Дар фазои маънавии ҳар як халқ маконҳое ҳастанд, ки аз ҳудуди як муассисаи одӣ фаротар мераванд ва ба рамзи ҳастии таърихӣ табдил меёбанд. Осорхонаи Афросиёб аз ҷумлаи чунин кохҳои маърифат аст, ки дар қалби шаҳраки бостонии Афросиёби Самарқанд бо шукӯҳу тамкин қомат афрохтааст. Ин макон ганҷинаи нодири осори моддӣ ва шоҳиди зиндаи марҳилаҳои ташаккули тамаддуни суғдӣ мебошад.
Афросиёб, ки таърихи он ба асрҳои VIII–VII пеш аз милод мерасад, асрҳо маркази сиёсат, ҳунар, тиҷорат ва фарҳанг будааст. Дар ин сарзамин на танҳо сохтмонҳои муҳташами шаҳрӣ бунёд гардидаанд, балки низоми идорӣ, равобити дипломатӣ ва фарҳанги баланди ҳунармандӣ низ рушд ёфтааст. Бозёфтҳои археологӣ ин ҳақиқатро бо далелҳои боваринок тасдиқ менамоянд.
Соли 1970 Осорхонаи Афросиёб ифтитоҳ гардид. Соли 2024 бошад, навсозӣ шуд. Бинои он намунаи ҳамоҳангии меъмории муосир бо муҳити таърихӣ мебошад. Ҷойгиршавии осорхона дар паҳлӯи шаҳраки қадим рамзи пайванди ногусастании замонҳост.
Фонди осорхона зиёда аз 22 ҳазор ашёи таърихиро дар бар мегирад, ки беш аз 2320 адади онҳо экспонатҳои аслии нодир мебошанд. Экспозитсия дар 11 толори намоишӣ ботартиб ҷойгир шуда, давраҳои таърихиро аз асрҳои VIII–VII пеш аз милод то асрҳои XIII мелодӣ фаро мегирад. Ин фарогирӣ шаҳодат медиҳад, ки Самарқанд дар тӯли зиёда аз як ҳазору панҷсад сол марҳилаҳои гуногуни инкишофи сиёсӣ ва фарҳангиро паси сар намудааст.
Намоишгоҳи ошёнаи якум ба таърихи омӯзиши Афросиёб ва давраи Суғд бахшида шудааст. Суғд ҳамчун воҳиди муҳими сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ нақши калидӣ бозида, тавассути «Роҳи Абрешим» бо тамаддунҳои гуногун иртибот доштааст. Ин иртиботҳо дар ашёи бозёфтшуда ба таври равшан таҷассум гардидаанд.
Маркази ҷозибаи осорхона расмҳои девории машҳури «Толори сафирон» мебошанд, ки аз қасри ҳокими Суғд — Ихшиди Вархуман ёфт шудаанд. Ин деворнигораҳо, ки ба асрҳои VII–VIII мелодӣ мансубанд, саҳнаи қабули намояндагони кишварҳои гуногунро дар дарбори суғдӣ инъикос менамоянд.
Расмҳои деворӣ аз лиҳози ҳунарӣ дорои рангомезиҳои нозук, таносуби дақиқ ва ифодаи пурмуҳтавоянд. Онҳо на танҳо намунаи олии санъати тасвирӣ, балки сарчашмаи боэътимоди таърихӣ низ мебошанд. Тавассути онҳо метавон сатҳи баланди дипломатия, фарҳанги дарборӣ ва густариши равобити байналмилалии Самарқандро дарк намуд.
Коллексияи осорхона аз ашёи сафолӣ, шишагӣ, сангӣ, металлӣ, устухонӣ ва чинӣ иборат буда, дараҷаи баланди ҳунармандии сокинони қадимро инъикос мекунад. Тангаҳои гуногун, шамшерҳо, кордҳо, камон ва тирҳо, инчунин ороишоти меъморӣ ва ашёи рӯзгор ҳар яке порае аз ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии гузаштагон аст.
Боқимондаҳои системаҳои қадимии канализатсия ва унсурҳои инфрасохторӣ нишон медиҳанд, ки Афросиёб дорои низоми шаҳрсозӣ будааст. Ин далел аз сатҳи баланди фарҳанги шаҳрӣ ва дарки зарурати ташкили муҳити зисти солим шаҳодат медиҳад.
Имрӯз осорхонаи Афросиёб танҳо макони нигаҳдории осори қадим нест, он маркази тарбияи маънавӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат, ки арзишҳои суннатӣ зери таъсири ҷараёнҳои гуногун қарор мегиранд, чунин муассисаҳо вазифаи посбонии арзишҳои таърихиро ба ӯҳда доранд.
Ҳар як бозёфт, ҳар як порчаи сафол ва ҳар як нақши деворӣ гӯё ба мо хитоб мекунад, ки таърих амонат аст. Нигоҳдорӣ ва омӯзиши он масъулияти на танҳо муҳаққиқон, балки тамоми ҷомеа мебошад. Осорхонаи Афросиёб ганҷинаи ҷовидонаи тамаддуни бостонии Самарқанд аст. Он бо фарогирии густурдаи таърихӣ, бойгонии ғанӣ ва арзиши илмӣ-фарҳангии худ мақоми хос дорад. Ин макон собит месозад, ки Самарқанд на танҳо шаҳри ёдгориҳо, балки маркази давомдори ташаккули андешаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ будааст.
Гузашта дар ин ҷо хомӯш нест, он бо забони далел, бо шаҳодати осор ва бо нури маърифат ба имрӯз ва фардо паём мерасонад.
Зафар АМОНОВ, шунавандаи «Мактаби маҳорат»-и назди рӯзнома
