Ovozi.uz

Семинарҳои хонишӣба «ҳафтгона»-и маҳаллаҳо

Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон барои «ҳафтгона»-и маҳаллаҳо семинарҳои хонишӣ гузаронида мешаванд.
Ба семинарҳо тренерҳои таҷрибадоре, ки дар Академияи идораи давлатӣ омода карда шудаанд, масъулини идора ва ташкилотҳои мутасаддӣ ҷалб карда шудаанд. Тренинг ва машғулотҳо барои ташкили иҷрои вазифаҳое, ки дар фармон ва қарори Президентамон аз 21‑уми декабри соли 2023 муқаррар гардидаанд, гузаронида мешаванд.
— Институти маҳалла ислоҳоти бузургро аз сар мегузаронад, — гуфт директори курси хонишӣ оид ба такмили ихтисоси ходимони мақомоти худидоракунии шарвандони назди ҳокимияти вилоят Тоштемир Эргашев. — Аз ин рӯ, фаъолонро лозим меояд, ки дониш ва малакаи худро тақвият бахшида, аз дигаргуниҳои қонунгузорӣ хабардор шаванд. То ҳол дар маҳаллаҳо «панҷгона»-ҳо амал мекарданд. Акнун он ҳам аз ҷиҳати таркиб ва ҳам аз ҷиҳати тақсимоти вазифаҳо такмил ёфт. Хусусан, раис акнун ба маъное ҳокими маҳалла ба ҳисоб меравад. Ӯ фаъолияти аъзоёни дигари «ҳафтгона»-ро мувофиқ кунонида, ба он баҳо мегузорад. Илова бар ин, худи ӯ ҳам дар назди фаъолон ва шаҳрвандон маҷбуриятҳо дорад. Ба иштирокдорони семинар оид ба ҳар як ҳолат корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.
— 25 сол боз дар маҳалла кор мекунам, — гуфт фаъоли зан ва духтарони маҳаллаи Мингтути шаҳри Самарқанд Назокат Сафарова. — То ба наздикӣ фаъолияти мо дар асоси ҳуҷҷатҳои гуногун муайян гардида, бо ҳам ҳамоҳанг нашуда буд. Масалан, корҳои хидмати иҷтимоӣ, даромади андоз, таъмини шуғли аҳолиро гоҳо раис ва гоҳо мо иҷро мекардем. Дар сохтори нав ҳамаи вазифаҳо дақиқ нишон дода шудаанд. Ин на танҳо ба самаранокии самти алоҳида, балки ба кори ҷамоавӣ ҳам таъсири мусбӣ мерасонад.
Хониш-семинарҳо то 17‑уми феврал идома меёбанд. Дар онҳо аз 1126 маҳаллаи вилоят 6065 нафар корманд иштирок хоҳанд кард. Дар охири семинарҳо аз иштирокдорон гирифтани пурсишномаи иҷтимоӣ ва санҷишҳои тестӣ муқаррар гардидааст.

А.БАРОТОВ.