Ба маҳбусон имкон дода мешавад, ки дар муассисаҳо имтиҳон супоранд, ба донишгоҳҳо дохил шаванд ва аз фосилаи дур таҳсил кунанд.
Президент Шавкат Мирзиёев инро дар чорабинии идонае, ки дар қароргоҳи Кӯксарой ба муносибати Рӯзи байналмилалии бонувон баргузор шуд, эълон кард.
«Офаридани муҳити бечунучаро бар зидди зулм ва зӯроварӣ нисбати занон ва кӯдакон вазифаи стратегии мост.
Ин ҳафта як фармони муҳими дигарро имзо кардам. Акнун мо бар зидди ҳама гуна ҳолатҳои зӯроварӣ ва зулм нисбати занон ва кӯдакон дар асоси низоми қатъӣ мубориза хоҳем бурд», — гуфт Президентамон.
Таъкид шуд, ки заноне, ки бо сабабҳои гуногун дониставу надониста ҷиноят содир мекунанд, низ шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд. Қайд карда шуд, ки бояд дар бораи ба ҳаёти иҷтимоӣ баргардонидани онҳо ва ба аъзои комилҳуқуқи ҷомеа табдил додани онҳо ҷиддӣ фикр кард.
Аксари заноне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷазоро адо мекунанд, маълумоти миёна доранд, касб ё маҳорат надоранд. Баъзеҳо хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олиро изҳор кардаанд.
Аз ин рӯ, барои кор бо чунин занон барномаи «Ҳаёти нав» роҳандозӣ мешавад. Онҳо ба муддати 3-6 моҳ дар барномаҳои касбӣ омӯзонида шуда, сертификат мегиранд.
Ҳамчунин, ба маҳкумшудагон имкон дода мешавад, ки худашон дар муассисаҳо имтиҳон супоранд, ба донишгоҳҳо дохил шаванд ва аз фосилаи дур таҳсил кунанд.
Ба онҳое, ки тибқи шартнома барои таҳсил қабул мешаванд, кредитҳои бефоиз бо шарти баргардонидани онҳо пас аз адои ҷазо ва пайдо кардани кор дода мешаванд.
