Ба пешвози 120-солагии иттифоқҳои касаба
Дар мамлакатамон чун дар тамоми дунё вазифаи пурмасъулияти таъмини ҳаққу ҳуқуқ ва қадру қимати шахс, баробарии марду занро дар ҷабҳаи меҳнат ташкилоти ҷамоатии иттифоқҳои касаба иҷро мекунад.
Дар Самарқанд Шӯрои вилоятии иттифоқҳои касаба баробари таъмини ҳуқуқҳои беш аз 600 ҳазор нафар коргару ходимонро ба меҳнат, бо шахсони дар корхонаҳои сектори ғайридавлатӣ фаъолият дошта низ робита мекунад.
Дар ин самт мо ба масъалаҳое чун дар корхонаҳо барои коргару ходимон фароҳам овардани шарту шароит, истифодаи коргару ходимон аз афзалиятҳое, ки дар қонунҳо муайян гардидаанд ва ғайра ҳамеша эътибори ҷиддӣ медиҳем.
Дар даври гузаштаи соли равон дар натиҷаи саъю кӯшиш, фаҳмондан ва нишон додани афзалиятҳои шахсони узви иттифоқҳои касаба дар 2112 корхонаи мақоми ҳуқуқӣ доштаи вилоят ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба ташкил гардид ва 40192 нафар коргару ходимоне, ки дар ин ҷамоаҳо кор мекарданд, узви иттифоқи касаба шуданд.
Аз фаъолияти комиссияҳои муштараки сетарафа
Бо мақсади рушди пайвастаи робитаҳои иҷтимоии миллии сетарафа бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон дар миқёси ҷумҳурӣ ва минтақаҳо комиссияҳои сетарафаи иборат аз вакилони идораҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои кордиҳандагон ва иттифоқҳои касаба роҷеъ ба масъалаҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ташкил намуда, миқёси фаъолияти онҳо васеъ мешавад.
Ҳокимияти вилояти Самарқанд, шӯрои вилоятии федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ва садорати ҳудудии Палатаи савдову саноатии Ӯзбекистон байни худ барои солҳои 2023-2025 роҷеъ ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ созиши ҷамоавии минтақавии иборат аз 10 қисм ва 86 бандро имзо карданд.
Барои иҷрои чорабиниҳои шартномаи ҷамоавӣ дар вилоят ба ҳисоби миёна ба як нафар ходим дар соли 2020 2 миллиону 349 ҳазору 800 сӯм сарф шуда бошад, нишондиҳандаи мазкур дар соли 2024 9 миллиону 349 ҳазору 185 сӯмро ташкил намуд.
120-солагии иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистонро кай ҷашн мегиранд?
Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон солҳои охир барои омӯхтани таърихи иттифоқҳои касаба дар мамлакатамон ва ба ҷамоатчигии васеъ расондани он як қатор корҳоро амалӣ мекунад. Аз ҷумла, гурӯҳи кории федератсия, ки аз собиқадорону ходимон ва мутахассисони варзида ташкил гардида буд, дар Бойгонӣ (архив)-и миллии Ӯзбекистон, Бойгонии миллии ҳуҷҷатҳои кинофотофони Ӯзбекистон, Бойгонии Администратсияи Президент, Институти таърихи Академияи фанҳо, Китобхонаи миллии ба номи А.Навоии Ӯзбекистон, Осорхона (музей)-и таърихи Ӯзбекистон ва муассисаҳои илмии дигар, фонди Бойгонии таърихи давлат ва Китобхонаи миллии Россия беш аз 1000 ҳуҷчати таърихӣ, инчунин беш аз 200 шумораи рӯзномаҳои «Туркистон», «Дунёи коргарон», «Хуршед» ва «Самарқанд»-ро омӯхта, таҳлили ҳаматарафаи амиқ кард.
Дар натиҷа муайян гардид, ки дар диёрамон аввалин ташкилоти иттифоқҳои касабаро коргарони роҳи оҳан ва ходимони алоқа дар фасли тирамоҳи соли 1905 ташкил кардаанд. Аз ҷумла, ҳамон сол иттифоқи роҳи оҳани Туркистон ташкил гардида, дар оғози соли 1906 8 ҳазор нафар коргару ходимони роҳҳои оҳани Осиёи Миёна ва Оренбург – Тошкандро дар худ муттаҳид кардааст. Рӯзҳои 13-20-уми декабри соли 1905 Анҷумани якуми коргару хизматчиёни роҳи оҳани Осиёи Миёна баргузор шуда, дар он қарор қабул кардаанд, ки аз моҳи январи соли 1906 рӯзи кории 8-соата муайян мегардад. Рӯзи 1-уми июли соли 1906 дар шаҳри Тошканд роҳиоҳанчиёни Осиёи Миёна ва Оренбург – Тошканд Анҷумани аввалини муштараки Туркистонро гузаронданд.
Дар он Оиннома (Устав)-и коргару ходимони роҳи оҳани Осиёи Миёна ва Оренбург-Тошканд қабул карда шудааст.
Рӯзи 24-уми октябри соли 1905 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади умумии коргарони Почта-телеграф баргузор гардид. Дар он қарор қабул карда шуд, ки шӯъбаи Туркистони иттиҳодияи почта-телеграфро ташкил карда, барои идораи корҳо аъзои кумита интихоб кунанд.
Дар натиҷаи омӯзиши илмӣ, таҳлилҳои таърихӣ-назарӣ, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва манбаъҳои амиқ он чиз исботи пурраи худро ёфт, ки дар соли 1905 дар мамлакатамон бори аввал ҳаракати иттифоқҳои касаба ташкил гардида, соли оянда ба ин воқеаи таърихӣ 120 сол мешавад.
Муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ
Дар даври гузаштаи соли 2025 аз шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ ба иттифоқҳои касаба 93-то муроҷиат расиданд. 27-тои онҳо хаттӣ, 25-тояш ба воситаи телефон ва 41-то ба воситаи сохтори электронӣ қабул карда шудаанд.
Аз 93-то 40-то муроҷиати ба иттифоқҳои касаба расидаро қонеъ намуданд, ба 48-тои онҳо эзоҳҳои дахлдор дода шуданд ва 5-то муроҷиат омӯхта мешавад. Бояд қайд кард, ки дар 5 соли охир 1705 муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва юридикиро ба рӯйхат гирифтаанд. 846-тои онҳо қонеъ гардидаанд, ба 830-тоаш эзоҳҳои дахлдор дода шудаанд, 27-тоашро ба идораҳои дахлдор фиристодаанд ва 2-то муроҷиат баррасӣ нагардидааст (аноним).
Бар асоси чунин муроҷиатҳо ҳуқуқи 322 нафар ходимро барқарор карданд ва ба рӯёндани 318 миллиону 319 ҳазору 771 сӯмина маблағ муяссар гардиданд. Мисол, омӯзгори мактаби рақами 15-уми ноҳияи Қӯшработ Умида Мустафоева муроҷиат кард, ки пули таътили таваллуди фарзандро гирифта натавонистааст. Шӯрои вилоятии иттифоқҳои касаба муроҷиати мазкурро дар доираи ваколати худ омӯхта, ба шаҳрванд 6 миллиону 718 ҳазор сӯм маблағро рӯёнда дод. Инчунин, муроҷиати коргари корхонаи хориҷии ҶММ «Турбо Хугинис» Н.Раҷабоваро роҷеъ ба ғайриқонунӣ аз кор сабукдӯш шудани ӯ омӯхта, дар натиҷа ходимро ба кор барқарор кард.
Шароити мусоид ва бехавфи меҳнат!
Барои ташкили назорати пайвастаи ҷамоатчигӣ роҷеъ ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид ва бехавфи меҳнат ба ходимон дар даври ҳисоботӣ дар 223-то корхона ва ташкилот ба тартиби назорати ҷамоатӣ иҷрои қонун ва ҳуҷҷатҳои меъёр (норматив)-и ҳуқуқиро санҷида, дар онҳо 1411-то ҳолати ба қонун риоя накардан муайян гардид ва аз рӯи онҳо ба кордиҳандагон тақдимномаҳо фиристода, бартараф намуданд.
Ба 182 нафар шахс ва аъзои оилаҳо, ки дар корхона, ташкилот ва муассисаҳо фаъолият пеш бурда, дар рафти истеҳсолот ҷароҳат гирифтаанд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуданд. Дар судҳо 16 маротиба манфиати ходимонро ҳимоя карда, ба рӯёндани зарари расонда муяссар гардиданд.
Корхона, ташкилот ва муассисаҳои вилоят дар даври ҳисоботӣ барои иҷрои чорабиниҳое, ки ба иҷрои ҳифзи меҳнат нигаронда шудаанд, аз ҳисоби кордиҳандагон 269 миллиарду 302 миллиону 600 ҳазор сӯм маблағро сарф намуданд.
Барои чорабиниҳои ҳифзи меҳнат барои ҳар як ходим ба ҳисоби миёна 5 миллиону 160 ҳазор сӯм маблағро истифода бурдаанд.
Маблағҳои мазкур барои харидани сару либос, пойафзал, воситаҳои ҳимояи шахсии махсус, барои гузарондани ходимон аз муоинаи тиббӣ, додани маҳсулоти ширӣ, хӯрокворӣ ва беҳдошти шароити меҳнатӣ сарф гардидаанд.
Истироҳат
Шӯрои вилоятии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон дар соли 2025 бояд ҳамагӣ истироҳати 6200 нафар ходимонро ташкил кунад. (Аз онҳо 3000 нафар ходимоне, ки кор мекунанд, 3200 нафар ходимон ва аъзои оилаи онҳо).
Дар 6 моҳи соли равон ба 2523 нафар коргару ходимон ва аъзои оилаи онҳо ба истироҳатгоҳҳо роҳхат дода шуд.
(Барои маълумот: дар 5 соли охир дар вилоят 24259 нафар коргар-ходимон ва аъзои оилаи онҳо дар санаторияҳои гуногун истироҳат намуданд).
Бо мақсади пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии ҷавонон ва дастгирии ҳаматарафаи онҳо дар соҳа корҳои назаррас амалӣ мешаванд. Дар даври ҳисоботи 47 маротиба вохӯрии «Роҳбар ва ходимони ҷавон» ва «Роҳбар ва ҷавонон» ташкил карда шуд ва дар онҳо 6854 нафар ҷавонон иштирок намуданд. Баробари ҳамин дар ин давр беш аз 30 маротиба «Вохӯрии се авлод» баргузор гардид ва дар ин чорабиниҳо 5412 нафар ҷавонон иштирок карданд.
Ғайр аз ин дар мавсими тобистони соли 2025 дар 13-то оромгоҳи статсионари истироҳат кардани 8000 нафар бачаҳоро ба нақша гирифтаанд. Дар оромгоҳҳои статсионарии вилоят дар мавсими имсола аз 10-уми июн дар даври якум 2021 нафар, даври 2-юм 2026 нафар ва ҳоло дар даври 3-юм 1757 нафар бачаҳо истироҳат хоҳанд кард.
Ташкилотҳои ибтидоӣ чӣ хел фаъолият оғоз мекунанд?
Ҳоло дар Ӯзбекистони Нав ба фаъолияти озодонаи иттифоқҳои касаба, барои ба иттифоқҳои касаба муттаҳид шудани ходимон шарту шароитҳои хуби зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Бояд алоҳида таъкид кард, ки Ӯзбекистон 24-то Конвенсия ва 1-то протоколи Ташкилоти байналмилалии меҳнатро ратификатсия кардааст.
Федератсияи иттифоқи касабаи Ӯзбекистон узви баробарҳуқуқи Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касаба шудааст, ки дар дунё иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи аз ҳама бузург мебошад.
Ҳар сол бар асоси маълумотҳои идораҳои андоз ва омор рӯйхати корхона ва ташкилотҳое, ки фаъолият пеш мебаранд, таҳлил карда мешаванд ва барои дар онҳо ташкил намудани ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба корҳои манзилнок амалӣ мегарданд.
Шӯрои вилоятии иттифоқҳои касаба барои ба узвият ҷалб намудани корхона, ташкилот ва муассисаҳо буклети «Афзалият ва имтиёзҳои аъзои иттифоқҳои касаба»-ро таҳия карда, корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ мебарад.
Дар натиҷа шумораи аъзои иттифоқҳои касаба аз 483471 нафари соли 2020 то ба 684251 нафари соли 2024 (14,5 дарсад) афзуд.
Барои маълумот, агар дар соли 2020 6515 нафар кормандонро ба аъзогӣ қабул карда бошанд, дар соли 2024 117436 нафар ва дар 6 моҳи соли 2025 59111 нафарро ба аъзогӣ қабул намуданд.
Қоидаи тиллоии зинаи шашум
Ҷомеа наметавонад бе зан ва духтарон ривоҷ ёбад. Бинобар ин зиёд кардани фаъолии иҷтимоии онҳо, ҳал кардани муаммоҳои ҳаётиашон яке аз вазифаҳои устувор ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо бо роҳандозии «Дафтари занон, ки қаблан дар амалиёт ҳеҷ истифода нашудааст, ба ҳазорҳо хонадонҳо даромадани ходимони мо айни ҳақиқат аст.
Ҳифзи иҷтимоии хоҳарону духтарон, таъмини шуғли онҳо, аз ҳама беш дастгирии манзилноки занҳои эҳтиёҷманд зина ба зина амалӣ карда мешаванд. бояд эътироф кард, ки «Дафтари занҳо» ба ҳаёти ҳазорон зан ва духтарон равшанӣ гирифта даромад. Қобилияти пинҳонии бисёр занҳо, ки ба чиҳо қодир будани худро надониста, аз қисмати худ розӣ зиндагӣ мекарданд, бо шарофати ҳамин дафтар рӯи об шуд. Иттифоқҳои касаба барои дастгирии пайвастаи занҳо, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамеша саҳм мегузорад. То ҳол аз 10 ҳазору 509 нафар занҳо, ки бо рӯйхати «Дафтари занҳо» дохил карда шудаанд, ба 73 ҳазору 322 нафар ё ки 70,2 дарсади онҳо ёрии амалӣ расондаанд.
Инчунин, барои пайваста ҳал намудани муаммоҳои зан ва духтарон аз 7-уми марти соли 2020 фаъолияти телефони боварии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон «Телефони боварӣ роҷеъ ба муаммоҳои зан ва духтарон – 1211» (call-center) роҳандозӣ гардид.
Баъди оғози фаъолияти телефони боварии мазкур ба воситаи он дар вилояти Самарқанд 13085-то муроҷиати занҳо қабул карда шуд ва ҳамаи онҳоро барои иҷро равона намуданд. 6541-то муроҷиатро ба таври мусбат ҳал ва муаммои 6123-тои онҳоро фаҳмонданд ва 421-тоаш рад карда шуд.
Зану духтарон имрӯз чун соҳибкор на танҳо худ, балки дигаронро низ соҳиби шуғл намуданд. Мисол, агар ба сокини маҳаллаи Пичоқчии ноҳияи Оқдарё Наргиза Қурбонова панҷ сол пеш «Дар оянда ту ба сифати соҳибкор обрӯ меёбӣ», мегуфтанд, ба ин суханҳо бовар намекард. Вайро соли 2021 дар натиҷаи омӯзишҳо ба рӯйхати «Дафтари занҳо» дохил намуданд. Сипас, ба ивази кредити имтиёзноки 30 миллион сӯмина 3-то мошинаи дӯзандагӣ гирифт. Дар ҳамкорӣ бо занҳои чун худаш бекор, дӯзандагиро роҳандозӣ намуда, дар муддати кӯтоҳ дар байни мардум шинохта шуд. Чунки, дар коре, ки бо меҳр ва иштиёқ иҷро мекунанд, барака мешавад. Вай маҳсулоти ба эҳтиёҷоти аҳолӣ мос истеҳсол намуда, даромади хуб гирифт. Сипас, бо нияти боз ҳам васеъ кардани фаъолияти худ, дар ҳавлиаш устохонаи дуқабата сохт. Аз бонк боз 50 миллион кредит гирифта, дастгоҳҳои замонавӣ харид. Ҳамин тавр барои нишеман (салон)-и мошинҳо маҳсулот истеҳсол намуд. Ҳоло 8 нафар зан ва духтарони ҳаммаҳалла дар сехи Наргиза Қурбонова меҳнат карда, рӯзгори худро мегузаронанд.
Лобархон Нуруллоеваро, ки дар ҳамин мавзеъ зиндагӣ мекунад, ба рӯйхати зинаи панҷуми «Дафтари занҳо» дохил карда буданд. Вай низ аз кредити 25 миллион сӯминаи имтиёзнок оқилона истифода бурда, ғайр аз худаш боз шуғли се нафарро таъмин кард. Яъне, ҳар зинаи сохтор ба занҳои боистеъдод қанот мешавад.
Сохтори «Дафтари занҳо» сол аз сол такмил меёбад. Ҳар як зина вазифаҳои худро дорад. То ҳол дар доираи зинаи шашуми навбатӣ қисми аввали корҳо ба охир расиданд. Акнун чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ва иқтисодии амиқ ва манзилнокӣ зан ва духтарони эҳтиёҷмандро таҳия мекунем. То ҳол рӯйхати занҳои ба ёрӣ мӯҳтоҷро тартиб дода, параметрҳои додани ёрии амалиро муайян кардем. Дар ин ҷараён ба тамоюлҳои шаффофӣ ва адолат амал намуданро зери назорати пурқуввати ҷамоатӣ гирифтаем.
Гурӯҳи корӣ аз 843 ҳазор бо 814,4 ҳазор нафар зан ва духтарони аз 30-сола калон, ки дар вилоятамон зиндагӣ мекунанд, сӯҳбат карда, анкета-пурсишномаҳоро ба расмият даровард. Моҳи гузашта «ҳафтгонаи маҳалла» рӯйхати зан ва духтароне, ки ба зинаи навбатии «Дафтари занҳо» дохил карда мешаванд ва барномаи индивидуалии кор бо онҳоро ташаккул дод. Ҳамин тавр 104 ҳазору 509 нафар зан ва духтаронро ба рӯйхати зинаи шашуми «Дафтари занҳо» дохил карда, тоифаи ёриҳое, ки расонда мешаванд, ҷудо карданд. Аз ҷумла, зан ва духтарони бекори ба ҳифзи иҷтимоии тоифаи якум мӯҳтоҷ 45 ҳазору 249 нафар мебошанд. Ҳоло таъмини шуғли онҳо ба нақша гирифта мешавад. Ба 3 ҳазору 260 нафар зан ва духтарони тоифаи дуюм кредитҳои имтиёзнок пешниҳод намуда, аз рӯи хоҳишашон барои бо соҳибкорӣ шуғл варзидани онҳо ёрӣ медиҳанд. Ба 23 ҳазору 841 нафар зани сарвари оилаашро гумкардаи тоифаи саввум ёрии моддии якмаротибаина медиҳанд. 258 нафар занҳои хонаву ҷояшон таъмирталаб низ аз эътибор дар канор намемонанд. Ба 21 ҳазору 621 нафар зан ва духтарони ба тоифаи чорум мансуби ногироии гурӯҳи I ва II доштаи мӯҳтоҷи ёрии иҷтимоӣ ва муолиҷаи тиббии ҳатмӣ низ додани ёрии моддии якмаротибаина пешбинӣ шудааст. Ба 113 нафар занҳои ба тоифаи мазкур дохил низ дар таъмири хонаву ҷояшон ёрӣ мерасонанд. 336 нафар зан ва духтарони хонаи хусусӣ надошта ва ба ҷои истиқоматӣ мӯҳтоҷ аз тоифаи панҷум ҷой гирифтаанд. 76 нафари онҳо бо хонаву ҷой таъмин гардида, ба 260 нафарашон компенсатсияи иҷора дода мешавад. Занҳои ба тоифаи шашум мансуби фарзанди ногиро дошта 10 ҳазору 202 нафарро ташкил намуда, онҳо низ ёрии моддии якмаротибаина мегиранд. Ба 155 нафари онҳо барои истифодаи самаранок аз замини назди ҳавлигӣ кӯмак мерасонанд.
Боз як ҷиҳати муҳими масъала — онҳое, ки ба рӯйхати «Дафтари занон» дохил карда шудаанд, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва психологӣ дастгирӣ карда мешаванд. Баробари ҳамин ба занҳое, ки мӯҳтоҷи ёрии тиббӣ мебошанд, имконияти табобати статсионарӣ ё ки амбулаториро фароҳам меоранд. Дар ҳолатҳои зарурӣ бо воситаҳои реабилитатсионӣ таъмин мекунанд. Фарзандони чунин занҳо низ аз ёрии тиббӣ баҳраманд мешаванд.
Қаблан саёҳат ва зиёрати як гурӯҳ бонувони ба рӯйхати «Дафтари занҳо» дохил кардаро ба вилояти Хоразм ва шаҳри Тошканд ташкил карда будем. Чунин чорабиниҳо ҳоло низ пайваста идома меёбанд.
Таъмини самаранокии корҳо роҷеъ ба дастгирии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва психологии занҳо, ба онҳо омӯзондани дониш ва касб, муайян намудани муаммоҳои занон ва бартараф кардани онҳо аз ин рӯ низ ҳамеша дар эътибори мо мешавад.
Сӯҳроб РАФИҚОВ, раиси Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд
