Бар асоси Қарори Сарвари давлатамон аз 27‑уми декабри соли 2025 «Дар бораи боз ҳам суръат бахшидани чораҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Самарқанд» вазифаҳои афзалиятнок барои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳои вилоятамон дар соли 2026 таҳия карда шуданд.
Ҳокимон ин барномаҳоро ба сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят пешниҳод намуданд ва онҳо тасдиқ гардиданд. Ҳоло вазифаҳои муқарраршуда дар ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳо амалӣ карда мешаванд. Дар ин робита, ҳар як ноҳия (шаҳр) бо назардошти бартарии муқоисавии худ, ки ба тахассус, мавқеи ҷуғрофӣ, ашёи хоми табиӣ ва захираҳои замин, имкониятҳои инфрасохторӣ асос ёфтаанд, ба минтақаи «намунавӣ ва методикӣ» табдил дода мешаванд.
Аз ҷумла, Шӯрои намояндагони халқи вилоят барномаи чорабиниҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Нарпайро дар соли 2026 тасдиқ кард.
Мувофиқи барнома, дар соли 2026 афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия 1 триллиону 598 миллиард сӯм, ҳаҷми маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 3 триллиону 438 миллиард сӯм, ҳаҷми хидматрасонӣ 1 триллиону 811 миллиард сӯм, корҳои сохтмонӣ 286 миллиард сӯм ва гардиши савдои умумӣ 2 триллиону 288 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст. Бар асоси барномаҳои бинокорӣ дар 13 иншоот, аз ҷумла 2 мактаб (670 ҷой), 2 ташкилоти давлатии таълими томактабӣ (240 ҷой) ва 7 муассисаи тиббӣ (550 ҷой) ба маблағи 71,3 миллиард сӯм корҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудаанд. Таъмири 41 километр роҳ, кашидани 58 километр шабакаҳои оби нӯшиданӣ ва 29 километр шабакаҳои қувваи барқ, сохтани 45 пункти трансформаторӣ, таъмири ҷорӣ ва асосии 443 километр шабакаҳои барқ ва таъмири 154 трансформатор ба нақша гирифта шудаанд.
Имсол барои пешгирии «иқтисоди пинҳонӣ» аз 4921 шахси ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ 90,3 миллиард сӯмина манбаъҳои иловагӣ муайян карда мешаванд. То охири сол аз 4 то 2,2 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, аз 4,8 то 3,3 фоиз сатҳи бекорӣ, таъмини оилаҳои камбизоат бо хидматрасонии устувори шуғл ва равона кардани онҳо ба фаъолиятҳои даромаднок ба нақша гирифта шудаанд. Дар давоми сол 1,8 ҳазор оила ва 7,9 ҳазор аъзои ин оилаҳо аз камбизоатӣ раҳоӣ меёбанд, беш аз панҷ ҳазор шаҳрвандон соҳиби ҷойҳои кори доимӣ мешаванд.
Дар давоми сол ба соҳибкорони хурду миёна пешниҳоди 360 миллиард сӯмина кредитҳои имтиёзнок, дар доираи барномаи «Лоиҳаи маҳалла» 45,7 миллиард сӯм ва дар доираи барномаи «Соҳибкории оилавӣ» 23,7 миллиард сӯм ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар доираи барномаи «Қадами аввал ба тиҷорат» 14,3 миллиард сӯмина кредитҳои имтиёзнок пешбинӣ мешаванд. Беш аз 1,8 ҳазор шаҳрвандро барои кори муваққатӣ ба хориҷа мефиристанд, 337 нафар касбу ҳунар ва забонҳои хориҷиро меомӯзанд.
Дар маҳаллаҳои Истиқлол, Чайкал, Соҳибкор ва Кӯкота лоиҳаҳои драйверӣ, маҳаллаҳои Тортувли ва Хӯҷақӯрғон, ки ба барномаи маҳалла дохиланд, дар симои Ӯзбекистони Нав амалӣ намудани лоиҳаҳо ва ташкили 290 нуқтаҳои ҳунармандии маҳаллӣ ба нақша гирифта шудаанд. Шароити зиндагии аҳолиро дар маҳаллаҳои душвори Умид, Олти Ӯғил, Ипак Йӯлӣ, Тоткент, Хӯҷакарзон ва Муқимӣ беҳтар карда ва барои соҳибкорон шароитҳои мусоид фароҳам меоранд.
Дар давоми сол 155 миллион долларина сармоягузорӣ ва кредитҳои хориҷӣ (аз он 88 миллион доллар лоиҳаҳои мақсаднок ва 67 миллион доллар лоиҳаҳои дурнамо) ҷалб карда мешаванд. Дар назар аст, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии Ургут, ки дар маҳаллаи Тепа ҷойгир аст, ба маблағи 7 миллион доллар лоиҳаи корхонаи истеҳсолии бетони оҳандор ба кор андохта шавад.
Бар асоси имкониятҳои сармоягузорӣ ва иқтидори ноҳия, 20 пешниҳоди нави лоиҳаҳои дурнамо дар бахшҳои саноат, хидматрасонӣ ва хоҷагии қишлоқ, ки барои минтақа мувофиқанд, таҳия карда мешаванд ва 8 лоиҳаи бузург дар ноҳия пурра ба кор шурӯъ хоҳанд кард.
Умуман, ноҳия аз семоҳаи дуюм то охири сол дар доираи барномаҳои сармоягузории минтақавӣ 40 лоиҳаро роҳандозӣ ва 626 ҷойҳои корӣ таъсис медиҳад.
Пешбинӣ мешавад, ки дар моҳҳои апрел ва июл, интизор меравад, ки ҳайати ноҳия ба Хитой ва Туркия сафари расмӣ анҷом диҳад.
Дар саноат 19 лоиҳа ба маблағи 19,1 миллион доллар, дар соҳаи хидматрасонӣ 24 лоиҳа ба маблағи 46 миллион доллар ва дар соҳаи хоҷагии қишлоқ 4 лоиҳа ба маблағи 2,5 миллион доллар амалӣ карда мешаванд.
Имсол дар бахши сохтмон дар доираи лоиҳаи миллии «Макони сабз» сохтани 3 хонаи истиқоматӣ барои 127 хонадон, таъмири 3 бинои бисёрошёна ва шинонидани беш аз 1 миллион ниҳолу буттаҳо ба нақша гирифта шудаанд. Сохтмон, барқарорсозӣ ва таъмири 2 мактаби таълими миёна, 2 муассисаи таълимии томактабӣ ва 6 муассисаи тиббӣ анҷом дода мешаванд. Дар маҳаллаҳои Хӯҷақӯрғон ва Тортув 2,8 километр ҷӯйҳоро бетонӣ карда, 1 чароғаки роҳ ва 4,2 километр роҳравҳои пиёдагардон сохта мешаванд, инчунин 4 километр роҳ таъмир мегардад ва барои мактаби таълими умумии рақами 35 толори варзишӣ месозанд, 5 трансформатор, 340 сутуни такягоҳиро насб мекунанд ва 13 километр хатҳои барқӣ кашида хоҳанд шуд. Дар маҳаллаи Чархин 1 трансформатор насб карда шуда, 0,6 километр шабакаи барқ мекашанд, 0,3 километр роҳи пиёдагардон сохта, 12 чароғаки равшанидиҳанда насб мекунанд. Дар доираи лоиҳаи рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои деҳот 1 муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ, 4 мактаб ва 1 бинои поликлиникаи оилавиро аз нав месозанд. Ҳамчунин, таъмири 41 километр роҳҳои дохилӣ, насби 20 трансформатор, кашидани 60 километр нерӯи барқ, 58 километр оби нӯшокӣ ва сохтани 4 километр роҳҳои пиёдагард ба нақша гирифта шудаанд. 11 километр роҳҳои дохилӣ дар асоси барномаи «Аз камбизоатӣ ба сӯи шукуфоӣ» таъмир карда мешаванд. Аз ҳисоби барномаҳои дахлдор ва имкониятҳои молиявии дохилӣ 5 иншоот ва 100 километр шабакаи оби нӯшиданӣ сохта мешаванд, 11 насоси каммасрафи барқӣ дар иншооти оби нӯшиданӣ ва обҳои партов насб карда мешаванд. Дар натиҷаи ин корҳо, сатҳи таъминоти марказонидашудаи аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ то 75 дарсад ва сатҳи таъминот бо канализатсия то 15,2 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Дар ноҳия бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи муосири кишоварзӣ, 3021 гектар шолӣ бо усули «Шинжон» кишт хоҳад шуд. Дар давоми сол дар 3600 гектар замин технологияҳои сарфакунандаи об роҳандозӣ мешаванд.
Барои ҳосили соли 2026, дар 320 гектар майдонҳои асосӣ картошка ва дар 30 гектар заминҳои корами аз кишти барвақтӣ холишуда зироатҳои полизӣ мекоранд. Пешбинӣ мекунанд, ки аз ҳар гектари 6390 гектар зироатҳои ғалладона 90–95 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда шавад. Дар заминҳои корами холишуда аз ғалладона ва зироатҳои барвақтӣ, инчунин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ бар асоси тамоюли «Як маҳалла — як маҳсулот» 87,8 ҳазор тонна сабзавот парвариш карда мешавад.
Дар ноҳия афзоиши истеҳсоли гӯшт (бо вазни зинда) то 9 ҳазор тонна, истеҳсоли шир то 98 ҳазор тонна (103 дарсад), истеҳсоли паранда то 750 ҳазор сар (109,7 дарсад), истеҳсоли тухм то 42 миллион дона (100 дарсад) ба нақша гирифта шудааст. Дар самти рушди чорводорӣ лоиҳаҳо ба маблағи 7,3 миллиард сӯм ва дар самти парандапарварӣ лоиҳаҳо ба маблағи 3 миллиард сӯм амалӣ карда мешаванд.
Дар соҳаи тиб 55 ҳазору 466 нафар сокинони аз синни 40‑сола болои ноҳия барои саривақтӣ муайян кардани бемориҳои дилу раг ва диабети қанд аз муоинаи оммавӣ мегузаранд, гарданаки бачадони 10 ҳазору 617 нафар занҳои 35–55‑соларо аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд. 35 ҳазору 448 кӯдаки аз 2 то 10‑сола барои саривақтӣ муайян кардани гелминтоз ва 51 ҳазору 752 кӯдаки аз 3 то 18‑сола барои саривақтӣ муайян кардани бемориҳои онкогематологӣ аз муоинаи оммавӣ ва интихобӣ мегузаранд.
То охири сол шумораи корхонаҳое, ки дар соҳаи барномасозии компутерӣ фаъолият мекунанд, 3 адад афзоиш меёбад ва ҳаҷми хидматрасониҳое, ки ба резидентҳои IT-парк пешниҳод мешаванд, ба 60,5 миллиард сӯм мерасад.
Татбиқи ин лоиҳа ва нақшаҳо барои таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳия, таъмини ҷойҳои кории доимӣ барои шаҳрвандони бекор, роҳандозии имкониятҳои нав ва ба даст овардани барқарории иқтисодӣ заминаи муҳимро фароҳам меорад.
