Ovozi.uz

Бахт — муносиб будан ба Ватан…

Аз азал мутолиаи панду андарз ва зарбулмасалҳо шуури инсонро қувват бахшида, барои пайдо намудани роҳи дурусти зиндагӣ кӯмак расонидааст. Фарҳанги Шарқ маҳз бо ҳамин ҳикматҳо аз дигарон фарқ мекунад ва ба хонанда сабақҳои зиндагиро меомӯзад. Китоби нави шоир, нависанда, драматург ва рӯзноманигор Фармон Тошев — «Тафаккур манзаралари» («Манзараҳои тафаккур») аз зумраи андарзномаҳоест, ки қайдҳои сарироҳии эҷодкорро дар бар мегиранд. Муаллиф дар китоб оид ба шонздаҳ мавзӯи муҳими ҷамъияту инсоният мушоҳидаҳои худро баён намудааст, ки зеринҳо аз он ҷумлаанд:

  • Хуб ҳарф задан маънои хуб андешиданро надорад.
  • Аз эътирофи ошкоро эътирофи ботинӣ душвор мегузарад.
  • Гӯш шунидаашро аввал дар шуур такроран кор мекунад, сипас дар чашму баъд аз он дар забон изҳор менамояд.
  • Муомила ва муносибат ҳам маънавияти инсонро намоиш медиҳанд.
  • Одаме, ки соҳиби нуқтаи назари худ набуда, дар ҷое, ки бояд сухан гӯяд, сокит мешавад, камтарин не, лоқайд мебошад.
  • Самимияти сохта ғайр аз ҳасад ва лаганбардорӣ чизи дигаре нест.
  • Одами намефаҳмидагӣ нест, фаҳмонида наметавонистагӣ ҳаст.
  • Одамон аз андешаҳоятон нисбати дигарон кӣ будани шуморо пай мебаранд.
  • Байни нафароне, ки бо сухан баҳс мекунанд, касе ғолиб намешавад.
  • Барои пайдо намудани ягон камбудии гуфтаҳои касе бисёр ҷустуҷӯ мекунем, аммо суханҳои худамонро низ чунин кофту коб кардани дигаронро аз ёд мебарорем.
  • Бахт — ин муносиб будан ба Ватан ва гузаштагони бузург мебошад.
  • Касе, ки виҷдонаш азоб накашидааст, ватанпарвар шуда наметавонад.
  • Камолоти маънавӣ ҳангоми риоя намудан ба қонунҳои нонавишта бештар ба назар мерасад. Чунки дар он талаби муносибати бошуурона пурзӯртар аст.
  • Одам хатои худро дарк кунад, аз ин мебарояд, ки ӯ таҷриба зиёд кардааст.
  • Касе, ки ба як нафари дигар аз шогирдаш шикоят кунад, устод шуда наметавонад.
  • Яке аз талаби асоситарини бузургӣ дар ҳама чиз меъёрро нигоҳ доштан аст.
  • Магар хабаргирӣ ва дилпурсиро ба зиёфат табдил надодем? Ночор мондани мизбонро ба назар намегирем ба фикрам.
  • Барои зиндагиям, хонданам, рушд карданам ҳамаи шароиту имконият ҳаст, ман хушбахтам, гӯён хурсанд нашавед, қадри одам аз рӯи муборизааш бо мушкилиҳо, сабру матонаташ, инчунин, бо чӣ тавр истифода бурдани он аз шароити фароҳамгардида муайян карда мешавад.
  • Ман аз дигарон доно, оқил, ба ҳарфҳоям ҳама гӯш медиҳанд, гӯён ба кибр майл накунед, қадри суханатонро шунаванда баҳогузорӣ мекунад шунидан — маънои эътироф намуданро надорад.

Тарҷума ва таҳияи Шаҳзод КЕНҶАЕВ.