Бозии даври 32-юми Ла Лигаи Испания миёни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Атлетик Билбао” ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу”-и шаҳри Мадрид бозӣ карданд. Довари асосии вохӯрӣ Хуан Мартинес Мунуера буд. Мизбонон бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ғалаба карданд.
Ягона голи ғалабаоварро барои “Реал Мадрид” нимҳимоятгар Федерико Валверде дар дақиқаи 90+3-юм ба самар расонид.
Ёдовар мешавем, ки пас аз 32 бозӣ, ҳоло “Реал Мадрид” бо 69 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали Ла Лига қарор дорад. Пас аз ҳамин миқдори шумори бозиҳо “Атлетик” бо 57 имтиёз дар ҷои чаҳорум аст. “Барселона” бо 73 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.
Дар даври оянда, “Реал Мадрид” рӯзи 24-уми апрел бо “Хетафе” дар сафар ва “Атлетик” рӯзи 23-юми апрел дар хона бо “Лас-Палмас” майдондорӣ мекунад.
Манбаъ: Варзиш тв.
