Ovozi.uz

«Овоз»-и дилам маро ба парвоз овард

Фаридуни Фарҳодзод аз эҷодкорони ҷавон мебошад, ки хонандагон ӯро тариқи ҳикояву мақолаҳояш хуб мешиносанд. Вай якчанд сол дар нашрияҳои чопии Самарқанд, аз ҷумла рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳамчун котиби масъул кор кард ва дастпарвари мактаби маҳорати ин рӯзнома мебошад. Ҳоло фаъолияти худро дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик» идома медиҳад. Ҳамзамон докторанти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов аст.
Фаридуни Фарҳодзод ба қарибӣ дар соҳаи журналистика соҳиби «Қалами тиллоӣ» гардид. Ба ин муносибат бо ҳамкорамон суҳбат оростем:


— Аввало, Шуморо аз номи ҷамоаи рӯзномаи «Овози Самарқанд» бо сазовори ҷоизаи «Қалами тиллоӣ» гардиданатон самимона табрик мегӯем! Медонем, ки рӯзноманигорӣ кори осон нест ва ин роҳ аз инсон ҳамеша омӯхтани навгониҳои соҳаро талаб менамояд. Дар бораи қадамҳои аввалин, дастовард ва хулосаҳо ҳарф мезадед.
— Соли 2007 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар зинаи вилоятии олимпиадаи фаннӣ пирӯз гардидам. Пас аз чанд рӯз дар рӯзномаи бачагонаи «Ғунчаҳои умед» («Умид ғунчалари»)-и вилоят ному насаби ғолибони олимпиада эълон гардид. Вақте газета дастрас шуд ва дар он номамро хондам, ҳастиямро як ҳисси аҷиб фаро гирифт, ки ҳоло наметавонам он эҳсосро бо сухан тавсиф намоям. Шояд аввалин меҳр, нахустин ангеза ва дилгармӣ ба соҳа аз ҳамон айём оғоз ёфта бошад. Бори дувум, вақте дар зинаи ҷумҳурии олимпиада пирӯз шудам, ному насаб ва аксам якҷоя бо ду ғолиби дигар дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп гардид. Бори сеюм, соли 2008 дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» як тарҷумаи хурдам, агар иштибоҳ накунам, дар мавзӯи варзиш буд, интишор шуд. Аммо ба маънои воқеӣ қадами аввалинро ба арсаи матбуот соли 2013 дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Истиқбол-­пресс» гузоштам. Дар ин ҷамъият, ки ҷамоаи хурд зери сарварии инсони фарҳангдӯст Акбар Маҳмудов сарҷамъу муттаҳид кор карда, чанд номгӯй рӯзномаро чоп мекарданд, аз журналистони ботаҷриба асрори соҳаро омӯхтам. Ҳамчун мухбири рӯзномаи бачагонаи «Булбулча-доно», ки газетаи ягонаи тоҷикии мактабиён дар Ӯзбекистон буд, қалами журналистӣ ба даст гирифтам.
— Кор дар рӯзномаи бачагона чӣ гуна вижагиҳо дошт? Фаъолияти баъдинаи шумо чӣ хел ҷараён гирифт?
— Вақте нафаре аз пайи бозомӯзии забони хориҷӣ мешавад, муаллим барои азхудкунӣ ё тарҷума, албатта, нахуст матнҳои хурд ва содаву фаҳморо медиҳад. Ё агар касе ба толори варзишӣ меравад, мураббӣ пеш аз ҳама машқҳои саҳлу осонро меомӯзад. Фикр мекунам, кор дар рӯзнома ё маҷаллаи кӯдакона ҳам дар ҳадде ба ҳамин монанд аст. Бояд гуфт, ки омодасозии матолиб барои бачагон мушкилоти хосро дорад. Муаллиф ӯҳдадор аст, ки мавзӯъ ва матолиби судманду ҷолибро дарёбад, онро фасеҳу мухтасар баён кунад, дилнишину шавқовар нависад, инчунин, ба рӯҳияти кӯдакон мутобиқ намояд. Ин ҳама аз нигоранда масъулият талаб мекунад ва дар навбати худ барои такмили маҳорати касбии рӯзноманигор мусоидат менамояд. Аз соли 2014 баробари кор дар «Булбулча-доно», дар бахши гуфторҳои тоҷикии шуъбаи радиои Ширкати симо ва садои вилояти Самарқанд (СТР) фаъолият намудам. Дар ин даргоҳ низ якҷоя бо хабарнигорони ботаҷриба, сухандонҳои бомаҳорат кор карда, аз онҳо нуктасанҷӣ, тезкориро омӯхтам. Ин ҷо чор сол кор кардам ва аз 1‑уми январи соли 2018 фаъолияти худро дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» оғоз намудам.
— Вақте ба солҳои фаъолияти шумо дар ҷодаи матбуот назар мекунем, мебинем, ки беш аз ҳама дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» фаъолият намудаед: қариб ҳафт сол. Лутфан дар бораи нақши ин рӯзнома дар фаъолият ва ҳаёти худ мегуфтед…
— Дар рӯзгори ҳар як инсон лаҳзаву воқеаҳое мешаванд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ аз ёд намераванд, барои як умр дар хотир нақш мебанданд. Ман ҳамон ҳафт солеро, ки дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» кор кардам, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Ҳамон толори дароз, утоқҳои корӣ, ҳамкорони меҳрубону самимӣ, даву тозу талошҳо, маҷлисҳо, баргузории чорабиниҳо, интишори китобҳо… Бо итминон гуфта метавонам, ки нақши ҳайати меҳнатқарини рӯзнома, ки таҳти сарварии инсони уҳдабаро, роҳбари сахтгиру серталаб Баҳодур Раҳмонов пайваста барои ҷолибу хонданӣ чоп шудани рӯзнома талош мекарданду мекунанд, дар ҳаёту фаъолиятам бениҳоят бузург аст. Дар ин ҷо аз рӯзноманигорони варзида, мухбирони ҷамоатии фидокори рӯзнома, ҳамчунин, аз мухбирони ботаҷрибаи рӯзномаҳои дигари вилоятӣ асрори соҳаро боз ҳам мукаммалтар омӯхтам. Маҳз дар ин даргоҳ дар худ хислатҳои хоси журналистӣ, чун масъулиятшиносӣ, сухансанҷӣ ва меҳнатдӯстиро ташаккул додам, қадамҳоям дар майдони матбуот устувортар гардид. Навиштани мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ, анҷом додани таҳқиқоти журналистиро аз бар намудам. Медонед, Шаҳзод, вақте дар рӯзномаи бачагонаи «Булбулча-доно» кор мекардам, парандаи навболи фазои матбуотро мемондам. Ширкати садо ва симои вилоят дар ҳадде болҳои эҷодиямро қавитар кард. Мактаби бузурги эҷодии рӯзномаи маҳбубу маъруфи «Овози Самарқанд» бошад, маро ҳамаҷониба обутоб дода, дар ин фазои бекарон ба парвоз овард, ба як пораи дилам табдил ёфт. Ва алъон дар рӯзномаи «Овози тоҷик», дар муҳит, фазо ва доираи имконоти дигар фаъолияти эҷодии худро идома медиҳам. Худоро ҳазорон шукр мегӯям, ки маро дар ҷодаи фаъолият бо беҳтаринҳо рӯ ба рӯ кард… Беҳтарин ҷамоаҳои корӣ, беҳтарин устодон, беҳтарин ҳамкорон, беҳтарин маслиҳатгузорон ва беҳтарин роҳнамоён буданд, ки дастгиру мададгор шуданд ва ба кадом комёбиву муваффақияте ноил шуда бошам, бо дастгириву ёрмандии онҳо аст….
— Нақшаҳои ояндаатон…
— Ҳоло, ки мо дар саргаҳи роҳи эҷод қарор дорем, бояд пайваста омӯзем ва таҷриба зиёд кунем. Вақте ки дар доманаи кӯҳ ҳастед, мехоҳед ба қулла бароед ва аз нуқтаи баландтарин атрофро тамошо кунед. Ин, албатта, лаззат, ҳаловат ва роҳати дигар дорад. Ният дорем, ки дар рушди матбуоти миллӣ саҳми бештар гузошта, мақолаҳои хубу хонданиро нависем, маҷмӯаҳои мақолоти беҳтарини публитсистӣ ва ҳикояҳои худро рӯйи чоп оварем.

Мусоҳиб Ш.КЕНҶАЕВ