Ovozi.uz

Сериали хитойӣ, ки бо ёрии зеҳни сунъӣ офарида шудааст, беш аз 4 миллиард маротиба тамошо гардид

Дар Хитой сериалҳои кӯтоҳмуддати бо ёрии зеҳни сунъӣ таҳияшуда маъруфияти зиёд пайдо мекунанд. Шумораи тамошобинони онҳо аз 600 миллион нафар гузаштааст.
Дар ин бора агентии иттилоотии «Синхуа» хабар додааст.

Яке аз лоиҳаҳои муваффақи ин соҳа сериали «Қувваҳои мусаллаҳи сулолаи Сонг» мебошад. Он дар бораи сарбозони муосир, ки ба Чини қадим афтодаанд, нақл мекунад. Сериал беш аз 4 миллиард маротиба тамошо шудааст.

Дар таҳияи лоиҳа ҳамагӣ шаш нафар иштирок мекунанд. Онҳо то имрӯз тақрибан ҳазор қисмро ба навор гирифтаанд, ки давомнокии ҳар кадоми он на бештар аз ду дақиқа аст.

Истифодаи зеҳни сунъӣ хароҷоти истеҳсоли чунин филмҳоро ба таври назаррас коҳиш додааст. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, таҳияи сериали босифат бо ёрии зеҳни сунъӣ нисбат ба наворбардории анъанавӣ тақрибан 10 маротиба арзонтар аст. Илова бар ин, сериали иборат аз 100 қисми кӯтоҳро ҳамагӣ дар се рӯз омода кардан мумкин аст.

Дар 10 моҳи аввали соли 2026 дар Хитой тақрибан 550 ҳазор сериали кӯтоҳмуддат истеҳсол шудааст. Зиёда аз 94 фоизи онҳо бо ёрии зеҳни сунъӣ офарида шудаанд. Дар панҷ моҳи аввали сол ҳаҷми бозори ин соҳа аз 22 миллиард юан гузаштааст.

Бо вуҷуди маъруфияти зиёд, аксари ин лоиҳаҳо ҳанӯз хароҷоти худро ҷуброн намекунанд. Тибқи маълумоти ширкати таҳлилии DataEye, танҳо 1,3 фоизи сериалҳои бо ёрии зеҳни сунъӣ таҳияшуда ба теъдоди тамошое мерасанд, ки барои ба даст овардани фоида зарур аст.

Коршиносон якрангии сюжет, иштибоҳҳо дар офаридани симои қаҳрамонҳо ва рақобати шадидро аз мушкилоти асосии ин соҳа медонанд. Бо назардошти рушди босуръати ин самт, мақомоти Хитой назорати сифати чунин муҳтавои рақамиро тақвият мебахшанд.