Мавзӯъ барои мулоҳиза
Чанд сол аст, ки дар яке аз муассисаҳои таълими олии Самарқанд мехонам. Солҳои пеш тавассути оинаи нилгун ва шабакаҳои иҷтимоӣ дабдабаро дӯст доштани баъзеҳоро шунида будаму масъаларо то ин дараҷа ҷиддӣ ва ташвишовар тасаввур намекардам. Рӯзе ҳамкурсам Ситора маро ба фотеҳатӯяш хабар кард. Дар аввал ҳайрон шудам. Охир, фотеҳатӯй бо чанд нафар пирону солхӯрдагон гузаронида намешавад? Тааҷҷуби маро дугонаҳоям дида, гуфтанд, ки баъди гузаштани маросими фотеҳатӯй дугонаҳои духтар ба меҳмонӣ омада, тӯҳфаҳои бахшидаи домодро мебинанд. Рӯзи дигар чанд нафар ба хонаи Ситораино рафтем. Ҳаво гарм буд. Баробари аз дар даромадан гӯё ба бозори либосфурӯшӣ даромада бошем, дар ду тарафи дарвозахона дуқатораву сеқатора, сару либосҳои оҳарии мунҷоқу сангдор дар «маникен» овехта шуда буданд. Дар як либосовезак нимчаву жемпир ва палтои зимистона ва дар либозовезаки дигар костуму юбкаҳои баҳориву тирамоҳӣ ба назар мерасиданд. Дар паси онҳо мувофиқи фаслҳои сол пойафзалҳо меистоданд. Ороишоти сару мӯйро нагӯем ҳам мешавад. Хуллас, аз дидани онҳо фикр намекунед, ки ҳамаи ин барои як кас аст. Ба давраи мо чанд нафар ҳамсинфон, яъне ҳамдеҳагони Ситора низ ҳамроҳ шуданд. Аён буд, ки ин барои онҳо як ҳолати одатӣ буд. Ҳар як тӯҳфаро бо ҳамдигар муҳокима карда, бо тӯҳфаҳои номзади дигар таққос мекарданд. Ҳатто пичирросзанон эрод ҳам мегирифтанд…
Ҳамин тавр, мо дар маросими самбӯса, ки «таги ҷо» мегӯянд, иштирок кардем. Дар он ҳам тӯҳфаҳои барои домодшаванда тайёркардаи дугонаамон ва зару зеварҳояшро дида, ҳайратамон дучанд гардид. Ҳамин вақт фаҳмидам, ки чаро аксарияти ҷавонписарону ҷавонмардон ба давлатҳои хориҷа барои кор мераванд…
Тӯйи арӯсии дугонаам гузашт. Дар аввал ӯ хеле хушбахт менамуд. Аммо рӯз то рӯз дар чеҳраи дугонаам ғам парда кашида, аз мо канораҷӯӣ мекард. Доимо бо фикре банд буд ва ба дарсҳо ҳам шавқ надошт. Ҳарчанд мепурсидам, ки чаро ғамгин аст, «ҳеҷ чиз нашудааст», гӯён ҷавоби кӯтоҳакак медод. Охир, як рӯз кафиду гуфт, ки оилааш вайрон шудааст. Аз ин хеле ғамгин шудам. Пеши назарам он қадар дабдабаву худнамоӣ, дастархони пур аз нозу неъматҳо як-як чун навори кино гузаштанд. Аз ҳама аламовараш, падари Ситора баъди тӯй барои додани қарз ба давлати хориҷа рафтааст…
Парвона НУСРАТОВА,
донишҷӯи ДДС
Оё хушбахтӣ дар чизу чора аст?
