ ва филиали донишгоҳ дар Ургут бинои таълимӣ бо 800 ҷой сохта шуд, инчунин дар ҳавлӣ боғи Бинои асосӣ хонаи хизматӣ бо 70 ҷой бунёд ёфт.
Соли 2024 факултети системаҳои зеҳнӣ ва технологияҳои компутерӣ аз таъмири пурра баромад.
Айни замон низ дар ҳавлӣ боғи Бинои асосӣ бинои нави таълимӣ бо 1700 ҷой, бинои Институти агробиотехнологияҳо ва амнияти озуқаворӣ бо 1200 ҷой ва бинои Институти идоракунии захираҳои инсонӣ ва рушди маҳалла бо 1000 ҷой сохта мешаванд.
Хобгоҳҳо: шароити зиндагии беҳтар
Масъалаи хобгоҳҳо низ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад. Аз соли 2018 то имрӯз зиёда аз шаш хобгоҳи нав бо ҳазорҳо ҷой сохта шудаанд. Агар соли 2018 хобгоҳи рақами 1 бо 200 ҷой ва хобгоҳи рақами 2 бо 370 ҷой ба истифода дода шуда бошад, пас соли 2021 — бо 350 ҷой, соли 2022 — бо 400 ҷой, соли 2023 — боз бо 400 ҷой ва соли 2024 боз бо 400 ҷой хобгоҳҳои донишҷӯён қад афрохтанд. Айни ҳол сохтмони боз ду хобгоҳ — яке бо 220 ҷой ва дигаре бо 230 ҷой идома дорад.
Донишҷӯён иқрор мешаванд, ки шароити имрӯзаро бо солҳои пешин муқоиса кардан мумкин нест. Ҳоло онҳо дар ҳуҷраҳои тоза, дар шароити интернет ва китобхонаҳои хурд дошта зиндагӣ мекунанд. Ин пеш аз ҳама ба таҳсил таъсири мусбат мерасонад.
ДДС ва донишгоҳҳои дигари кишвар
Баръакси баъзе донишгоҳҳои вилоятӣ, ки ҳанӯз ҳам мушкили норасоии бино ва таҷҳизоти таълимӣ доранд, ДДС тавонист дар як муддати кӯтоҳ бо роҳандозии сохтмонҳои калон инфрасохтори худро куллан нав кунад.
Ба гуфтаи таҳлилгарони соҳаи маориф, донишгоҳи мо имрӯз метавонад бо Донишгоҳи давлатии Тошканд ва ҳатто бо Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон дар сатҳи шароити моддӣ ва иқтидори илмӣ рақобат кунад. Ҳамзамон, бо ворид шудан ба раддабандии байналмилалӣ, донишгоҳ ҷойгоҳи худро дар миқёси ҷаҳонӣ низ мустаҳкам месозад.
Эътирофи байналмилалӣ
Донишгоҳи давлатии Самарқанд яке аз аввалин донишгоҳҳо дар кишвар гардид, ки дар раддабандии QS Stars соҳиби мақоми «Донишгоҳи 5‑ситорадор»-ро шуд. Илова бар ин, он ба рӯйхати 600 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон тибқи раддабандии Times Higher Education дохил шуд ва дар QS World University Rankings 2026 дар байни ҷойҳои 1001–1200 ҷой гирифт.
Ҳамаи ин натиҷаҳо танҳо дастоварди як донишгоҳ аст ва балки нишон медиҳад, ки маорифи Ӯзбекистон воқеан дар марҳилаи нави рушди худ қарор дорад.
Самарқанд бо таърихи бостонии худ ҳамеша маркази илму фарҳанг буд. Имрӯз Донишгоҳи давлатии Самарқанд ин анъанаро идома дода, бо рӯҳи нав ба сӯи илму технологияҳои муосир қадам мегузорад.
Пешравиҳои он на танҳо барои донишҷӯёну устодон, балки барои тамоми кишвар намунаи ибратанд.
Зарифа МӮМИНОВА,
декани факултети фанҳои психология ва иҷтимоӣ-сиёсии
Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов
