Рӯзи 8-уми апрел дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки ходимони нақлиёт ва ВАО анҷумани матбуотӣ доир гардид. Дар оғоз, ҷонишини Сардори шӯъбаи мувофиқгардонии нақлиёти мусофиркаш Маҳмуд Узоқов дар бораи фаъолияти соҳа маълумот дод. Таъкид намуд, ки дар боби хизмати автобусҳо ба аҳолӣ 42 -то шахси ҳуқуқӣ бо 472 воситаи нақлиётӣ ба мусофирон дар хатсайрҳои гуногун хизмат мерасонанд.
— Агар ба рақамҳо назар андозем, дар миқёси вилоят, дар дохили шаҳри Самарқанд 337 автобус мавҷуд буда, аз он 243-тоаш дар хатсайрҳои автобуси шаҳр ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Ин нишондиҳанда аз рӯи талаби умумии шаҳр 47 фоизро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои Нуробод, Оқдарё, Тайлоқ, ки аз рӯйхат гузаштаанд, ягонто автобус мавҷуд нест — гуфт, М. Узоқов. — Имрӯзҳо дар вилоятамон барои рушди соҳаи нақлиёт, сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани ҷозибадории он корҳои бисёр амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар давоми солҳои 2023—2024 ҶММ «Мароқанд транс 777» ва «Дилшод транс сервис» 80 дона автобуси «Кинг лонг», 20 дона «Азия стар» ва 15 дона «CRRC» оварданд. Бо қарори Президент аз 22-юми январи соли 2024 « Дар бораи хариди электробусҳо барои нақлиёти ҷамоатии шаҳр ва сохтани инфрасохтори бевоситаи дахлдор» бо иштироки бонки рушди тараққиёти Аврупо барои нақлиёти ҷамоатии шаҳри Самарқанд, харидани 100 электробус дар назар аст. Бо мақсади сохтмони саройи электробусҳо ва истифодабарӣ корхонаи давлатӣ ташкил карда, барои он 3,8 гектар замин ҷудо карда шуд. Дар боби пешгирии тирбандӣ ва кам намудани мавҷи воситаҳои нақлиётие, ки аз ноҳияҳо ба шаҳри Самарқанд меоянд, як қатор нақшаҳо таҳия гардиданд. Бо ин мақсад ташкили 4-то автостансия дар мавзеи Мотрид, маҳаллаи «Ватанпарвар», ҳудуди «Чумчуқли»-и ноҳияи Самарқанд ва роҳи ҳалқаи Қаршию Самарқанд дар нақша аст. Бо мақсади рушди инфрасохтори роҳ ва транспорти шаҳри Самарқанд гузаронидани ҷадвали 43 то нуқтаи хатсайри автобусҳо ба брутто-шартнома тасдиқ шудааст. Ҳоло дар шаҳри Самарқанд ҶММ «Мароқанд транс 777» бо «Брутто» дар 6 то хатсайр шартнома имзо кардааст. Инчунин, дар санаи 9-уми апрел боз барои 15 хатсайри автобус тендер шуда мегузарад. Бо мақсади қонеъ намудани эҳтиёҷи транспорти ҷамоатии аҳолии ноҳияҳо, якчанд хатсайрҳои нав, аз ҷумла, хатсайрҳои рақами 235 «Қӯшкӯпрук МФЙ-бозори Гулобод ЭКО Агрологистика», «Маҳалаи Накурт-Пайариқ АББ», рақами 515 «Мирбозор АББ-Иштихон-Шоҳи Зинда АББ» ташкил карда шуд. Соли гузашта ба Садорат аз номи аҳолӣ 658 муроҷиат омада расида, 171-тояш қонеъ ва дар 296 ҳолат корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд.
Н.БОБОАҲМЕДОВ
