Ovozi.uz

Имрӯз зодрӯзи адиби ҳаҷвнигор Бахтиёри Ҷумъа

Бахтиёр ҶУМЪАЕВ (Бахтиёри Ҷумъа) 1-уми феврали соли 1953 дар деҳаи Ҷарқишлоқи ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактабҳои миёнаи рақами 47 ва 16-и ноҳия шомили Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ гардид. Бо роҳхати донишкада таи як сол дар мактаби рақами 50-и ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё муаллимӣ кард. Чанде муҳаррири шӯъбаи кишоварзии радиои Тоҷикистон буд. Солҳои 1975-1976 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат намуд.
Пас аз адои хизмат то соли 1979 дар кумитаи радио дар вазифаи муҳаррири калони шӯъбаҳои саноат ва сохтмон заҳмат кашид. Баъд ба кори рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») гузашта, аз мухбирӣ то ба дараҷаи котиби масъул расид.
Дар рӯзномаҳои «Оинаи зиндагӣ», маҷаллаи «Фирӯза» ва чанд сол котиби масъули ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-и Тоҷикистон буд. Чанд сол масъул ва муҳаррири саҳифаи тоҷикии рӯзномаи ноҳиявии «Гулобод тонги» буд. Ҳоло мухбири рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” аст.
Бахтиёри Ҷумъа ҳаҷвнигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи китобҳои зиёд мебошад.