Ovozi.uz

Дар Тайлоқ хонаҳои шонздаҳошёна месозанд

Пресс-тур

Баробари афзудани аҳолӣ, талабот ба манзили истиқоматӣ меафзояд. Маҳз бо мақсади қонеъ гардондани ин эҳтиёҷоти мардум дар мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилоят хонаҳои бисёрошёна бунёд мегарданд.
Дар ин самт дар ноҳияи Тайлоқ низ корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Чанде пеш бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Тайлоқ, бо мақсади шинос кардани журналист ва блогерон бо корҳои сохтмонии биноҳои бисёрошёна ва фаъолияти корхонаҳои саноатии Тайлоқ пресс-тур ташкил гардид.
Иштирокдорон, нахуст дар маҳаллаи Чароғбони ноҳия шуда, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар хонаҳои бисёрошёнаи кӯчаи Ҷомӣ дидан карданд.
— Дар 5 соли охир аҳолии ноҳия ба 12,9 дарсад афзуд, — гуфт сармутахассиси ҳокимияти ноҳия Хуршед Тӯхтаев. — Дар натиҷа, талаботи аҳолӣ ба хонаву ҷой афзуда, дар ин бобат дар давоми солҳои 2010–2023 дар ноҳия барои оилаҳои ҷавон, камтаъмин, шахсони ногироидошта 2324 — то хонаҳо сохта ба истифода супурда шуд.
Зикр гашт, ки дар давоми солҳои 2016–2023 дар маҳаллаи Чароғбон аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Agromir Buildings» 21 бинои бисёрошёна сохта шуд. Инчунин, аз ҷониби ҷамъият ба сохтмони 17‑то хонаҳои бисёрошёна ба миқдори беш аз 450 миллиард сӯм инвеститсия ворид гардид. Мувофиқи нақшаи асосӣ дар солҳои 2023–2030 дар 27,4 гектар майдони мавзеи Чароғбон бунёди 43 бинои шонздаҳошёна, мактаби нави дорои 120 ҷойи нишаст, кӯдакистон барои 600 нафар, инчунин бунёди дигар объектҳои хидматрасонӣ, бинои нави маҳаллаи Чароғбон дар назар аст.
Дар идома кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ бо фаъолияти ширкати сервиси идораи «Янги Тайлоқ» шинос шуданд. Кормандони ширкат ба 33 хонаи бисёрошёна хидмат расонда, лифтҳои замонавии хонаҳоро бо камераҳо назорат мекунанд.
Манзили навбатии иштирокдорони пресс-тур Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «SAM FIORENTA», воқеъ дар маҳаллаи Адаси ноҳия гардид.
Бино ба маълумоти масъулон, корхона моҳи декабри соли 2023 ба фаъолият оғоз карда, дар ин ҷо соле 100 ҳазор дона 6 намуди чангкашак истеҳсол карда мешавад.
Ҳангоми боздиди журналистон аз ҶММ «Azia Steel prom», директори корхона Темур Алимов дар бораи ҷараёни кори коргоҳҳо маълумот дода, таъкид кард, ки ҷамъияти мазкур соли 2019 ба кор сар кардааст ва моҳе 70–100 тонна қубурҳои пӯлодин истеҳсол мекунад. Маҳсулот ба бозори дохилӣ бароварда мешавад ва ҳамзамон ба давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон экспорт мегардад.

Ҷамшеди АСРОР