Шарҳи қарор
Чорабиниҳои бахшида ба 34 солагии Истиқлолиятамон бар асоси ғояи неки мазкур баргузор мешавад.
Президент Шавкат Мирзиёев рӯзи 10 уми июли соли равон «Дар бораи дидани тайёрӣ ва гузарондани сиву чорсолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қарор қабул кард.
Мувофиқи қарор санаи пуршарафи 34 солагии Истиқлолияти миллиамон дар майдони ҷаҳон ба тарзи аз ҳар ҷиҳат ба дараҷаи тараққиёт, обрӯву эътибори Ӯзбекистони Нав муносиб ва дар савияи баланд қайд карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, маркази вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, инчунин дар ҳамаи шаҳр ва ноҳияҳо, деҳа ва авулҳо ба тарзи муносиб ҷашн гирифтани Истиқлолиятро таъмин мекунанд.
Бо мақсади дар савияи баланд гузарондани ҷашни Истиқлолият ба масъалаҳои зерин эътибори алоҳида нигаронда мешавад:
— ба туфайли ислоҳотҳои васеъмиқёс, ки барои барпо намудани Ӯзбекистони Нав ҳашт сол пеш оғоз гардида буд, манзараи иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеаи мо батамом тағйир меёбад;
— дар муддати кӯтоҳ иқтисодиёти мамлакатамон бо шиддат рушд намуда, ҳаҷми маҳсулоти дохилии умумӣ бори аввал дар таърих аз 110 миллиард доллари ИМА зиёд шуд, роҷеъ ба гузариш ба иқтисодиёти «сабз» ва инноватсионӣ, бунёди манбаъҳои энергияи муқобил барнома ва лоиҳаҳои бузург амалӣ карда мешаванд;
— чуноне ки дар Сарқонуни навамон муайян шудааст, Ӯзбекистон беш аз пеш ба давлати иҷтимоие табдил меёбад, ки қадри инсон, ҳуқуқ ва манфиатҳои онро дар мавқеи аввал мегузорад, барномаҳои давлатӣ роҷеъ ба таъмини шуғл, зиёд кардани ҷойҳои замонавии кор, ихтисори камбизоатӣ, дастгирии қишри ба ёрдам мӯҳтоҷи аҳолӣ натиҷаҳои калон медиҳанд;
— ислоҳот дар соҳаи таълим ба тағйиротҳои бемисле меорад, ки қаблан дар таърихамон дида нашудаанд, ҳоло фарогирӣ дар сохтори таълими томактабӣ нисбати 27 дарсади соли 2017 ба 77 дарсад, дар таълими олӣ бошад, аз 9 дарсад ба 42 дарсад расид ва дар диёрамон сохтори мактабҳои модели нав чун мактабҳои эҷодӣ, ихтисосонида ва Президент амалӣ шуданд;
— ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, илму фан, IT, маданият, адабиёт ва санъат низ эътибори калон дода мешавад, варзишгаронамон дар Олимпиада ва Паралимпиадаи Париж бори аввал аз байни понздаҳ дастаи аввал ҷой гирифтанд, ҷамоаи футболи наврасони 17 солаамон, ҷамоаи миллии мунтахабамон дар таърихи Ӯзбекистон бори аввал роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонро ба даст оварданд;
— зери шиори «Ҷавонон — бунёдкорони Ӯзбекистони Нав» насли наврас донишҳои замонавӣ ва касбу ҳунар, забонҳои модарӣ ва хориҷӣ, IT-технологияҳоро азхуд мекунанд, бо соҳибкорӣ шуғл меварзанд, барои рӯи об кардани истеъдоди онҳо шароитҳои аз ҳар ҷиҳат мусоид фароҳам оварда шудааст, ки ҷавобан ба ин писару духтаронамон дар соҳаҳои мухталиф муваффақиятҳои хурсандиовари аввалинро ба даст меоранд;
— дар солҳои охир шаҳр ва деҳаҳо бо суръати баланд обод мешаванд, мавзеъҳои хонаву ҷои «Ӯзбекистони Нав» бунёд мегарданд, дар доираи барномаҳои «Қишлоқи обод», «Маҳаллаи обод» корҳои бузург амалӣ карда мешаванд, бар асоси шаҳрсозии смарт ва инноватсионӣ шаҳрҳои нав барпо гардида, шабакаҳои инфрасохтори иҷтимоӣ рушд мекунанд;
— сарвати бебаҳои мо будани тинҷӣ, муҳити дӯстӣ ва ҳамҷиҳатии байни ҳам, вазифаи ҳамаи мо будани ҳифз ва мустаҳкам намудани он зарур аст;
— зери шиори «Армия ва халқ — як тану як ҷон» корҳо роҷеъ ба баланд бардоштани салоҳияти Қувваҳои Мусаллаҳ, зиёд намудани тайёрии ҷисмонӣ, маънавӣ-¬руҳии аскарон ва афсарон, тарбияи ҷавонон дар руҳи ватанпарварӣ амалӣ карда мешаванд;
— мавқеъ ва нуфузи Ӯзбекистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳамсоягии нек, ҳамкорӣ ва пурзӯр намудани ҷараёни интегратсия афзуда, ба зинаи нав бардошта мешавад;
Ба пайваста баланд шудани обрӯву эътибор ва нуфузи Ӯзбекистони Нав дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати кушода, демократӣ ва дунявӣ аҳамият медиҳанд.
Озмунҳои анъанавие чун «Модардиёр — дар ҷилои рангҳо», «Барои Ватан зиндагӣ кунем», «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз» ба дараҷаи баланд гузаронда мешаванд.
Зинаҳои ниҳоии озмуни сурудҳо ва асарҳои мусиқии аз ҳама беҳтарин, ки истиқлолияти диёрамонро тараннум мекунанд, баргузор мегарданд.
