Маҳаллаи обод бешубҳа аз хонадони обод, кӯчаи обод сар мешавад. Маҳз бо мақсади анҷом додани корҳои ободонӣ дар асоси супориши Сарвари давлатамон дар минтақаҳои дурдасти кишвар тибқи меъёри «Хонадони обод — кӯчаи обод — маҳаллаи обод» бунёдкориҳо амалӣ мегарданд.
Имрӯзҳо дар маҳаллаи «Қиёт»-и ноҳияи Иштихон низ дар асоси ин меъёр бобати таъмири роҳҳои дохилӣ, беҳтар намудани таъминоти оби ошомиданӣ, таъминоти нерӯи барқ, навсозии низоми алоқа ва ахбору обёрӣ, ҳамчунин таъмини шуғли аҳолӣ чорабиниҳои зарурӣ иҷро мешаванд. Аз ҷумла, тибқи меъёри «Хонадони обод» ҷамъ дар 1163 хонадони 9 деҳаи маҳалла барӯйхатгирӣ анҷом ёфта, аз рӯйи бартараф кардани камбудиҳои аниқгардида корҳо сар шуданд.
Дар оғози сол «Харитаи роҳ»-и корҳо тасдиқ гардида, дар он иваз кардани 420 дона симчӯби кӯҳна бо сутунҳои бетонӣ-оҳанӣ, ба масофаи 15 километр кашидани кабели СИП, гузоштани 4 дона трансформатори нав ва таъмири ҷории 14‑то трансформатор муқаррар гардидааст.
Инчунин, дар соҳаи иҷтимоӣ низ бунёди бинои нави маҳалла, таъмири ҷории мактабҳои ҳамагонии 46, 47, 58 ва ташкилоти таълими томактабии рақами 21, обод кардани қабристон, таъмир кардани 2 майдони варзишӣ, бунёди 9 иншооти воркаут пешбинӣ шудааст.
Ғайр аз ин, шағалрезӣ дар 9,1 километр кӯчаҳои дохилии маҳаллаи Қиёт, гузоштани 100 дона чароғҳои шабона дар кӯчаи марказӣ, таъмири роҳҳои автомобилгарди умумии деҳаҳо, шабакаҳои газ дар масофаи 3,5 километр, инчунин, ба масофаи 2,8 километр кашидани шабакаи интернет ба нақша гирифта шудааст.
То ҳол дар асоси «Харитаи роҳ» корҳои шоёни таҳсин амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, ба масофаи 1,1 километр пайроҳаи пиёдагардон бунёд гардид, 4‑то трансформатори нав, 370 дона сутунҳои бетонӣ-оҳанӣ гузошта шуд. Мактабҳои 46, 47 ва 58 таъмир гардида, атрофи онҳо девор карда шуд. Ҳоло дар мактабҳои 46, 47 ва ташкилоти таълими томактабии рақами 21 бунёди қаровулхонаҳо идома дорад.
Илова бар ин, дар бинои бунгоҳи тиббии деҳот корҳои таъмири асосӣ сар шуда, то ҳол қариб 70 дарсади корҳо анҷом ёфтанд. Дар 5 қабристони ҳудуд корҳои ободонӣ иҷро гардида, қисмати сад метрии қабристони деҳаи Чиноқ бо девор иҳота карда шуд. Ба дарахтон шакл дода, сафед карданд. Дар оянда пурра девор кардани атрофи қабристонҳо муқаррар гардидааст.
Дар меъёри «Хонадони обод — кӯчаи обод — маҳаллаи обод» ба масъалаҳои дастгирии оилаҳои ниёзманд, таъмини шуғли аҳолӣ, беҳдошти саломатӣ, ғамхорӣ ба шахсони ногироидошта низ мавриди эътибор қарор дорад. Маҳз бо ҳамин мақсад таъмири асосии манзили зисти 12 оилаи мӯҳтоҷи маҳаллаҳо, инчунин, аз нав сохтани хонадони як оила пешбинӣ гардида, ҳоло корҳои сохтмонӣ босуръат идома меёбад. Инчунин, бо мақсади дастгирии аҳолии ниёзманд бо сарпарастии корхонаи таъминоти гази ноҳия ба 5 нафар шаҳрванд плитаҳои газ ва ба 22 нафар баллонҳои гази моеъ тақдим карда шуд.
Боиси таъкид аст, ки дар ҳудуди маҳалла дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» низ дар канори роҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, хонадони аҳолӣ маконҳои сабз ташкил гардида, беш аз 10 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва манзаравӣ шинонида шуд.
Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, саривақтӣ аниқ ва табобат кардани бемориҳои сокинони деҳаҳо 7 маротиба санҷиши тиббӣ ташкил гардид. Аз ҷумла, дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Кияти ноҳия санҷиши амиқи тиббӣ гузаронида шуда, беш аз 40 нафар шифокорони ботаҷрибаи вилоят ва Иттиҳодияи тиббии ноҳия бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ 2641 нафар аҳолиро аз санҷиш гузаронданд. Дар натиҷаи санҷишҳо дар 1884 нафар бемориҳои гуногун аниқ гардиданд. Шифокорон ба 209 нафар баҳри табобати статсионарӣ ва ба 1675 нафар барои табобат дар шароити амбулаторӣ тавсияҳо доданд.
Ҳоло шумораи ҷавонони синнашон 14–30 солаи маҳаллаи Қиёт 1555 нафарро ташкил карда, аз онҳо 1155 нафар аз лиҳози иҷтимоӣ фаъоланд. 105 нафар дар муассисаҳои таълими олӣ таҳсил мегиранд. Маҳз бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва афзунсозии эътибори ҷавонон ба намудҳои спорт аз рӯйи ҳашт намуди варзиш мусобиқаҳо ташкил гардида, иштироки беш аз 300 нафар ҷавон, зану духтарон ва наврасони маҳалла таъмин карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар муддати сипаришудаи соли равон дар ҳудуди маҳаллаи Қиёт бобати таъмини шуғли аҳолӣ, ҷудо кардани кредитҳои имтиёзнок, ҷалби аҳолӣ ба тадбиркорӣ, бозомӯзии касбу ҳунар низ чорабиниҳои муҳим амалӣ шуда, имрӯзҳо чунин ташаббусҳои неку корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ идома меёбад.
Маматҷон ТУРДИЕВ,
мудири Қабулхонаи халқии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон дар вилояти Самарқанд.
