Бонувони мо
Ҳар як фард дар зиндагӣ муваффақ шудан мехоҳад, лекин танҳо онҳое ба мақсад мерасанд, ки дар роҳи интихобкардаашон устуворанд ва ҳамеша мақсади амиқ доранд. Ин гуна нафарон ҳамеша тибқи категорияи ба даст овардани комёбӣ талош меварзанд.
Мухбири махсуси телевиденияи вилоят Нозигул Рустамова аз зумраи ҳамин гуна инсонҳое мебошад, ки дар роҳи ба даст овардани муваффақият донишашро сайқал дода, талош мекунад. Ҳар корро сидқан иҷро карда, иқтидору имконияташро дар амал месанҷад. Ӯ аз соли 2006 ин ҷониб дар телевиденияи вилоят фаъолият мебарад. Сараввал, корро дар радиои вилоят ҳамчун мухбири ҷамоатӣ оғоз намуда,то ба дараҷаи мухбири махсус расидааст. Ҳоло барномаҳои бо номи “Иффатли аёл”, “Мӯътабар аёл”, “Аёл бахтли бӯлса”, “Якшанба меҳмони” тайёрнамудаи ӯ, ки асосан нақши занонро дар ҷамъият нишон дода, иқтидору истеъдоди онҳоро намоён мекунад, писанди тамошобинон гардидааст.
Муваффақияти навбатии ӯ ҳам маҳз ба туфайли барномаи “Меҳмони якшанба” ба даст омадааст. Нозигул бо барномаи номбурда дар озмуни ҷумҳуриявии “Фаъоли баробари гендерӣ” аз рӯи номгӯи “Барномаи беҳтарини телевизионӣ, ки ба таблиғи баробарии гендерӣ нигаронида шудааст” ҷойи намоёнро гирифт.
- Солҳои охир дар мамлакатамон таҳти роҳнамоии сарвари давлатамон ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва фаъолияти занон ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешавад, — гуфт Нозигул Рустамова. – Аз ин рӯ, бонувонамон низ ба ин ҷавобан аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар ҳамаи соҳа фаъолии худро нишон дода истодаанд. Ба воситаи барномаи мазкур мақсад кардам, ки ба омма занону духтароне, ки аз имкониятҳои мавҷуда босамар истифода бурда, дар соҳаҳои гуногун ба комёбиҳо ноил гардидаанд, шинос намоям. Инчунин, кӯшиш намудам, ки масъалаи баробарии гендериро низ дар мисоли фаъолияти онҳо нишон диҳам. Зеро, имрӯзҳо масъалаи баробарии гендерӣ ба дараҷаи сиёсати давлат бардошта шудааст, ки инро дар тамоми соҳаҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Бароям хурсандибахш аст, ки меҳнатам самараашро нишон дод, гуфтанӣ нестам, ки ғолиб шудам. Аз он шодам, ки ғоя ва барномаҳои таҳиянамудаам ба халқамон манзур гардид. Муваффақияти аз ҳама бузурги ман ҳамин аст.
Бояд гуфт, ки Нозигул Рустамова давоми фаъолият борҳо бо ифтихорномаву ташаккурномаи ҳокимияти вилоят ва ташкилотҳои дахлдор мукофотонида шудааст. Аз ҷумла, соли 2021 дар вилоят ҳамчун журналисти беҳтарини сол дар равияи телевидения эътироф гардида, бо тӯҳфаҳои хотирмони ҳокими вилоят сарфароз шуд.
Ӯ баробари фаъолият дар телевиденияи вилоят барои барномаҳои иттилоотии “Диёр News”, “Шарҳ ва таҳлил” аз анҷуманҳои бонуфуз навор ва гузоришҳо омода намуда, пахш мекунад. Инчунин, барои ҷавононе, ки ба остонаи телевидения қадам мемонанд,оиди омодасозии барномаҳои ахбор, гузоришҳо дарсҳои маҳорат мегузаронад.
