Ovozi.uz

Парвариши гулу гиёҳҳои нодир дар гармхона

Гармхонаҳо барои ҳифзи олами наботот, парвариш ва ба иқлими кишвар мутобиқ кардани растаниҳои тропикӣ ва субтропикӣ, гузаронидани таҷрибаҳои биологиву физиологӣ ва омӯхтани хусусиятҳои навъҳои гулу гиёҳҳо аҳамияти муҳим доранд.
Дар гармхонаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ растаниҳои нодир ва камёби ҷаҳон парвариш карда мешаванд.
— Гармхонаи мазкур соли 1970 бо ташаббуси Ёлқин Тӯрақулов, ки ҳамон солҳо ректори донишгоҳ буд, ташкил шудааст, — гуфт лаборанти гармхона Беҳрӯз Шарофиддинов. — Ин гармхона аз рӯйи муҳлат зимистона буда, тамоми сол истифода мешавад ва шишабандӣ карда шудааст. Андозаи он 40х12х6 метр аст. Дар ин ҷо зиёда аз 300 навъи растаниҳое, ки аз давлатҳои хориҷӣ, ба хусус кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оварда шудаанд, парвариш карда мешаванд. Гулу гиёҳҳои гармхонаро аз рӯйи хусусият ба ду гурӯҳ — манзаравӣ ва доруворӣ ҷудо кардан мумкин аст. Қисми зиёди онҳо растаниҳои манзаравӣ буда, асосан гулҳои рангоранг мебошанд. Бугенвиллея, кала, эухарис, ксантозома, каллистемон, гибускус ва ғайра аз ин ҷумлаанд. Коричник, машмула, зайтун, лимон, алоэ, олеандр барин растаниҳои доруворӣ низ парвариш карда мешаванд. Масалан, дорчин (коричник) барои ҳазми хӯрок, шуривина барои дарди пой фоидаовар аст.
Бино ба маълумоти масъулони гармхона дар ин ҷо ниҳолҳои дарахтони палмаи Вашингтон, банан, дарахти хабуза, кофе, дарахти аждар низ парвариш карда мешаванд. Инчунин, растаниҳои хатарнок ҳам ҳастанд. Масалан, растание бо номи «Гӯши фил» ҳаст, ки агар обаш ба чашм расад, мумкин нобино кунад.
Ғайр аз ин, дар гармхонаи донишгоҳ коллексияи кактусҳои ноёб мавҷуд аст, ки тадқиқотчиён ва донишҷӯёни факултети биология парвариш ва хусусиятҳои онҳоро омӯзонад.
Дар доираи мавзӯъ:
Аввалин гармхонаҳо дар нимаи дуюми асри XVI дар Фаронса пайдо шудаанд. Нахустин гармхонаи шишагини бо печ гармшаванда соли 1599 дар Боғи ботаникии Лейден сохта шудааст.
Калонтарин маҷмӯи гармхонаҳо дар музофоти Алмерияи Испания ҷойгир аст. Ҳоло дар Лас Вегас сохтмони гармхонаи 30‑ошёна ба маблағи 200 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

Суҳроб ХОЛИҚУЛОВ,
шунавандаи «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»