Ovozi.uz

Манфиатҳои рӯза ба саломатии инсон

Ҳукамо зиёда хӯрдани инсонро бо беш аз панҷоҳ зиёнаш номбар кардаанд: вазнинӣ, хастагӣ, кӯрдилӣ, ғам, заифии равонӣ, беҳаёӣ, заифии ақл, носипосӣ, бадрафторӣ, нооромӣ, шаҳватпарастӣ, фаромӯшхотирӣ, фаромӯш кардани марг, дӯст доштани дунёи фонӣ, бухл, хасисӣ, зулм, бетоқатӣ, дурӣ аз ҳикмат, тарсуӣ ва ғайра.

Аз ин рӯ, шахси мӯъмину мусалмон, ҳатто агар ғизои ӯ ҳалол бошад ҳам, бояд камтар бихӯрад. Ду бор хӯрок дар як рӯз барои инсон кофист — субҳ ва шом. То наздикӣ ин одат дар миёни мардуми мо роиҷ буд. Дар асл, набояд ҳамеша сер бошем. Бузургони мо гуфтаанд: «Саломатӣ, хотираи комил ва зебоӣ дар меъёри хӯрдан аст». Ҳадафи гуруснагӣ — гуруснагии шадид нест, балки парҳезкорӣ ва қаноатпешагӣ аст. Шахсе, ки кам мехӯрад, ғамаш низ кам мегардад. Чунин инсон маблағи сарфакардаашро метавонад ба камбағалон ва ниёзмандон диҳад.

Луқмони Ҳаким гуфтааст: «Эй фарзанд! Агар шиками худро аз хӯрок пур кунӣ, ганҷи фикри ту хароб мешавад, тафаккур карда наметавонӣ, ҳикмат аз ту меравад ва аъзои баданат аз ибодат бозмемонад».

Мусалмонон дар даврони аввалини фарз гардидани рӯза онро бо эҳсоси масъулияти динӣ анҷом медоданд. Вале бо мурури замон суол ва эътирозҳое нисбат ба ислом пайдо шуд. Уламо ҳукмҳои рӯза ва фоидаҳои ахлоқии онро тавре шарҳ доданд, ки ба талаботи замон мутобиқ бошад.

Бо гузашти вақт собит шуд, ки рӯза на танҳо барои саломатӣ зарар надорад, балки як шифои бебаҳост. Ҷолиб он аст, ки бисёре аз кашфиётҳои илмии марбут ба рӯза аз ҷониби олимони ғайримусалмон анҷом шудаанд.

Ҳамаи ин таҳқиқоти илмӣ мӯъҷизаи рӯзаи фарзшуда дар исломро тасдиқ мекунанд. Худованд дар Қуръон мефармояд: «Рӯза гирифтан барои шумо хуб аст». Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Рӯза гиред, то саломат бошед».

Таҳқиқоти тиббӣ нишон додаанд, ки рӯза метавонад инсонро аз бемориҳои гуногуни ҷисмонӣ ва равонӣ муҳофизат кунад.

Барои мисол:

• Рӯза низоми масунияти баданро қавӣ мегардонад. Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки дар бадани рӯзадор ҳуҷайраҳои муҳофизатӣ даҳ баробар зиёд мешаванд.

• Рӯза ба мубориза бо фарбеҳӣ кӯмак мекунад, зеро фарбеҳӣ аз сабаби ихтилоли ҳозима ва таъсирҳои равонӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд.

• Рӯза инсонро аз ташаннуҷи равонӣ муҳофизат мекунад, зеро шахси рӯза ба муҳити имонӣ ворид шуда, бештар ба зикр, ибодат ва тиловати Қуръон машғул мешавад.

• Рӯза сангҳои гурда ва талхаро аз ҷамъшавӣ нигоҳ медорад.

• Рӯза баданро аз моддаҳои зарароваре, ки тавассути хӯрок, доруворӣ ва ҳаво ворид мешаванд, пок месозад.

Ҳамаи ин воқеиятҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки рӯза на танҳо як ибодати динӣ, балки як василаи беҳбудии инсон мебошад.