Ovozi.uz

Барои беморони гепатити С боз 6720 дона воситаи доруворӣ оварда шуд

Ширкати ҳавопаймои «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» аз ҷониби ҳукумати Миср ҳамчун кӯмаки башардӯстона ҷудо карда шудааст, дар соли 2024 гуруҳи сеюми доруи зидди гепатити С, «Софосбувир-400мг»-ро аз Шарм-эш-Шайх ба Тошканд оварда шуд.

Маҷмӯи доруҳо ҳамагӣ 6720 дона буда, аз ҷониби Донишкадаи илмиву тадқиқотии Вирусологияи назди Вазорати тандурустии Ӯзбекистон ба беморон тақсим карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Миср ба кишвари мо доруҳои «Даклатасвир», «Софосбувир» ва «Энтекавир»-ро бо арзиши умумии 696 ҳазор доллари амрикоӣ тақдим карда буд. Дар назар аст, ки ин анъанаи нек то соли 2025 идома ёбад.