Дар Маркази байналмилалии сайёҳии «Роҳи бузурги абрешим»-и шаҳри Самарқанд ба муносибати дуюмин солгарди таъсиси Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ меҳмонони хориҷӣ, вакилони идораҳои давлатӣ, аҳли фарҳанг, таҳсилгирандагони донишгоҳ ва журналистон ширкат варзиданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Юсуф Абдуллоев ба анҷуман ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки бо ташаббус ва дастгирии Сарвари давлатамон таълимгоҳи мазкур ташкил ёфтаасту сол то сол салоҳияти худро васеътар мекунад.
— Мақсади мо бо кадрҳои баландихтисос таъмин кардани ширкатҳои байналхалқии «Эриэл», «Интер инжинеринг», «Саноат энергетика гурӯҳи» мебошад, — гуфт Юсуф Неъматович. — Боиси ифтихор аст, ки роҳбари ширкатҳои мазкур Бахтиёр Фозилов сарпарасти Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд аст ва дар асоси лоиҳаву ғояи ӯ, имрӯзҳо дар шафати Аэропорти байналхалқии Самарқанд ва соҳили рӯди Зарафшон барои донишгоҳ биноҳои замонавӣ қад меафрозанд, инчунин дар арафаи ҷашни Истиқлол ба истифода супурдани онҳо дар назар дошта шудааст. Соли гузашта бори аввал донишҷӯёнро қабул кардем ва ҳоло ба онҳо 31 нафар профессору олимони соҳибтаҷрибаи хориҷӣ аз 15 кишвари ҷаҳон бо забони англисӣ дарс мегӯянд. Ҳоло ба инноватсияҳои технологӣ, ки асоси тараққиёту пешрафти мамлакат ва яке аз талаботи асосии замон ба ҳисоб мераванд, эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Мо низ кӯшиш мекунем, ки барои Ӯзбекистони Нав кадрҳои баландихтисос доир ба технологияи муҳандисӣ тайёр кунем.
Дар давоми чорабинӣ зикр гардид, ки ҳоло риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкории донишгоҳ бо мактабҳои олии кишварҳои Аврупо, Африқо ва Амрико, аз ҷумла Италия, Русия, Фаронса, Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Англия, Миср ва ғайра густариш меёбанд. Дар донишгоҳ бо мақсади беҳдошти омӯзиши забон, фарҳанг, расму оин ва санъат маҳфилҳои гуногун амал мекунанд.
Дар анҷумани фарҳангӣ ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, раиси Шӯрои вилоятии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сӯҳроб Рафиқов, профессор Ҷозеф Стар, шоира Хосият Бобомуродова ва дигарон ҷамоаи донишгоҳро табрик гуфтанд. Дастаи ҳунарии донишгоҳ ва хосатан санъаткори номӣ Зулфия Рашидӣ бо сурудҳои дилошӯбу дилнишин табъи ҳозиринро болида намуданд.
Дар поёни чорабинӣ ба як гурӯҳ фаъолони донишгоҳ ва аҳли фарҳанг тӯҳфаҳои хотирмон супурда шуд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА
