Ovozi.uz

Ба зиёда аз 2 ҳазор ташкилоту муассисаҳо хизмати ҳуқуқӣ расонида шудааст

Дар Хонаи матбуоти вилоят нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он корҳои анҷомдодаи Садорати адлияи вилоят ва шӯъбаҳои минтақавии адлия дар соли 2024 ва нақшаҳои ояндаи садорат баррасӣ гардиданд.
Дар он сарвари садорат Салоҳиддин Сатторов доир ба мавзӯъ маълумот дод. Тавре зикр гардид, аз 194 қарори меъёрию ҳуқуқие, ки дар давраи ҳисоботӣ ба ташкилотҳои низом аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ворид гардидаанд, 163-тоаш аз санҷиши ҳуқуқӣ гузаронида шудааст. Дар 31 маврид лоиҳаи қарор бинобар риоя нанамудани талабҳои муайянгардида баргардонда шудааст.
Инчунин муайян гардидааст, ки аз ҷониби ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар қабул кардани қарорҳо ба воситаи “E-qaror” ба 169 қонунвайронкуниҳо роҳ дода шудааст. Ин нисбат ба ҳамин даври соли 2023 (726-то) қариб 4 маротиба камтар аст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар рафти чорабиниҳои назоратӣ, ки аз ҷониби садорат дар идора ва ташкилотҳои давлатӣ гузаронида шудааст, зиёда аз 136 ҳазор факти вайрон кардани қонунҳои оид ба татбиқи ҳуқуқ ошкор карда шудааст. Барои бартараф намудани онҳо 1465 тақдимнома, 108 огоҳӣ, 1635 пешниҳод оиди ба ҷавобгарии маъмурӣ, 9 пешниҳод оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони масъул ва 933 ариза ба судҳо ворид карда шудааст. Дар натиҷа, 270 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ ва 1635 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Дар натиҷаи чораҳои ҳуқуқӣ маблағи пулии баробар ба 115 миллиарду 738 миллион сӯм ба соҳибони қонунии худ баргардонда шудаанд.
— Тарғиботҳои ҳуқуқӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мост, — гуфт Салоҳиддин Сатторов. — Хусусан, мутахассисони адлия ба ҷойҳо рафта, «Маҳаллаи ҳуқуқӣ», «Рӯзи хидматҳои ҳуқуқӣ» барин лоиҳаҳоро амалӣ менамоянд ва ба аҳолӣ ёрии амаливу назарӣ медиҳанд. Илова бар ин, дар соли гузашта марказҳои хизматрасонии ҳуқуқӣ ба зиёда аз 2 ҳазор ташкилоту муассисаҳо хизмати ҳуқуқӣ расониданд. Дар ин давра 637 838 лоиҳаи ҳуҷҷатҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ санҷида шуда, 40 064 ҳуҷҷат бо сабаби зид будани онҳо бо қонунгузорӣ баргардонида шуданд.

Т.АЗИМОВ