Ovozi.uz

Аз «Рӯзи адлия» то «Ҳуқуқшиноси маҳалла»

Фармони Президентамон аз 24‑уми майи соли равон «Дар бораи боз ҳам баланд бардоштани масъулияти идора ва муассисаҳои адлия дар доираи ислоҳотҳои маъмурӣ ва ташаккули сохтори ихчами идоракунӣ» дар назди кормандони сохтор як қатор вазифаҳои устувор гузошт. Ба халқ боз ҳам наздик шудан, таъмини ҳуқуқ ва озодӣ ва расондани кӯмаки амалӣ дар ҳалли он аз ҷумлаи ҳаминҳост.
Бар асоси таҷрибаи Самарқанд, ки солҳои гузашта дар доираи иҷрои вазифаҳои мазкур андӯхта шудааст, дар беш аз ҳазор хонадони 153‑то маҳалла як ба як гашта, зиёда аз 220 муаммои ҳуқуқиро муайян намуданд. Чораҳои бартараф кардани онҳоро ба тарзи маҳаллабай таҳия ва иҷрояшон оғоз шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҷараён чорабиниҳои «Рӯзи адлия» роҳандозӣ гардид. Инчунин, дар аксияҳои «Кӯмаки ҳудудӣ» хона ба хона гашта, муаммоҳои шаҳрвандон, сабабҳои ба миён омадани ин муаммоҳоро омӯхта, барои пешгирии такроршавии чунин ҳолатҳо таҳияи пешниҳодҳое, ки ба боз ҳам такмил додани ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ нигаронида шудаанд, роҳандозӣ мешаванд.
Садорати адлияи вилоят лоиҳаи «Ҳуқуқшиноси маҳалла»-ро амалӣ мекунад. Ба воситаи роҳандозии ин лоиҳа донишҳои ҳуқуқии раисони маҳаллаҳоро васеъ намуда, таҷрибаи хамкории босамар бо идораҳои адлияро медиҳад.
Дар яке аз чунин чорабиниҳо муаммои дусолаи хонадони Намоз Каримови 70‑солаи оқдарёгӣ ҳал карда шуд. Муайян гардид, ки келини хурдии хонадон ду сол пеш дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Самарқанд фарзанддор шудааст, вале кӯдак дер умр надидааст. Дар ҷараёни қайди марги кӯдак иштибоҳан модарро низ аз сафи зиндаҳо баровардаанд. Ин саҳв ҳангоми таваллуди фарзанди дигари келин маълум мешавад. Ҳамаи кӯшишҳои то ҳамон рӯз кардаи оила роҷеъ ба ҳалли ин масъала самара надодаанд. Бо дахолати адлия ин хаторо ислоҳ намуда, ҳуқуқи шаҳрвандро барқарор карданд.
Бар асоси сохтори «Шаҳрванд — маҳалла — адлия» ҳамаи идораҳои адлияи вилоят якҷоя бо ташкилотҳои дахлдори давлатӣ дар ҷойҳо қабулҳои сайёр ва мулоқотҳои кушода ташкил мекунанд. Аз ҷумла, дар қабули сайёр, ки дар маҳаллаи Наймани ноҳияи Каттақӯрғон баргузор гардид, беш аз 20 нафар шаҳрванд роҷеъ ба масъалаҳо, аз қабили субсидия, «алимент», соҳаи коммуналӣ, кадастр, шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, ёрии моддӣ, барқарор кардани ҳуҷҷатҳо ва ғайра муроҷиат карданд.
Ҳамаи муроҷиатҳоро мувофиқи талаботи қонун омӯхта, ба назорат гирифтанд.
Ҳангоми гаштани хона ба хона дар навбати аввал ба шахсони ба дафтарҳои иҷтимоӣ ва «реестри ҳимояи иҷтимоии ягона» дохилгардида ёрӣ дода шуд. Аз ҷумла, дар даври гузашта ба 239 нафар шаҳрванд лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиро тайёр карда дода, дар ҷойҳо беш аз 1,5 ҳазор хизматҳои сайёри давлатӣ расонданд. Баробари ҳалли муаммоҳои муайянгардида, ба судҳо 273 миллион сӯмина ­аризаҳои даъво дохил карда шудаанд. Бар асоси тақдимномаҳо 267 миллион сӯмина пардохтҳо рӯёнида шуданд.

Мансур ҲАСАНОВ,
корманди садорати адлияи вилоят