Ovozi.uz

Дар бораи даъвати сессияи як саду якуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашум

Бар асоси моддаи 17‑уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ:
Сессияи навбатии як саду якуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят даъвати шашум рӯзи 31‑уми июли соли 2024 даъват карда шавад.
Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зеринро дохил кунанд:
— ҳисоботи сарвари Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят Б. Мирзаев роҷеъ ба иҷрои нишондиҳандаҳои прогнози даромадҳои буҷети давлатӣ ва маҳаллии вилоят дар нимаи якуми соли 2024;
— ахбори мудири қабулхонаи халқи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд М. Турдиев роҷеъ ба ҳолати кор бо муаммо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон дар вилоят;
— ҳисоботи раиси ҶС «Samarqand hududiy elektr tarmoqlari» У. Назаров роҷеъ ба иҷрои ҷорӣ намудани технологияҳои сарфаи барқ ва манбаъҳои эҳёшавандаи барқ дар вилоят;
— дар бораи тасдиқи нишондиҳандаҳои мақсадноки сарфаи захираҳои энергетикӣ дар вилоят;
— дар бораи ба таъхир андохтани мӯҳлати (қисм-қисм супурдани) пардохти андози амвол, андози замин ва андози истифодаи захираҳои об барои шахсони ҳуқуқӣ;
— дар бораи додани мақоми «Шаҳрванди фахрӣ» ба Алӣ Баклан (Ali Baklan), шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия;
— дар бораи тасдиқи нақшаи кори Шӯрои намояндагони халқи вилоят барои нимсолаи дуюми соли 2024;
— дар бораи ба савдои музояда гузоштани объекти мулки холиистодаи давлатӣ тавассути платформаи электронии савдои «E-Auksion»;
— дар бораи муайян намудани шумораи ҷойҳои депутатӣ дар Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд;
— дар бораи тасдиқи натиҷаҳои самарадории фаъолияти ҷонишинони ҳокими вилоят дар семоҳаи дуюми соли 2024;
— дар бораи ба охир расонидани фаъолияти зонаҳои саноати хурди шаҳрҳои Самарқанд, Каттақӯрғон, ноҳияҳои Ҷомбой, Оқдарё, Пастдарғом, Булунғур, Пайариқ, Пахтачӣ, Самарқанд, Қӯшработ, Ургут, Тайлоқ ва Нурободи вилояти Самарқанд;
— дар бораи тадбирҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Пастарғом ва Иштихон ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ дар солҳои 2024–2026;
— дар бораи тадбирҳои иловагӣ роҷеъ ба беҳбуди минбаъдаи роҳҳои нақлиёт, таъминоти оби нӯшиданӣ ва системаи канализатсия, таъмини нерӯи барқ, сохтмон, такмил ва таъмири объектҳои бахши иҷтимоӣ дар вилояти Самарқанд;
— дар бораи тасдиқи баъзе қарорҳои ҳокими вилоят;
— масъалаҳои дигар.

Иҷрокунандаи муваққатии
вазифаи ҳокими вилоят Ф.АБИЛОВ
24‑уми июли соли 2024.