Ба муносибати 33‑солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳокимияти вилояти Самарқанд дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят, Садорати маданияти вилоят, шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шӯъбаи вилоятии Академияи бадеии Ӯзбекистон, иттиҳодияи эҷодии «Тасвирий оина»-и вилоят ва телерадиокомпанияи вилоят марҳилаи вилоятии озмуни анъанавии «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз»-ро эълон карданд.
Ба озмун асару маводҳое, ки ғояи асосии «Бо ваҳдат — мо халқи ягона, муттаҳид бошем — Ватан ҳастем!»-ро дар худ таҷассум мекунад, қабул карда мешаванд.
Дар маводҳои барои озмун қабулгардида ба акс ёфтани тарғибот, мазмуну мундариҷа ва иҷрои барномаҳои давлатии стратегияи «Ӯзбекистон — 2030», инчунин «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» эътибори алоҳида дода мешавад.
Ғолибони озмуни вилоятии «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз» аз рӯи номинатсияҳои зерин мукофотонида мешаванд:
— асарҳои бадеии шоиру нависандагони вилоят, маводҳои публитсистии журналистон;
— корҳои эҷодии кормандони воситаҳои ахбори оммавии чопӣ;
— материалҳои интернет-журналистӣ, ки дар веб-сайтҳои воситаҳои ахбори оммавӣ ба қайд гирифта шудаанд;
— материалҳои эҷодкорони телевизион ва радио;
— санъати тасвирӣ, аксбардорӣ ва корҳои дизайн;
— оҳанг ва сурудҳои санъаткорон, ки Ватанро васф кардаанд.
Барои ҳар як категория сетогӣ ҷой ҷудо карда мешавад.
Нафароне, ки дар озмун иштирок карданро мехоҳанд, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
— маълумот дар бораи муаллиф (объективка);
— нусхаи шиносномаи шаҳрвандии муаллиф;
— суроғаи номзад ва шумораҳои телефон барои тамос.
Ба озмун асарҳои адабӣ-бадеии дар даври аз 1‑уми августи соли 2023 то 1‑уми августи соли 2024 расман нашршуда, мақолаҳое, ки дар рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва нашрияҳои интернетӣ чоп шудаанд, маводҳои дар шабакаҳои радио ва телевизион ба эфир баромада, намунаҳои санъати тасвирӣ, аксҳо ва сурудҳо то 12‑уми августи соли 2024 дар шакли коғазӣ ва электронӣ қабул карда мешаванд.
Ғолибони озмун дар доираи чорабиниҳои бахшида ба сию сеюмин солгарди истиқлолияти кишварамон муайян гардида, бо тӯҳфаҳои гаронбаҳо ва диплом сарфароз гардонида мешаванд.
Санаи гузаронидани маросими ҷоизасупорӣ пас аз баҳогузории корҳои эҷодии пешниҳодшуда аз ҷониби аъзои ҳакамон эълон карда мешавад.
Намунаҳое, ки барои иштирок дар озмун пешниҳод мегарданд, аз иттиҳодияҳои эҷодӣ, аз ҷамоаҳои васоити ахбори оммавӣ, аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ-ғайритиҷоратии соҳаҳои гуногун, инчунин аз эҷодкорони мустақил дар шакли электронӣ ва чопӣ дар Хонаи матбуоти вилояти шаҳри Самарқанд, кӯчаи Улуғ Турсунов, хонаи 80, қабул карда мешавад.
Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо рақамҳои телефонҳои
(66) 233–91–69, (66) 235–28–40,
(66) 233–43–57, (55) 704–96–16 тамос гиред.
Кумитаи ташкилӣ.
