Рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти мамлакат аҳамияти муҳим дорад. Аз ин рӯ, дар Ӯзбекистон ҳам аз ҷониби роҳбари кишвар ва ҳам аз ҷониби роҳбарони соҳа ба ин самт эътибори хоса зоҳир карда мешавад.
Дар вилояти Самарқанд низ барои иҷрои чораҳои офаридани муҳити сармоягузорӣ, масъалаҳои имтиёзҳои андоз, инфрасохтор ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи ин соҳа кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар Хонаи матбуоти вилоят оид ба корҳое, ки дар самти рушди экспорти хизматҳои технологияҳои иттилоотӣ ба анҷом расонида мешаванд, анҷумани матбуотӣ доир гардид. Дар он сарвари шӯъбаи минтақавии Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Дилмурод Хӯҷамбердиев иштирок намуда, роҷеъ ба мавзӯ маълумот дод.
Бино ба маълумоти ӯ, дар даври гузаштаи соли ҷорӣ доир ба соҳа корҳои зиёд ба иҷро расонида шудаанд. Аз ҷумла, панҷ қабати бинои дувоздаҳошёна, ки дар маркази шаҳри Самарқанд ҷойгир аст, барои корхонаҳои IT (Information technology) ҷудо карда шуд. Хонаҳои бинои мазкур барои корхонаҳо дар асоси имтиёз ба иҷора дода шуда, онҳоро бо барқ ва интернети пайваста низ таъмин намудаанд.
— Бо вакилони зиёда аз 20 корхонаҳои IT-и ИМА аз рӯи густурдани фаъолияти онҳо дар Самарқанд музокираҳо пеш мебурдем ва дар давоми ташрифи ҳайати вилояти Самарқанд, ки рӯзҳои 18-26-уми феврали соли равон ба ИМА рафта буданд, бо субектҳои соҳибкории мазкур вохӯриҳо доир гардид, — гуфт Д. Хӯҷамбердиев. — Дар натиҷаи вохӯриҳо,бо ширкатҳои RX2go, Mir Transportation, Logex ва Upaynet меморандумҳои ҳамкорӣ имзо гардиданд. Ҳоло ин ширкатҳо дар вилояти мо фаъолияти худро васеъ карда, зиёда аз 100 нафар ҷавонони маҳаллиро бо кор таъмин ва экспорти хизматҳои зиёда аз 300 ҳазор долларинаро амалӣ намудаанд.
Таъкид гардид, ки дар оянда бо мақсади рушди хидматҳои экспортии IT лоиҳаи «Як миллион барномасоз» васеъ тарғиб карда мешавад. Лоиҳаи мазкур ҷавононро ба технологияҳои иттилоотӣ бепул меомӯзонад. Дар давоми моҳҳои гузаштаи соли ҷорӣ қариб 20 ҳазор нафар ҷавонон дар ин лоиҳа иштирок намуда, оид ба истеҳсоли маҳсулотҳои дастурӣ таълим гирифтаанд ва қариб 70 нафари онҳо ба гирифтани сертификати байналхалқӣ ноил гардидаанд.
— Аз ҳамин сол сар карда, ба лоиҳаи «Дар ҳар маҳалла ду барномасоз» старт дода шуд ва ҳоло дар навбати аввал бо забонҳои хориҷӣ омӯзонидани ҷавонон ба роҳ монда мешавад, — гуфт Д. Хӯҷамбердиев дар идома. — Мувофиқи нақша, то охири сол ба забонҳои хориҷӣ омӯзонидани 8400 нафар ҷавонон пешбинӣ шуда, то ҳанӯз зиёда аз 1000 нафари онҳо хонда, соҳиби сертификати дараҷаи С1 гардиданд. Ният дорем, то охири сол наздик 500 нафар ҷавонони забонҳои хориҷиро пӯхта аз бар намударо омода намуда, ба субектҳои соҳибкории экспорткунандаи хидматҳои IT пешкаш кунем.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
