“Милан” аз ба даста пайвастани Лука Модрич хабар дод. Хорватии 39-сола бо бошгоҳи итолиёвӣ шартномае бо формати «1+1» имзо кард, ки як сол амал мекунад ва имкон дорад барои як соли дигар тамдид шавад.
Ба иттилои расонаҳо, маоши Модрич дар “Милан” аз 3 то 3,5 миллион евроро дар сол ташкил медиҳад.
Дар бошгоҳи нав Модрич таҳти шумораи 14 бозӣ хоҳад кард — рақаме, ки қаблан дар ҳайати “Тоттенҳэм” мепӯшид.
Ёдовар мешавем, ки Модрич 13 мавсими охир дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ карда, соли 2018 соҳиби ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” гардида буд.
