Ovozi.uz

2217 нафар ҷавон бо кор таъмин хоҳанд шуд

Бо назардошти таъмини шуғли доимии ҷавонон платформаи электронии «Хидмати шуғл»-и Вазорати ихтисори камбизоатӣ ва шуғли Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳандозӣ шуд. Дар шаҳри Самарқанд дар соли 2023 ба 2984 нафар ҷавон тавассути ҳамин платформа хидмат нишон дода шудааст. Аз ҷумла, 1757 нафар ҷавони бекоре, ки ба шӯъбаҳои таъмини шуғли аҳолӣ муроҷиат кардаанд, дар асоси роҳхатҳои ҷойҳои холии кории корхонаву ташкилот бо кор таъмин гардидаанд. 824 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Инчунин, 287 нафар шаҳрванд ба корҳои музднок ҷалб гардидаанд.
Ғайр аз ин, роҷеъ ба параметрҳои омодасозӣ ба касб, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ 541 нафар ҷавон, аз ин 325 нафар зан-духтарон ва 15 нафар шахсони ногироидошта бо роҳи бозомӯзии касбу ҳунар соҳиби шуғл шуданд. 543 нафар ҷавон ба ҷойҳои кории захиравӣ ҷойгир карда шуда, ба се нафар ҷавоне, ки дар корхонаҳои хонасозӣ ба ҳайси хонасоз фаъолият доранд, барои хариди таҷҳизоти зарурӣ субсидия ҷудо карда шуд.
Дар соли 2024 бо шуғли доимӣ таъмин кардани 2217 нафар ҷавони бекор, ба корҳои ҷамоатии музднок ҷалб кардани 325 нафар ҷавонон пешбинӣ шудааст. Инчунин ба 600 нафар шаҳрвандони бекасбу ҳунар ҳамроҳи ёварони ҳоким касбу ҳунар омӯзонида мешаванд.
Дар кишварамон то 1‑уми январи соли 2025 хароҷоти таҷҳизоти зарурӣ ва маблағи ашёи хоме, ки шаҳрвандони бешуғли бо тиҷроати хонагӣ фаъолиятдошта ва дар «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон», «Дафтари ҷавонон» ва ё «Реестри ягонаи ҳимояи иҷтимоӣ» сабтиномшуда ниёз доранд, аз ҷониби давлат пардохт карда мешаванд. Қайд гардидааст, ки аз соли ҷорӣ сар карда, дар ташаккули параметрҳои буҷаи давлатӣ маблағи мазкур барои хазинаи дастгирии ҳунармандӣ ва тиҷорати хонакорӣ ҷудо карда мешаванд. Аз ин рӯ, ба воситаи тиҷорати хонагӣ бо кор таъмин кардани 61 нафар ҷавони бешуғл ба нақша гирифта шудааст.

Дилмурод БЕРДИҚУЛОВ,
мутахассиси шӯъбаи ихтисори камбизоатӣ ва кумак ба шуғли шаҳри Самарқанд.