Дастаи мунтахаби наврасони то 17‑солаи Ӯзбекистон дар финали Ҷоми Осиё, ки дар Арабистони Саудӣ гузашт футболбозони мизбонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуда, ғалабаро ба даст овард.
Роҳбари давлатамон ба футболбозони ғолиб табрик фиристод. Дар он чунин гуфта шудааст:
«Ҷавонони наврасу пурғайрат мисли шумо, ки дар тӯли мусобиқа бидуни ягон мағлубият, бо натиҷаи рекордӣ шарафи Ватани азизамонро далерона ҳимоя намуданд, бешак, воқеаи пуршарафест, ки бо ҳарфҳои тиллоӣ ба таърихи футболи миллии мо сабт хоҳад шуд.
Хусусан, дар бозии финал, ки муқобили дастаи мизбони мусобиқа — Арабистони Саудӣ, ки дастаи хеле пурқувват аст, баргузор шуд, шумо дар шароити фишорҳои гуногун, бо нуҳ нафар муқобили ёздаҳ бозигар муборизаи шадид бурдед — ин намунаи ҳақиқии ҷасорат ва матонат буд. Мардонагӣ ва маҳорати баланде, ки шумо нишон додед, сазовори ҳар гуна таҳсин аст.
Бояд махсус зикр кард, ки мувофиқи натиҷаи мусобиқа, се нафар варзишгари боистеъдод ва моҳири мо соҳиби ҷоизаҳои алоҳида гардиданд. Аз ҷумла, Неъматуллоҳ Рустамҷонов ҳамчун беҳтарин дарвозабони мусобиқа, Асилбек Алиев ҳамчун беҳтарин нишонзан ва Садриддин Ҳасанов ҳамчун беҳтарин футболбози мусобиқа эътироф гардиданд.
Ман боварӣ дорам, ки шумо аз ин пирӯзӣ илҳом гирифта, дар Ҷоми ҷаҳонӣ, ки моҳи ноябри ҳамин сол дар Қатар баргузор мешавад, низ ҳамчун дастаи ғолиби Осиё сазовор иштирок мекунед. Хушбахтӣ ва зафар ҳамеша ҳамроҳи шумо бошад, фарзандони азизам!»
Боиси хурсандист, ки дар ҳайати дастаи мунтахаб инчунин футболбозони самарқандӣ — бозигари дастаи «Пахтакор» Амирхон Муродови пахтачигӣ ва тарбиятёфтаи Академияи футболи Тошканд Фарид Абдуллоеви оқдарёӣ низ буданд.
Футболбозони ҷавони мо ботантана пешвоз гирифта шуданд. Ба ҳар яки онҳо тӯҳфаи Президент — автомобилми «Кобалт» супорида шуд. Сармураббии даста бо унвони ифтихории «Мурабии варзиши хизматнишондодаи Ӯзбекистон» ва футболбозон бо медали «Келажак бунёдкори» қадрдонӣ гардиданд.
Боз як чизи дигарро алоҳида бояд зикр намуд, ки бисёре аз нашрияҳои хориҷӣ бозии дастаи миллии моро на танҳо дар финал, балки дар тамоми ҷараёни мусобиқа бо андешаҳои мусбат инъикос карданд.
Дастаи мунтахаби U‑17‑и Ӯзбекистон бо роҳбарии Ислом Исмоилов дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа аввал Таиландро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуда, дар даври дуюм бар дастаи Хитой бо ҳисоби 2:1 пирӯзиро ба даст овард ва бо ин роҳ сафи худро дар Ҷоми ҷаҳонӣ таъмин намуд. Дар даври сеюм, ки бо дастаи мизбон — Арабистони Саудӣ барои расмият баргузор гардид, низ бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.
Дар марҳилаи плей-офф даставвал Аморати Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод ва дар нимфинал се голи беҷавоб ба дарвозаи Кореяи Шимолӣ зад. Дастаи мунтахаби мо марҳилаи гурӯҳии мусобиқаро бо натиҷаи сад фоиз анҷом дода, роҳхати иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии соли равонро, ки аз 3 то 27‑уми ноябр баргузор мегардад, ба даст овард.
