Ovozi.uz

Чаро садамаҳои нақлиётӣ меафзоянд?

Муаммои рӯз

Ҳоло барои таъмини бехатарии роҳ ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ шароиту имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шудааст. Роҳҳо равон, нишонаҳои роҳ, чароғакҳои замонавию камераҳои назоратӣ дар ҳар ҷой гузошта шудаанд. Вале дар баробари ин, садамаҳои нақлиётӣ беш аз пеш меафзоянд.
Дар соли 2023 бар асари ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ 1 568 нафар захм бардошта, 263 нафар ҳалок гардидаанд. Ин маълумот дар ахбори ҷамъомади Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯи корҳои ҳамкорӣ бо идораҳо дар Кумитаи масъалаҳои бехатарӣ ва мудофиаи Сенати Олий Маҷлис қайд шудааст. Бо сабаби нагузоштани назорати пурра ва самарнок дар бобати таъмини бехатарии мусофирон дар соли 2023 зиёда аз 16 миллион қоидавайронкунӣ қайд гардидааст. Инчунин, зиёда аз 13 миллион қоидашиканиҳои вазнин, қариб 42 ҳазор ҳолати мастӣ, зиёда аз 300 ҳазор қонуншиканиҳои пиёдагардонро ба қайд гирифтаанд. Бар асари инҳо, 9 839 ҳодисаи нақлиётӣ содир гардида, аз он 9 209 нафар шаҳрванд захм бардошта, 2 282 нафар ҳалок гардидаанд.
Дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ бо 359 нафар донишҷӯ ҳодисаи садамаи роҳ содир гардида, 65 нафар донишҷӯ ҳалок, 294 нафар захмҳои гуногун бардоштаанд.
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши роҳ соли 2023 дар 8 ҳазор объект ба қимати 13,5 триллион сӯмина корҳои сохтмонӣ иҷро гардид. Дар натиҷа, тӯли 5 моҳи соли ҷорӣ шумораи ҳодисаҳои нохуши роҳ 7,2 фоиз, ҳолатҳои захмбардорӣ 8,7 фоиз кам шуданд. Илова бар ин, 57 фоизи ҳодисаҳои нақлиётӣ вобаста ба камбудиҳои инфрасохтори роҳ, 43 фоиз бар асари риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ содир гардидаанд. 53,7 фоизи ин ба ҳиссаи пиёдагардон ва ронандагони велосипед рост меояд.
Бояд қайд кард, ки 9548 мактабҳои таълимӣ дар мавзеи роҳҳои серҳаракат ҷойгир буда, дар назди аксарияти мактабҳо роҳрав мавҷуд нест ва чароғакҳои махсуси роҳ гузошта нашудаанд. Дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ ҷамъ 359 маротиба садамаҳои вобаста ба донишомӯзон содир гардида, 65 нафар ҳалок, 294 нафар ҷароҳатҳои ҳархела бардоштаанд.
Ҳолатҳои марги бо садамаҳои нақлиётӣ вобаста асосан дар вилоятҳои Самарқанд, Тошканд (80‑то), Фарғона (69‑то), Қашқадарё ва Сурхондарё (53‑то) ба дараҷаи баланд қайд гардидаанд.
Дар давоми 5 моҳи соли 2024 дар вилояти Самарқанд  297 ҳодисаи нохуши роҳ содир гардида, аз он 21 нафар захм бардошта, 86 ҳолати марг ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти хизмати ахбори садорати БҲР-и вилоят садамаҳо асосан, дар натиҷаи риоя накардан ба қоидаҳои ҳаракати роҳ, бепарвоӣ, риоя накардан ба ишораи чароғаки роҳ, истифода аз гӯшмонакҳо (наушник) ва фарзандонро беназорат мондани падару модарон рӯй додаанд.
Ин рақамҳо аз он далолат медиҳанд, ки бо баробари афзудани техникаҳои муосир садамаҳо зиёд мешаванд. Ҳадафи асосӣ ин, ки агар ронанда аз техникаҳо дуруст истифода барад ё ба қоидаҳои ҳаракати роҳ пурра риоя кунад, ҳамон вақт мо пеши роҳи ҳолатҳои нохушро гирифта метавонем. Чӣ хеле, ки мегӯянд: «Эҳтиёт — нисфи ҳаёт».

Н.БОБОАҲМАД