Ба қарибӣ бо сарварии Президент роҷеъ ба чораҳои таъмини бехавфии ҳаракати роҳ, беҳдошти инфрасохтори он ва кам кардани тирбандӣ ҷамъомад баргузор гардид.
Роҳбари давлат гуфт, ки мутаассифона, дар ҳар садамаи нақлиётии чорум 1 кас ё ки ҳар рӯз ба ҳисоби миёна вафот кардани 6 нафар одам бояд ҳамаро сахт ба ташвиш оварад.
Мувофиқи маълумотҳои Садорати бехавфии ҳаракати роҳ (СБҲР) СКД-и вилоят дар шаш моҳи соли равон дар шаҳр ва ноҳияҳои мо 428 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ рӯй додааст. Яъне, нисбати ҳамин даври соли гузашта садамаҳо 30 (398/428)-то зиёд шудаанд.
Дар 50 дарсад ё ки 214 тои онҳо нақлиёт ба пиёдагардҳо осеб расондааст.
Ба суръат мос набудани тоифаи роҳҳо ва кор накардани таҷҳизоти равшанкунандаи шабона, набудани роҳравҳо барои пиёдагардон аз сабабҳои асосии рӯй додани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ мебошанд.
Мисол, 65 тои ин нохушиҳо аз сабаби нагузоштани ғавчӯбҳо ба роҳи самти рӯбарӯ баромадани мошинҳо рӯй додаанд.
Ба ин маъно, айни муддао шуд, ки маблағҳои хазинаи ҷумҳурии «Роҳи бехавф ва пиёдагарди бехавф дар навбати аввал барои ба тартиб овардани қитъаҳои хавфноки роҳ равона карда мешаванд. Боз як ҷиҳати он, 25 дарсади маблағҳои ба воситаи радарҳо ба буҷет дохилшударо ба хазинаи мазкур мегузаронад.
Маблағҳои хазина дар навбати аввал барои ба тартиб овардани қитъаҳои хавфнок — гузоштани ғавчӯбҳое, ки роҳро ҷудо мекунанд, нишонаҳои роҳ, гузоштани таҷҳизоти равшанкунандаи роҳ, ташкили роҳравҳои пиёдагардон ва рақамӣ намудани чорраҳаҳо сарф карда мешаванд.
Президентамон қайд кард, ки дар ҷое, ки ҳоким ва хидмати бехавфии ҳаракати роҳ якҷоя бо инфрасохтори роҳ ба таври ҷиддӣ машғул мешаванд, дар ҳамон ҷо тағйиротро мушоҳида мекунанд. Ба ин маъно, дар баъзе мавзеъҳои вилоятамон корро дуруст ба роҳ монда натавонистани мутасаддиён намоён шуд.
Чунки дар ноҳияҳои Тайлоқ, Иштихон, Пастдарғам, Пахтачӣ, Пайариқ, Нарпай, Ҷомбой ва Оқдарё шумораи умумии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт нисбати шаш моҳи соли гузашта афзудааст. Ҳодисаҳои бо марг вобаста низ айнан дар ноҳияҳои мазкур зиёд шудаанд. Мисол, дар ноҳияи Тайлоқ соли гузашта чунин ҳолат 2 то буд. Дар шаш моҳи соли равон бошад, аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёт 6 нафар ҳалок гардиданд. Дар ноҳияҳои Пайариқ ба тарзи мувофиқ 3/6, Пахтачӣ 4/8, Пастдарғам 4/7, Ургут 8/12, Булунғур 3/4 ва Ҷомбой 7/9 ҳодисаи бо марг вобаста рӯй додааст.
Ҷиҳати аҳамиятноки ин масъала, роҳбари давлат барои кам намудани чунин ҳолатҳои ғамовар ҳалҳои муайянро қайд намуд. Аз ҷумла, барои ба тартиб овардани роҳҳои дохилӣ ҳокимони шаҳр ва ноҳияҳо масъул мешаванд. То 1 уми октябри соли равон дар қатори роҳҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ба кадом дараҷа ба талабҳои байналмилалӣ мувофиқ будани роҳҳои Тошканд — Самарқанд — Термиз ва Самарқанд — Бухороро меомӯзанд. То анҷоми сол зарурати таҳияи асоси техникӣ–иқтисодии сохтмони рӯй ва зери заминӣ ва ҷойҳое, ки пиёдаҳо мегузаранд, нишонаҳои замонавии акскунандаи нуру хатҳои асосӣ ва дар соли оянда барои ин мақсадҳо ба прогноз дохил кардани аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҷалб намудани 200 миллион доллар маблағ пешбинӣ мешавад.
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ корҳои муайян амалӣ шудаанд, албатта. Мисол, дар қитъаҳои хавфноки 61 то роҳҳои автомобилӣ таҷҳизотҳои фоторадар, дар 69 то чорраҳа барои роҳандозии сохтори интеллектуалии нақлиёт сечароғ (светофор)-ҳои рақамӣ ва 118 то маҷмӯи воситаҳои барномавии техникии фото ва видеоро қайдкунанда гузоштанд. Инчунин, барои такмили комплексии инфрасохтори роҳ 1968 то ва дар назди мактабҳо 69 то нишонаҳои роҳи маҳдудкунандаи суръат, дар ҷойҳои пиёдагузари мавзеъҳое, ки аҳолӣ бисёр аст, гузоштани 11 сечароғ, ки пиёдаҳо идора мекунанд, сохтмони 23 то сечароғи нав, тармими 28 то сечароғ амалӣ гардид. Дар назди мактабҳо 40 то ҷои пиёдагузари барҷаста (дӯнг) ташкил карда шудааст. Вале ин корҳо кифоя нашуданд. Агар аксаш мебуд, дар шаш моҳи гузашта, ронандаҳое, ки 5 то ва аз он зиёд ҳуқуқшиканӣ содир намудаанд, дар вилоят 5803 торо ташкил намекард. Инчунин, сабаби 94 тои ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, ки дар 6 моҳи соли равон содир намудаанд, ба суръатҳои муайяншуда риоя накардани ронандагон шудаанд.
Умуман, дар ҷамъомади видеоселекторӣ бисёр будани ҳодисаҳои роҳу нақлиётии бо марг вобаста ва аз рӯи шумораи қоидашиканҳо, ки пайваста ба қоида риоя намекунанд, дар сафи «пешқадамон» будани вилояти Самарқанд қайд гардид.
Ронандагони мазкур, чуноне ки роҳбари давлатамон гуфтанд, ба қабили «ҷаримаро пардохтам, акнун аз рӯи хости худ мегардам» кор мекунанд. Аз ин рӯ, чораҳо бар зидди онҳое, ки пайваста қоидашиканӣ мекунанд, қатъӣ мешаванд. «Бо мақсади нишон додани қувваи қонун ба ҳуқуқшиканҳои ашаддӣ сохтори нав ташкил мекунем», — гуфт Президент.
Шавкат ШАРИПОВ,
аъзои Сенати Олий Маҷлис
