— Чунин вазифаро дар назди худ гузошт омӯзгори мактаби мо, — гуфт муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 7_и ноҳияи Пахтачи Шаҳноза Умарова. — Ва имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин вазифаи калон ва диққатталаб бомуваффақият иҷро шудааст.
Дар шаҳраки Султонобод, дар назди мактаби навсозишудаи рақами 7 дар арафаи Рӯзи хотира ва қадршиносӣ лавҳаи навкардаи ёдгории ба ин ҷо кӯчонидаи «Модари мотамсаро», ки дар тахтасангҳои мармарӣ бо номҳои иловагӣ ҳамаи 76 нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии аз шаҳр ва деҳаҳои атроф ба корзор рафта кушода шуд.
— Ташабббускор ва иштирокчии аз ҳама фаъоли амалӣ намудани ғоя директори собиқи мактаби мо Қоиддин Низомов буд, — афзуд Шаҳноза Умарова. — Дар бораи ин одами аҷиб ва пуртоқат мумкин аст соатҳо ҳикоя кард. Дарвоқеъ, вай ба муносибати ҷашни 85_солагии худ дар бораи шарҳи ҳоли худ китобе навишт, ки ҳоло дар осорхонаи мактаб маҳфуз аст. Ӯ 29_уми феврали соли 1928 дар шаҳри Карманаи вилояти Бухоро таваллуд шуд. Сипас, бо оилааш ба шаҳраии Султонобод кӯчид. Умри ӯ бо шодиву ғамҳояш дар ин ҷо гузашт. К. Низомов баъди хатми факултаи филологияи ӯзбеки ДДС (собиқ ДДӮз) ҳаёти худро бо мактаб пайваст. Вай аз омӯзгори оддӣ то ба вазифаи директори мактабҳо ва мудири шӯъбаи таълими ҳамин ноҳия кор кард ва соли 1984 ба нафақа баромада, фаъолияти худро дар мактаб давом дод. Инчунин, мақсади асосии ҳаёти худ — барои поси хотир ҷустуҷӯ ва барқарор кардани номи ҳамаи иштирокчиёни ҷангро, ки аз шаҳрак ва деҳаҳои атрофи он ба муборизаи зидди фашизм рафтаанд, амалӣ кард.
Мутаассифона, дар бойгонии ноҳия танҳо дар бораи 26 нафар иштирокчии ҷанг маълумоти ҳуҷҷатӣ будааст. К. Низомов ва шогирдони ӯ боз дар бораи 50 нафар ҳуҷҷатҳои саҳеҳеро ёфтанд. Ҳоло дар тахтасанги мармарӣ бо ҳарфҳои зарҳалин номи ҳамаи 76 нафар иштирокчиёни ҷанг навишта шудаанд.
Дар Рӯзи хотира ва қадршиносӣ ҳамдеҳаҳо бо гулдастаҳои тару тоза меоянд, то ки хотираи иштирокчиёни ҷанг ва онҳоеро, ки баъд аз он вафот кардаанд, инчунин муаллими якчанд авлоди султонободиён Қоиддин Низомовро пос доранд.
Фозил АБДУРАУФОВ
